То 15 ҳазор сомонӣ. Дар Тоҷикистон маблағи сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ду баробар зиёд мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи қарореро ба порлумон ирсол кардааст, ки мувофиқи он маблағи боҷи давлатӣ барои сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар ду баробар зиёд мешавад. “Азия-Плюс” бо нусхаи ин санад шинос шуда, ҷузъиёти пешниҳодҳои ҳукуматро маълум кард. Ин тағйирот, ки дар сурати қабул шудан эътибор пайдо мекунад, бори молиявиро бар дӯши […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи қарореро ба порлумон ирсол кардааст, ки мувофиқи он маблағи боҷи давлатӣ барои сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар ду баробар зиёд мешавад.

“Азия-Плюс” бо нусхаи ин санад шинос шуда, ҷузъиёти пешниҳодҳои ҳукуматро маълум кард. Ин тағйирот, ки дар сурати қабул шудан эътибор пайдо мекунад, бори молиявиро бар дӯши ташкилоти гуногун афзоиш хоҳад дод.

Мувофиқи ин лоиҳа, боҷи давлатӣ барои бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ аз 50 нишондиҳандаи ҳозира (3 ҳазору 750 сомонӣ) ба 100 нишондиҳанда (7 ҳазору 500 сомонӣ) боло бурда мешавад.

Барои сабтиноми созмонҳои байналмилалӣ ё намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон, боҷи давлатӣ аз 100 нишондиҳанда (7 ҳазору 500 сомонӣ) ба 200 нишондиҳанда (15 ҳазор сомонӣ) афзоиш хоҳад ёфт.

Ташкилоти ҷамъиятӣ низ аз ин тағйирот канор нахоҳанд монд, зеро маблағи сабтиноми онҳо аз 10 нишондиҳанда ба 20 нишондиҳанда зиёд карда мешавад.

Ғайр аз ин, тарҳи мазкур пешбинӣ мекунад, ки вакилони дифоъ низ барои сабтином дар Вазорати адлия маблағи бештар пардохт хоҳанд кард. Аз ҷумла, бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳо аз 15 ба 30 нишондиҳанда ва мақоми минтақавии ин ташкилот аз 10 ба 20 нишондиҳанда боло бурда мешавад. Вакилоне, ки мехоҳанд бюрои адвокатӣ таъсис диҳанд, ба ҷойи 8 нишондиҳандаи ҳозира, акнун 16 нишондиҳанда месупоранд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар сол метавонад тағйир ёбад. Дар ҳоли ҳозир, арзиши як нишондиҳанда 75 сомониро ташкил медиҳад.

Дар бораи афзоиши сабтином ба таври комил аз тасвирбаёнҳои “Азия-Плюс” маълумоти дақиқ гирифта метавонед.

 

 

Афзоиши боҷи давлатӣ чӣ паёмад дорад?

Дар ҳоле ки ҳукумат сабабҳои афзоиши ин боҷҳоро ба таври расмӣ шарҳ надодааст, масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ин иқдом метавонад барои ташкилоте, ки захираҳои молиявии маҳдуд доранд, мушкилот эҷод кунад.

Дар се соли охир дар Тоҷикистон дастикам 1000 созмонҳои ҷамъиятӣ барҳам хӯрдааст. Ба гуфтаи як масъули созмони ҷамъиятӣ, ки нахост номаш зикр шавад, болоравии боҷ барои сабтином (ё азнавбақайдгирӣ) барои ташкилоти ҷамъиятӣ, бахусус онҳое, ки аз грантҳои хориҷӣ вобастагӣ доштанд ва ҳоло бо камбуди маблағ рӯ ба рӯ ҳастанд, метавонад монеаи ҷиддӣ эҷод кунад.

Ба ақидаи ӯ, ин метавонад боиси кам шудани шумораи ташкилоти ҷамъиятӣ ва маҳдуд шудани фаъолияти онҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кӯмаки иҷтимоӣ, рушди ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқ гардад.

“Чанд соли охир чандин ташкилоти ҷамъиятӣ бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонданд. Ин тағйирот боз як сабаби дигаре шуда метавонад, ки даҳҳо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳатто сабтином нашаванд ва ё аз кор монанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи коршиносон, ду баробар афзудани сабтиноми созмонҳои байналмилалӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳам паёмадҳои нигаронкунанда дорад. Дар зарфи 20 соли охир дар Тоҷикистон ҳизби нави сиёсӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ғайр аз ин, дар як даҳсолаи охир чанд ташкилоти маблағгузори байналмилалӣ фаъолияташонро дар Тоҷикистон қатъ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.