Ифтитоҳи зеристгоҳи “Ҷангал” дар Рӯшон ва оғози сохтимони зеристгоҳи “Қозидеҳ” дар Ишкошим

Тоҷикистон дар ВМКБ барои васеъ намудани шабакаҳои барқии минтақавӣ ва таҳкими робитаи миёнмарзӣ иншооти муҳими энергетикиро ба кор медарорад. Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон дар самти анҷоми ташаккули шабакаи минтақавии барқ ​​дар ВМКБ як қадами муҳим гузошт: ба кор андохтан ва бунёди иншооти асосии инфрасохторӣ, ки ба баланд бардоштани устувории энергетикии минтақа ва рушди робитаҳои миёнмарзӣ нигаронида […]

Маводи шарикон

Тоҷикистон дар ВМКБ барои васеъ намудани шабакаҳои барқии минтақавӣ ва таҳкими робитаи миёнмарзӣ иншооти муҳими энергетикиро ба кор медарорад.

Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон дар самти анҷоми ташаккули шабакаи минтақавии барқ ​​дар ВМКБ як қадами муҳим гузошт: ба кор андохтан ва бунёди иншооти асосии инфрасохторӣ, ки ба баланд бардоштани устувории энергетикии минтақа ва рушди робитаҳои миёнмарзӣ нигаронида шудаанд.

Ин рӯйдоди муҳим дар деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон дар сатҳи баланд – таҳти сарварии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Сафорати Олмон дар Душанбе, Бонки Олмонии Рушд (KfW) ва  Ширкати “Помир Энерҷӣ” иштирок доштанд.

Маросими ифтитоҳ ду рӯйдоди муҳимро дар бар гирифт:

– Ифтитоҳи зеристгоҳи 110/35/10 кВ-и “Ҷангал” дар ноҳияи Рӯшон (бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо) ва 53 км хати интиқоли барқи 110 ва 35 кВ “Хоруғ – Вомар”, ки бо дастгирии Фонди ПАТРИП бунёд гардидааст;

– Оғози тантанавӣ ба сохтмони зеристгоҳи 110/35 кВ “Қозидеҳ” дар ноҳияи Ишкошим ва хати интиқоли барқи 110 ва 35 кВ “Вомар-Вознавд” ба масофаи 42 километр (бо маблағгузории ИА).

 

Ин лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо, Вазорати федеролии хориҷии Олмон тавассути Бонки KfW ва Хазинаи PATRIP маблағгузорӣ карда шуда, тавассути Бунёди Оғохон (Бритониё) равона карда мешаванд. Лоиҳаро Ширкати “Помир Энерҷӣ” амалӣ мекунад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: “Ин зерсохтор танҳо оҳану сим набуда, замина барои амнияти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Он ҷамоатҳоро ба манбаи боэътимод ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия пайваст намуда, ВМКБ-ро ба системаҳои энергетикии миллӣ ва фаромарзӣ муттаҳид мекунад”.

Иншооте, ки ба кор андохта шудаанд ва иншооте, ки сохтмони онҳо пешбинӣ гардидааст, дар роҳи ба анҷом расондани ташаккули шабакаи минтақавии энергетикии ВМКБ қадами муҳим мебошанд. Маблағгузориҳои мазкур сифат ва эътимоднокии таъминоти нерӯи барқро барои ҳазорон истеъмолкунандагон, коҳиш додани сатҳи талафоти техникӣ ва устувории шабакаҳоро ба хатарҳои иқлимӣ ва офатҳои табиӣ дар минтақае, ки дастрасии мавсимӣ маҳдуд аст, тақвият мебахшанд.

Раймундас Кароблис-роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон: “Рӯйдоди имрӯза тасдиқи садоқати қавӣ ва дарозмуддати Иттиҳоди Аврупо ба устувории иқлим, рушди фарогир ва дастрасӣ ба қувваи барқ мебошад. Дар ҳамдастӣ бо шарикони худ мо ба инфрасохторе сармоягузорӣ мекунем, ки ба ҷомеаҳо тавоноӣ мебахшад”.

Дастгирии Бунёди “PATRIP” ба бунёди хати интиқоли барқи “Хоруғ-Вомар” сармоягузориҳои Иттиҳоди Аврупоро тавассути таҳкими инфрасохтори энергетикӣ пурра мекунад, ки на танҳо равобити дохилиро тақвият мебахшад, балки барои тиҷорати ояндаи нерӯи барқ ​​бо шимоли Афғонистон замина мегузорад.

 

“Эҷоди системаҳои боэътимод ва муосири энергетикӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ барои субот ва шукуфоии муштарак муҳим аст. Мо аз он хушҳолем, ки дар бунёди инфрасохторе, ки ба сокинони деҳаҳои дурдасти сарҳадӣ манфиатҳои дарозмуддат меорад, саҳм мегузорем",-мегӯяд Александр Бёр, раиси Шӯрои Бунёди “PATRIP”.

“Помир Энерҷӣ” ширкати пешсафи минтақавӣ дар таъмини дастрасӣ ба қувваи барқи тоза буда, масъули амалисозии ҳамаи ҷузъҳои ин барнома мебошад.

“Ин лоиҳаҳо моро ба таъсиси шабакаи ягонаи минтақавии энергетикии устувор наздик мекунанд. Онҳо инчунин имкониятҳои моро дар таъмини истеъмолкунандагон бо нерӯи барқи боэътимод ва самараноктар тақвият медиҳанд”, – гуфт Амрихон Раимов, директори генералии Ширкати “Помир Энерҷӣ”.

Ин ташаббуси бисёрҷониба як модели муваффақи ҳамкории ҳукумат, маблағгузорон ва бахши хусусиро нишон медиҳад, ки ба ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар яке аз дурдасттарин ва душвортарин минтақаҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.

МАЪЛУМОТНОМА

“Помир Энерҷӣ” (“Pamir Energy”) дар намуди шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) таъсис дода шуда, як ширкати муттаҳидаи энергетикӣ мебошад, ки дар ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ширкати «Помир Энерҷӣ»як қисми хизматрасонии пешбурди саноатӣ (IPS) – Шӯъбаи саноатӣ ва инфрасохтории Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.