ЧОРАБИНИҲОИ 26 ИЮН
– Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Бадахшон имрӯз низ идома дорад. Ӯ дирӯз бо мақсади ширкат дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ба ВМКБ рафт ва дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз як қатор роҳу иншоотро ба истифода дод. Қарор аст, ки ин сафар 3 рӯз идома кунад ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар ҷашни Ваҳдат ширкат кунад.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик идома дорад. Маросими ифтитоҳии намоигоҳ дирӯз доир гардид ва қарор аст, ки намоишгоҳ як ҳафта идома кунад. Алоқамандон метавонанд давоми ин рӯзҳо аксҳои ӯро тамошо ва харидорӣ кунанд.
– Имрӯз ҳарифони тими миллии футзали кишвар дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян мешаванд. Қуръакашии ин марҳилаи мусобиқа дар ин рӯз баргузор шуда, 30 дастаи осиёӣ ба 8 гурӯҳ тақсим мешаванд: 6 гурӯҳ аз 4 даста ва 2 гурӯҳ аз 3 даста иборат хоҳад буд.
– Имрӯз, соати 15:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳид намоиши "Гунҷишкакнон ҳам механданд" дар таҳияи Қамариддин Мирзоев ба саҳна гузошта мешавад. Чиптаҳоро аз хазинаи театр дастрас карда метавонед. Телефон барои тамос (+992) 907 855 093, 938 768 769, 200 222 777.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 ИЮН
Соли 2004 – Аз Хоруғ ба шаҳри Қошғар (Чин) аввалин автобуси мусофирбар бо 40 мусофир фиристода шуд.
Соли 2009 – Хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ “Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин” ба истифода дода шуд.
Соли 2018 – Дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча – мебел” дар заминаи ҶДММ “Арча” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба фаъолият шуруъ намуд.
Соли 2020 – Иҷлосияи дуюми Маҷлиси Миллӣ баргузор шуд, ки дар он таъини ҷарима барои риоя накардани “реҷаи ниқоб” ва паҳн намудани иттилои бардурӯғ дар бораи коронавирус дастгирӣ ёфт.
Соли 2023 – Абубакр Шеров, аъзои дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқа байналмилалии ҷудо “Russian judo tоur – Челябинск-2023” медали тилло ба даст овард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1933 – Мавлуди Бахтиёр Аҳмадов, ҷарроҳи саратоншинос, доктори илми тиб.
Соли 1950 – Зодрӯзи Бобоҷон Азиз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Бобоҷон Азиз дар 15-солагиаш ба саҳна омада, дар аввалҳои даҳаи 1970 ба сифати як овозхони касбӣ аз худ дарак дод. Ӯ дастпарвари факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб буда, солҳо сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода ва аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли “Навои Хатлон” будааст.
Вай дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дорад. Сурудҳои “Дилҳо нишона карда”, “Дар дидаи ман монд”, “Ёди Ватан”, “Ҳарфи дигар мазан”, “Нолаи Кова”, “Хорӣ макун”, “Модар” аз маъруфтарин таронаҳои ӯянд.
Бобоҷон Азиз дар баробари овозхонӣ дар театр низ якчанд нақшҳо офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Муҳаммадалии Ашқар дар “Карим Девона”, Фарҳод дар “Хусрав ва Ширин” ва ғайра.
Бобоҷон Азиз 21-уми январи соли 2021 дар 70-солагӣ бар асари бемории сактаи мағзӣ даргузашт.
Соли 1950 – Мавлуди Мусаллама Мухторова, наттоқи телевизион ва рӯзноманигори тоҷик.
Мусаллама Мухторова аз ҷумлаи наттоқони собиқадору саршиноси телевизион аст. Ӯ дар таҳияи даҳҳо барномаҳои хуб телевизиони тоҷик саҳм дорад. Бинандагон ӯро бештар чун ровии барномаҳои “Бону” ва “Кошона” мешиносанд.
Ӯ хатмкардаи факултети забонҳои хориҷӣ ва факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ҳанӯз аз давраи мактабхониаш оғоз кардааст. Барандаи барномаҳои “Субҳи пионерӣ”, “Ҳамсолон”, “Дугонаҳо”, “Бӯстон”, “Бону”, “Кошона” буд. Як муддат дар Телевизиони “Ҷаҳоннамо” барномаи “Суфраи бону”-ро пеш мебурд.
Пиромуни эҷоду рӯзгори ӯ дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” бо унвони "Мусаллама Мухторова: “Соҳибунвонҳо” унвони маро надоранд!” мутолиа кунед.
Соли 1962 – Зодрӯзи Муқимӣ Набизода, раиси пешини ноҳияи Рашт.
Соли 1992 – Мусофиршо Маликов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар 58-солагӣ даргузашт.
Соли 2010 – Шоиста Муллоҷонова, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар 84-солагӣ дар шаҳри Ню-Йорк даргузашт.
Шоиста Муллоҷонова ҳанӯз дар 16-солагиаш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон овозхониро шурӯъ кардааст. Баъдан як муддат овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд ва ҳамчунин дар бисёр намоишномаҳо нақофарӣ кардааст. Аз ҷумла нақши Маҳин дар операи “Тоҳир ва Зуҳра”, Гулизор дар “Шӯриши Восеъ”, Гулчеҳра дар “Аршин мал алан” ва ғайра.
Муллоҷонова аз соли 1958 яккасарои Филармонияи давлатии Тоҷикистон шуд ва баъдтар фаъолиятро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода оғоз намуда, шогирдони зиёде тарбия кардааст.
Ӯ соли 1991 ҳамроҳ бо хонаводааш ба Амрико кӯчид ва дар Ню-Йорк бо ансамбли “Шашмақом”-и Фотима Куинова ва сипас бо ансамбли “Мақом”-и Илёс Маллаев ҳамкориву ҳунарнамоӣ мекард.
Шоиста Муллоҷонова 26-уми июни соли 2010 дар 84-солагӣ дар шаҳри Ню-Йорк даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
26-уми июн ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии пуштибонӣ аз қурбониёни шиканҷа таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ва бо ҳадафи решакан кардани амалҳои шиканҷа дар тамоми ҷаҳон, инчунин таъмини иҷрои муассири Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар рафторҳои золимона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ ташкил шудааст.
Ин Конвенсия расман 26-уми июни соли 1987 ба иҷро даромад ва ҳоло зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон онро тасдиқ намудаанд. Шиканҷа дар қонунгузории байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин эътироф гардида, дар ҳама ҳолат новобаста ба шароити ҷанг, беназмиҳои дохилӣ ё ҳолатҳои фавқулода манъ карда мешавад. Ҳеҷ гуна баҳона шиканҷаро асоснок карда наметавонад.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва муомилоти ғайриқонунии он таҷлил мешавад. Ин рӯз низ бо қарори Маҷмаи Умумии СММ аз соли 1987 муайян гардидааст ва ҷиҳати тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷашн гирифта мешавад.
Ба гуфтаи СММ, истифода ва паҳншавии маводи мухаддир на танҳо ба саломатии аҳолӣ ва амнияти ҷомеа, балки ба устувории иқтисодӣ, сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ низ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.
26-уми июни соли 1954 дар шаҳри Обнинск дар Иттиҳоди шӯравӣ нахустин нерӯгоҳи атомии ҷаҳон ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нав дар таърихи илм ва энергетикаи ҷаҳонӣ буд. Обнинск на танҳо нерӯгоҳ, балки аввалин шаҳраки илмии ҷаҳон гашт, ки дар он усулҳои сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳҳои нерӯмандтар таҷриба мешуданд.
Баъди муваффақияти Обнинск, сохтмони нерӯгоҳи Белоярск оғоз шуда, он соли 1964 ба истифода дода шуд. Бо гузашти солҳо, соли 2002 неругоҳи Обнинск бо сабабҳои иқтисодӣ баста шуд, вале бинои он ҳамчун ёдгории таърихии миллӣ ва маркази ёдбудии энергетикаи атомӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ мешавад.
26 июни соли 1940, дар Иттиҳоди Шӯравӣ як қатор тағйиротҳои ҷиддӣ дар низоми меҳнат, аз ҷумла рӯзи кории 8-соата ва ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тарки худсаронаи ҷойи кор ҷорӣ карда шуданд,
Ин ислоҳот дар пайи қарорҳои Анҷумани XVIII Ҳизби Коммунистӣ (1939) қабул гардиданд, ки ҳадафаш баробар шудан бо кишварҳои сармоядорӣ аз рӯи ҳаҷми маҳсулот ба ҳар сари аҳолӣ дар муҳлати 10-15 сол буд.
Бо вуҷуди сахтгирӣ, ин чораҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд: се соли аввали нақшаи панҷсолаи севум иҷро нашуд ва танҳо бар асоси ҳамин қарор, зиёда аз 3 миллион шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 32+34º гарм.


