Нашри ҷилди 11-уми Энсиклопедияи миллии тоҷик. Он кадом маълумотро дар бар мегирад?

Дар Тоҷикистон ҷилди 11-уми Энсиклопедияи миллии тоҷик ба нашр расидааст. Ин ҷилд аз рӯйи тартиби алифбо калимаҳои аз “косон” то “қурбон”-ро фаро гирифта, аз 664 саҳифа бо тасвирҳо иборат аст. Некрӯз Сафарзода, муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ҷилди нави ин донишнома 1958 мақола ҷой дода шуда, дар таҳияи он донишмандону […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҷилди 11-уми Энсиклопедияи миллии тоҷик ба нашр расидааст. Ин ҷилд аз рӯйи тартиби алифбо калимаҳои аз “косон” то “қурбон”-ро фаро гирифта, аз 664 саҳифа бо тасвирҳо иборат аст.

Некрӯз Сафарзода, муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ҷилди нави ин донишнома 1958 мақола ҷой дода шуда, дар таҳияи он донишмандону муҳаққиқони тоҷик заҳмат кашидаанд.

Он соли 2024 ба нашр супорида шуда буд ва бо теъдоди 5 ҳазор нусха нав аз чоп баромад.

“Маъмулан китобҳои бисёрсаҳифа ва адади нашрашон зиёд дар матбааҳо вақти бештарро барои саҳифабандӣ ва муқовасозӣ мегиранд”, – иброз дошт номбурда.

Ин донишнома санади муътамади илмӣ буда, дар бораи таърих, адабиёт, фарҳанг, санъат, ҷуғрофиё ва ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва симоҳои барҷастаи миллати тоҷик ва ҷаҳон маълумоти муфассал медиҳад.

Гуфта мешавад, ки “он дастоварди бузурги фарҳангии кишвар дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик аст”.

Ҷилди 11-уми Энсиклопедияи миллии тоҷик ҳамакнун дар китобхонаҳои кишвар ва фурӯшгоҳҳои китоб дастрас аст.

Ёдрас мешавем, ки ҷилди 10-уми ин донишнома соли 2022 дастраси мардум гардид ва калимаҳои аз “кашиш” то “косон”-ро дарбар мегирифт. Он аз 664 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба нашр расида буд.

Энсиклопедияи миллии тоҷик  донишномаи миллии бисёрҷилдаи Тоҷикистон аст, ки сар аз соли 2008 таълифу тадвинаш дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар ин донишнома пиромуни таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф маълумот дарҷ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.