Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ. Дар ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз кадом иншоот ба истифода дода шуд?

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 26-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар доираи сафари худ ба ВМКБ ба ноҳияи Рӯшон рафт. Ӯ дар ин ноҳия як зеристгоҳ ва 4 нерӯгоҳи барқии обӣ, гармхона, пайкараи Исмоили Сомонӣ ва коргоҳи маҳсулоти ширию нониро ифтитоҳ кард.

Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, нахуст дар ноҳияи Рӯшон зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтаи Ҷангал ба истифода дода шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ зеристгоҳи барқии 110/35/10 барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст.

Зеристгоҳ дорои ду трансформатор бо иқтидори 4 ҳазор киловолт-ампер аст. Он дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд гардида, 2 хатти воридотии 110 киловолта, 4 хатти баромади 35 киловолта ва 4 хатти баромади 10 киловолта дорад.

Гуфта мешавад, ки зеристгоҳ ба таври фосилавӣ аз шаҳри Хоруғ идора карда мешавад.

“Ин иншооти муҳим дар ноҳияи Рӯшон барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии кишвар сохта шудааст”,-навиштааст дафтари матбуоти раиси ҷумҳур.

Дар ҳошияи ба истифода додани кори ин зеристгоҳ, инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 4 нерӯгоҳи барқии обии хурд ба таври маҷозӣ ширкат кард.

Нерӯгоҳҳо дар деҳаҳои Аҷирх, Равмед ва Миденчини ноҳияи Рӯшон ва Ёгеди ноҳияи Дарвоз сохта шудааст. Гуфта мешавад, ки неругоҳи Ёгед бо харҷи 4 миллиону 160 ҳазор сомонӣ сохта шуда 121 хоҷагии ин деҳаро бо барқ таъмин мекунад.

Се неругоҳи дигар дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст.

Дар идома раиси ҷумҳур як гармхонаро ифтитоҳ карда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия боздид кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ гармхонаро соҳибкор Руслан Сайнаков дар масоҳати 0,64 гектар бунёд кардааст. Дар гармхона 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Гармхона аз 6 қисм иборат буда, дар 1 сол имкони истеҳсоли 30 тонна сабзавоти гуногунро дорад. Дар гармхона бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ парвариш меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон аз рӯйи пайкараи Исмоили Сомонӣ парда бардоштааст. Баландии ин пайкара 7 метр ва зерпояи он 5 метрро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, пайкараи Исмоили Сомонӣ бо маблағгузории ҳукуматҳои ВМКБ ва ноҳияи Рӯшон дар масоҳати умумии 1000 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Дар атрофи пайкара гулҳои рангоранг ва дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудааст.

Дар идома бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нон ҶДММ “Ганҷи Рӯшон” ифтитоҳ гардид.

Гуфта мешавад, ки дар коргоҳ истеҳсоли зиёда аз 5 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғот, чака ва маска ба роҳ монда шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ корхона аз ҷониби соҳибкор Мулкибек Сафарбеков сохта шуда таҷҳизоту дастгоҳҳо аз хориҷа ворид гардидаанд. Корхона дар як моҳ иқтидори истеҳсоли то 30 тонна маҳсулоти шириро дорад.

Дар корхона 10 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Бояд гуфт, ки сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ субҳи дирӯз, 25-уми июн аз ноҳияи Ванҷ оғоз шуд ва баъди боздид аз ин ноҳия, роҳбари давлат дар ноҳияи Дарвоз як қатор корхонаву иншоотиро боз карда, бо ятимону кӯдакони имконияташон маҳдуд мулоқот кард.

Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур дар ин дидор ба ятимону кӯдакон сару либос, кӯмаки молиявӣ ва шириниҳо супорида шуд.

Дар идома Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ бо иштироки раиси ҷумҳур ифтитоҳ гардид, ки он бо маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Иқтидори фермаи бузи ширдеҳ 72 тонна шир дар як сол мебошад. Гуфта мешавад, ки дар ферма 10 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мегарданд.

Дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз, ҳамчунин, маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” ба истифода дода шуд.

Манбаъ гуфтааст, ки ин марказ 8 сервери асосӣ дорад, ки арзиши онҳо 40 ҳазор доллар мебошад.

Инчунин дар ин ноҳия хоҷагии моҳипарварии ҶДММ “Тоҷ-Корея”, комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” ба истифода дода шуд.

Масоҳати замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ беш аз 3 гектарро ташкил дода, дар як сол имкони истеҳсоли 200 тонна гушти моҳиро дорад. Ҳоло дар хоҷагӣ 20 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳавзҳои калони хоҷагӣ наздики 100 ҳазор моҳӣ парвариш меёбанд. Комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта шудааст. 

Иншооти мазкур дар як вақт имкони хизматрасонӣ ба зиёда аз 100 меҳмонону сайёҳонро дорад. Дар инҷо зиёда аз 40 сокини деҳаи Зев ба кор таъмин шудаанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ се рӯз идома карда, ӯ ҳамчунин, дар таҷлили ҷашни ваҳдати миллӣ, ки дар Хоруғ рӯзи 27-уми июн баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...