Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 июни соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИИ 19 ИЮН

– Имрӯз дар Маҷористон марҳилаи муқаддимотии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бонувон дар  вазни ҷамъи 78 кг ва миёни мардон дар вазни ҷамъи 100 кг оғоз мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар вазни 100+ Темур Раҳимов намояндагӣ мекунад. Бозиҳои ниҳоӣ дар ин вазнҳо соати 19:00 баргузор мешаванд.

Рӯзи ҷумъаи 20-уми июн мусобиқот идома мекунад. Соати 11:00 марҳилаи пешакӣ байни дастаҳои омехта оғоз шуда, соати 19:00 қувваозмоиҳои ниҳоӣ баргузор мешаванд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 ИЮН

Соли 1962 – Дар Тоҷикистон нахустин анҷумани зиёиён баргузор шуд.

Соли 2014 – Додгоҳ Усмон Ғайратов, сарбози тоҷикро барои маъюб кардани ҳамхидмати худ – Шаҳбол Мирзоев, ки барои як умр маъюб шуд, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Шаҳбол Мирзоев дар пайи ин латукӯб баъди чанд сол даргузашт.

Соли 2013 – Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои хизматрасонии "ТОҶ СИТӢ" ифтитоҳ гардид.

Соли 2019 – Се наврас дар ноҳияи Рӯдакӣ Осия Шерзод, духтари 6-соларо оташ заданд. Пизишкон гуфта буданд, ки 65% бадани ӯ сӯхтааст ва барои зинда мондани ӯ 7 амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд.

Соли 2024 – Маҷлиси миллӣ қонуни “манъи идгардак ва либоси бегона”-ро қабул кард. Баъдтар 20-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар онро имзо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1946 – Зодрӯзи Муяссара Аминова, ҳунарпешаи театр ва синамо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муяссар Аминова

Муяссар Аминова фаъолияти ҳунариашро дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ оғоз кардааст. Ӯ як муддат дар Театри халқии Кӯлоб фаъолият карда, дар намоишномаҳои ин театр якчанд нақшҳои муассир иҷро намудааст.

Баъдтар, ба синамо ҷалб шуда, дар филмҳои “Оромӣ намешавад” нақши телефончӣ, “Замони осоишта”, нақши Азиза, “Ҳасани аробакаш” нақши Садаф, “Нисо” нақши муаллима Марямро бозидааст.

Ӯ баъдтар дар Комбинати  “Зайнабибӣ” ба фаъолият пардохта, то вазифаи мудирӣ расид ва солҳои 1995–1997 сардори Иттиҳодияи манзилу коммуналии заводи арматураи шаҳр Душанбе буд. Аз соли 1998 ба фаъолияти соҳибкорӣ пардохт.

Соли 1948 – Мавлуди Файзалӣ Ҳасанов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

МЕДИА (YOUTUBE)

Файзалӣ Ҳасанов яке аз фалаксароёни маъруфи тоҷик буда,аз шогирдони Одина Ҳошим дар ин ришта аст. Ӯ солҳо дар музофот фаъолият кардааст. Солҳо дар Театри халқии ноҳияи Ховалинг ҳунарпеша ва баъдан директор буд.

Соли 2004 ба пойтахт даъват шуда, роҳбари дастаи ҳунарии “Дарё” таъин мегардад. Баъдтар омӯзгор ва сарояндаи ансамбли давлатии “Фалак”, омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов буд.

Файзалӣ Ҳасанов ҳамчун фалакхони сабки роғӣ маъруф аст. Таронаҳои “Тоҷики ман зинда бош!”, “Ҳалқаи гесӯ”, “Шукрона бояд кард”, “Тоҷикистон Ватанам”, “Бе хоки Ватан”, “Зиндагӣ”, “Ман тоҷики деринаам”, “Ватандорӣ”, “Адаб аст” аз сурудаҳои маъруфи ӯ мебошанд.

Соли 1969 – Зодрӯзи Фаррух Додихудоев, раиси пешини ноҳияи Рӯшон.

Соли 1978 – Зодрӯзи Рамзия Мирзобекова, рӯзноманигори тоҷик.

Соли 2021 – Қурбоналӣ Абдураҳимзода, китобшиноси тоҷик, вазири пешини фарҳанг дар 56-солагӣ даргузашт.

.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии мубориза бо зӯроварии ҷинсӣ дар шароити низоъ таҷлил мегардад. Ин рӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкили зӯроварии ҷинсӣ дар замони низоъҳост. Зеро новобаста аз ангезаҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ё миллӣ, ин зуҳурот яке аз мушкилоти ҷиддии асри XXI боқӣ мемонад. Қурбониёни он бештар занон ва духтарони аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳофизатнашуда мебошанд.

19-уми июни 1862 Абраҳам Линколн, президенти ИМА қонуни бекор кардани ғуломдориро дар қаламрави ин кишвар имзо кард. 1-уми январи соли 1863 Эъломияи истиқлолиятро ба иҷро даромад, ки аз артиши иттифоуҳо даъват мекард, ғуломони заминдоронро озод кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо то анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ эъломия натиҷаи куллӣ надод, зеро ҷанбаи конститутсияи он мавриди баҳс қарор дошт. Танҳо моҳи декабри соли 1865 бо қабули тағйирот ба Конститутсияи ИМА ғуломдорӣ пурра манъ ва ба ғуломфурӯшӣ дар кишвар хотима дода шуд. Конвенсияи манъи комили ғуломдорӣ ва ғуломфурӯшӣ соли 1926 аз ҷониби Лигаи Миллатҳо қабул гардид.

19-уми июни соли 240-и то мелод донишманди маъруфи Юнони қадим Эратосфен бо истифода аз асбоби скафис (коса бо сӯзани дароз) кунҷи ҷойгиршавии Офтобро дар осмон чен кард ва аввалин шуда радиуси Заминро ҳисоб намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳисоботи ӯ вобаста ба навъи воҳиди ченкунӣ (стадия) фарқ мекард, яъне агар оҳиди ченаки юнонӣ (178 м) бошад, радиус 7082 км ва агар мисрӣ (172,5 м) бошад, радиус 6287 км буд. Имрӯз радиуси миёнаи Замин 6371 км муайян шудааст.

19 июн ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 2001 бо ташаббуси FIFA ва Бунёди кӯдакони СММ таъсис ёфтааст. Мақсад аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам оммавӣ намудани яке аз бозиҳои маъруфи ҷаҳон – футбол мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи байналмилалии сайругашт таҷлил мегардад. Ин рӯз як ҷашни ғайрирасмӣ ва рамзист, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳар сол таҷлил карда мешавад. Гарчанде ки ин ид аз ҷониби СММ ё созмонҳои байналмилалӣ расман эътирофшуда нест, он бештар ҳамчун як ташаббуси иҷтимоӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва наздикӣ ба табиат маъруф аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, хокбориш ппешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 39+44º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 19+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 40+42º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 40+42º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...