Корея 600 тоҷикро ба кор даъват мекунад. Маош чанд, чӣ талабот дорад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Тоҷикистон 600 шаҳрванди кишварро барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, кор дар сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо мебошад.   Талабот чӣ аст? Манбаъ навиштааст, ки талабот барои довталабон чунин аст: – аз 18 то 39-сола; – донистани забони кореягӣ дар сатҳи муошират; – доштани шаҳодатномаи […]

Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Тоҷикистон 600 шаҳрванди кишварро барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, кор дар сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо мебошад.

 

Талабот чӣ аст?

Манбаъ навиштааст, ки талабот барои довталабон чунин аст:

– аз 18 то 39-сола;

– донистани забони кореягӣ дар сатҳи муошират;

– доштани шаҳодатномаи тахассусӣ;

– надоштани доғи судӣ;

– солим будан аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ.

Аз ин ниҳод гуфтанд, маош то 4 ҳазор доллар вобаста ба касбу кор муайян шудааст.

“Музди меҳнат барои кафшергарӣ аз 3 то 4 ҳазор доллар барои дигар касбу кор аз 1,5-2 ҳазор доллар музди меҳнат оғоз мешавад. Хароҷоти то рафтан ба Корея аз сӯи худи коргар пардохт мегардад. Баъди расидан ба ин кишвар аз ҷониби корфармои кореягӣ тамоми хароҷоти коргар аз ҷумла ҷойи хоб, хӯрду хӯрок таъмин мегардад”,- гуфтанд аз Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ба “Азия – Плюс”.

 

Ба куҷо муроҷиат бояд кард?

Хоҳишмандон бояд худро пешакӣ дар Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа сабти ном кунанд. Пеш аз сабти ном сатҳи забондонии довталаб тариқи сӯҳбат санҷида мешавад. Дар идома аз имтиҳонҳои тахассусӣ, мусоҳиба ва тестҳои “EPS TOPIK” мегузаранд.

Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ба шаҳрвандон гуфтааст, ки барои машварат ва сабти ном ба суроғаҳои зерун муроҷаит  ва ба телефонҳои зерин занг зананад:

кӯчаи Лоҳутӣ, 108;

– 221-39-67,

– +992 555 55 10 80,

– +992 98 790 66 66,

– +992 91 331 71 71

Инчунин аҳолӣ дар минтақаҳо метавонанд ба шуъбаҳои ин ниҳод дар суроғаҳои зерин муроҷаит кунанд:

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои 2А, +992 92 807 99 99;

шаҳри Бохтар, кӯчаи Файзали Саид, 69, +992 90 580 00 63, +992 93 487 88 28;

– шаҳри  Хоруғ, кӯчаи Н. Атобек, 1, +992 93 510 14 39.

 

Тақрибан 30 нафар аз имтиҳон гузаштанд

Аз Оҷонсӣ гуфтанд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо ин кишвар, чанде пештар 27 довталаб аз имтиҳони кор ба Корея гузаштанд ва интизор меравад рӯзҳои наздик ба ин кишвар раванд.

“Аз 27 то 29-уми май, дар шаҳри Душанбе, дар ҳамкорӣ бо “HRDK EPS Center “ имтиҳонҳои тахассусӣ, мусоҳиба ва тестҳои “EPS TOPIK” баргузор шуданд. Рӯзи 13-уми июн натиҷаи он маълум гардид. Аз 31 нафаре, ки иштирок карданд 27 нафари онҳо аз имтиҳон гузаштанд ва қабул гардиданд”,-гуфтанд аз Оҷонсӣ.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея 31-уми октябри соли гузашта ба имзо расид.

Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин созишнома байни Тоҷикистону Корея шиддати бекорӣ дар кишвар паст карда шуда, бозори нави меҳнатӣ пайдо мешавад.

То ҳол чанд гурӯҳи муҳоҷирон  аз Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ рафтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.