Дастрасӣ ба нерӯи барқ. Ифтитоҳи иншооти муҳими барқтаъминкунӣ дар ВМКБ

Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи иншооти нав дар доираи Лоиҳаи “Электрификатсияи деҳоти Тоҷикистон” (“TREP”), ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштирок кард. Ин чорабинӣ як қадами муҳим дар роҳи дастрасии ҳамагон ба нерӯи устувори барқ ​​дар деҳаҳои дурдаст ва душворгузари вилоят гардид. Дар ҷараёни маросими маҷозӣ системаҳои энергетикии автономӣ расман […]

Маводи шарикон

Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи иншооти нав дар доираи Лоиҳаи “Электрификатсияи деҳоти Тоҷикистон” (“TREP”), ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштирок кард. Ин чорабинӣ як қадами муҳим дар роҳи дастрасии ҳамагон ба нерӯи устувори барқ ​​дар деҳаҳои дурдаст ва душворгузари вилоят гардид.

Дар ҷараёни маросими маҷозӣ системаҳои энергетикии автономӣ расман ба истифода дода шуданд, ки барои таъмини нерӯи барқи тоза ва боэътимод ба деҳаҳое, ки қаблан аз шабакаи барқ берун буданд, пешбинӣ шудаанд.

Ба қатори иншооти нав нерӯгоҳҳои барқи обии хурди  “Равмед” (100 кВт) ва “Аҷирх” (50 кВт) дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва инчунин НБО-и “Ёгед” (276 кВт)  дар ноҳияи Дарвоз дохил мешаванд.

Ин системаҳои хурди энергетикӣ ба таври автономӣ аз шабакаи марказонидашуда бево-сита кор мекунанд ва барои бо қувваи барқ таъмин намудани деҳаҳое пешбинӣ карда шудаанд, ки сокинони онҳо то ҳоло аз сабаби душворгузар будани мавқеи ҷойгиршавӣ ва дурӣ аз хатҳои интиқоли барқи мавҷуда ба қувваи барқ дастрасӣ надоштанд.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: “Ифтитоҳи иншооти имрӯза моро ба расидан ба ҳадафи стратегии – барқикунонии пурраи ВМКБ наздиктар мекунад. Ин лоиҳаҳо шаҳодати он мебошанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои худ ҷиҳати амалисозии принсипи рушди фарогир ва устувор содиқ мебошад. Мо саъй бар он мекунем, ки ягон деҳа аз неъматҳои муосири тамаддун бе дастрасӣ намонад”.

 

Лоиҳаи “Электрификатсияи деҳоти Тоҷикистон” (“TREP”) муваффақиятҳои қаблан ба дастомадаро идома медиҳад. Дар соли 2021 Ширкати “Помир Энерҷӣ” бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ 27 маҳаллаи дурдасти вилоятро ба шабака пайваст кард, ки беш аз 4400 нафарро фаро гирифтааст. Ин ҳаҷми барқикунонии вилоятро ба 98 фоиз расонд ва барои пешравии минбаъда заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.

Лоиҳаи мазкур ба “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030” мувофиқ мебошад. Инфрасохтори нави энергетикӣ на танҳо сифати ҳаёти маскунонро беҳтар мекунад, балки барои даст кашидан аз истифодаи сӯзишвории биологии зараровар, беҳбудии соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат мекунад.

“Бо таъмин намудани дастрасии сокинон ба қувваи барқ дар ВМКБ, мо ба ҳалли устувор ва боэътимоди масъалаҳои ҷомеа диққат медиҳем, ки онҳо имкониятҳои ин ҷомеаҳоро васеътар мекунанд. Таъсиси системаҳои шабакаи автономӣ ҷавоби мо ба мушкилоти ҷуғрофӣ ва роҳи таъмини нерӯи барқ ​​барои ҳатто дурдасттарин маҳаллаҳои аҳолинишин аст. Ин лоиҳаҳо дурнамои нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро мекушоянд”, – гуфт Фарида Мамадасламова, мутахассиси калони соҳаи энергетикаи Бонки ҷаҳонӣ ва менеҷери лоиҳаи “TREP”.

Дар назар аст, ки то охири соли 2025 дар ВМКБ боз 35 маҳаллаи аҳолинишин бо барқ ​​таъмин карда шуда, имконият фароҳам меояд, ки беш аз 7600 нафар сокинон бо нерӯи барқ ​​таъмин гардида, минтақаро ба таъмини пурраи барқ наздиктар созад.

 

Амрихон Раимов-Директори генералии Ширкат: “Помир Энерҷӣ” ба рисолати худ содиқ аст, ки ба ҳар як хонадони ВМКБ, новобаста аз дурӣ ва душворгузарии мавзеи зиндагиашон, равшанӣ ва гармиро таъмин намояд. Нақша дорем, ки то охири соли ҷорӣ боз 10 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ, 28 нерӯгоҳи офтобӣ ва як турбинаи бодиро мавриди истифода қарор диҳем”.

Дар маҷмӯъ лоиҳаи “TREP” таъмин намудани беш аз 31500 нафар аҳолии 74 маҳаллаи аҳолинишини вилояти Хатлон ва беш аз 12000 нафар аҳолии 61 деҳаи ВМКБ-ро бо қувваи барқ ​​ба нақша гирифтааст, ки саъю кӯшиши ҳукумати Тоҷикистонро барои таъсиси системаи дастрас, устувор ва фарогир дар саросари кишвар тасдиқ мекунад.

МАЪЛУМОТНОМА

“Помир Энерҷӣ” (“Pamir Energy”) дар намуди шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) таъсис дода шуда, як ширкати муттаҳидаи энергетикӣ мебошад, ки дар ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ширкати «Помир Энерҷӣ»як қисми хизматрасонии пешбурди саноатӣ (IPS) – Шӯъбаи саноатӣ ва инфрасохтории Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.