Монеаи аслии мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон чист ва барои бартараф кардани он чӣ бояд кард?

Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми июн дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии пуштибонӣ аз қурбониёни шиканҷа таҷлил мегардад. Ҳамасола даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон зимни боздошт ё бозпурсӣ аз шиканҷа шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад намуда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба кормандони милиса парванда боз мекунанд.

Ба муносибати ин рӯз, мо бо Хушбахт Исоев мутахассиси ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷаи созмони ҷамъияти “Дунëи ҳуқуқ”, ки узви Эътилофи зиддишиканҷа дар Тоҷикистон аст, дар бораи вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф  кардани он гуфтугӯ кардем.

 

 

Шиканҷа махсусан ҳангоми боздошт ҷой дорад

– Вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон дар чанд соли охир чӣ гуна тағйир ёфтааст? Яъне, ба кадом самт равона аст: беҳтар мешавад ё бадтар?

– Вазъи шиканҷа дар солҳои охир ба тарафи мусбат ҳаракат мекунад. Мисоли ин афзоиши шумораи тафтишоти расмӣ, боз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ва аз тарафи додгоҳ баровардани ҳукмҳо бо парвандаҳои марбут ба шиканҷа аст. Ҳамчунин, қонунгузорӣ дар ин самт тақвият ёфта, таваҷҷуҳи сохторҳои байналмилалӣ бештар мешавад.

Дар 2-3 соли охир вазъ ҳам дар соҳаи қонунгузорӣ ва ҳам дар санҷиши ҳолатҳои шиканҷа тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Вале дар амал шиканҷа ҳоло ҳам ҷой дорад, махсусан ҳангоми боздошти шаҳрвандон.

– Дар як соли охир дар робита ба шиканҷа ба Эътилофи зиддишиканҷа чанд шикоят ворид шуд?

– Дар  соли 2024 ва 6 моҳи соли 2025 аз ҷониби Эътилофи зиддишиканҷа аз болои ниҳодҳои Тоҷикистон 25 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст. Шикоятҳо аз болои кормандони ин сохторҳо буд:

– Вазорати корҳои дохилӣ – 17 ҳолат;

– Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 4 ҳолат;

– Агентии зиддифасод – 1 ҳолат;

– Агентии зиддинашъа – 1 ҳолат;

– Додситонии кулл – 1 ҳолат.

Аз ин, ба 11 нафар ҳимоятгар ҷудо гардида, ба 14 тани дигар хидматрасонии роҳнамоии ҳуқуқӣ расонида шудааст. Ҳамчунин, ба муроҷиаткунандагон 102 маслиҳати шифоҳӣ дода шуда, аз номи онҳо 72 ҳуҷҷати мурофиавӣ ба мақомотҳои дахлдор тартиб дода шудааст.

Бояд таъкид кард, ки дар ҳамаи ҳолатҳои шикоят оид ба шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ боз намегардад, ҳолатҳое ҳам пеш меояд, ки шиканҷа исботи худро намеёбад ва рад мешавад.

Аз шумораи умумии шикоятҳо, 11 нафар аз вилояти Суғд, 6 тан аз шаҳри Душанбе, 4 кас аз шаҳру навоҳии тобеи марказ ва 4 нафар аз ВМКБ буданд.

– Дар як соли охир оё касе аз кормандони мақомот барои шиканҷа аз сӯйи додгоҳҳои кишвар ҷазо гирифтааст?

– Дар асоси шикоятҳои қурбониёни шиканҷа, мақомоти Тоҷикистон 5 парвандаи ҷиноятии нав кушодаанд. Илова бар ин, як парвандаи дигар фаъол карда шуд, ки қаблан 7 сол боз гардида аз сабаби фикрор кардани  айбдоршаванда дар баррасӣ набуд. Баъди дастгир шудани гумонбар парванда дубора фаъол гардид.

Баъзе аз айбдоршавандаҳо аллакай ҳукми додгоҳро гирифта, зиндонӣ шуданд. Баъзе парвандаҳои дигар ҳанӯз дар марҳилаи баррасии додгоҳӣ қарор доранд ва интизори ҳукм мебошанд.

 

Бо кадом роҳ метавон шиканҷаро аз байн бурд?

– Иловаи банди алоҳида дар Кодекси ҷиноятӣ ва сахттар шудани муҷозот барои шиканҷа, то куҷо вазъро ислоҳ ва ба коҳиши он мусоидат кардааст? 

– Он дар ҳақиқат таъсири мусбӣ расонид. Ҳоло имкон пайдо шудааст, ки шиканҷаро на ҳамчун “баромадан аз ҳади ваколатҳои мансабӣ” (моддаи 316 КҶ), балки ҳамчун ҷинояти шиканҷа тибқи моддаи алоҳида баҳо диҳанд.

Шадидтар шудани ҷазо ва ворид намудани моддаи алоҳида дар бораи шиканҷа, бешубҳа, як такони ҳуқуқии муҳим барои мубориза бо ин падида гардид. Вале ҳанӯз ҳамчун роҳи ҳалли низомӣ, масъалаи шиканҷаро ҳал накардааст. Яъне, бидуни ислоҳоти амиқи низоми тафтишот, додситонӣ, назорат ва механизмҳои ҳимоя, онҳо наметавонанд ба коҳиши густурдаи шиканҷа оварда расонанд.

– Муассиртарин роҳи мубориза бо шиканҷа чӣ аст ва то куҷо дар Тоҷикистон аз он истифода мекунанд?

– Самараноктарин роҳи мубориза бо шиканҷа, мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои СММ, таъсиси як механизми мустақил ва самараноки назорати пешгирикунанда ва вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои шиканҷа мебошад.

Чораҳои дигари самаранок бар зидди шиканҷа механизми мустақили таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷаро дар бар мегирад, то ки парвандаҳои вобаста ба шиканҷа аз ҷониби як сохтори беғараз ва мустақил таҳқиқ шаванд. Сабти видеоии ҳатмии бозпурсӣ ва нигоҳдорӣ низ яке аз чораҳои зарурӣ мебошад.

Назорати видеоӣ дар ҳуҷраҳои бозпурсӣ ва шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шавад ва дар ин ҳол камераҳо бояд барои нест ё сохтакории маълумот дастнорас бошанд. Санҷишҳои ногаҳонии мунтазам дар ҷойҳои нигаҳдории дастгиршудагон ва дигар муассисаҳои пӯшида гузаронида шавад.

Мунтазам ташкили тренингҳои омузишӣ вобаста ба шиканҷа байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, боздоштшудагону маҳбусон ва дигарон низ аз ҷумлаи чораҳои муҳим мебошад. Ин ҳамаи тадбирҳо якҷоя системаи пурраи муҳофизат ва пешгирии шиканҷаро таъмин карда метавонанд.

– Монеаи аслии мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон чӣ аст ва чаро он то ҳол бартараф нашудааст?

Адами механизми мустақил ва самараноки тафтишу назорат монеи аслии мубориза бо шиканҷа аст. Махсусан, дар марҳилаи боздошт ва тафтиши пешакӣ.

Ҳамзамон, шикоятҳо дар бораи шиканҷаро ҳамон мақомот таҳқиқ мекунанд, ки кормандони онҳо гумонбар дониста мешаванд, ки ин манфиатдории ошкор ва сарчашмаи беҷазоӣ мебошад.

Дар ин ҳолат далелҳо пинҳон карда мешаванд, шоҳидон тарсонда мешаванд ва хулосаҳои табибон сохтакорӣ мешаванд. Парвандаҳо аз "шиканҷа" ба "баромадан аз ваколатҳои мансабӣ" тағйир дода мешаванд, ки ҷазои сабуктар дорад. Додситонҳо намехоҳанд бо кормандони дигар мақомот муносибатро бад кунанд.

Шахсони шиканҷашуда ва наздиконашон бинобар таҳдид, фишор ва беэътимодӣ ба адолати додгоҳӣ метарсанд шикоят кунанд. Ба боздоштшуда ё хонаводаи ӯ фишор оварда мешавад, то аз ҳимоятгар даст кашанд. Баррасии парвандаҳо оид ба шиканҷа беасос тӯл кашонда мешаванд. Ҳамаи ин боиси бартараф нашудани шиканҷа дар кишвар мешаванд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...