Гаронтарин футболбози Осиёи Марказӣ кист?

Аз рӯйи арзиши гузариш (трансферӣ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Достон Сатпаев, ҳамлагари 16-солаи тими “Кайрат”-и Олмотӣ ва мунтахаби наврасони Қазоқистон ба зинаи аввали радабандӣ аст. Бино ба маълумоти нави портали "Transfermarkt", арзиши ин футболбози ҷавон аз 500 ҳазор то 1,8 млн евро боло рафтааст. Ин на танҳо барои Қазоқистон, балки соҳаи футболи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи рекордӣ аст. […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Аз рӯйи арзиши гузариш (трансферӣ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Достон Сатпаев, ҳамлагари 16-солаи тими “Кайрат”-и Олмотӣ ва мунтахаби наврасони Қазоқистон ба зинаи аввали радабандӣ аст.

Бино ба маълумоти нави портали "Transfermarkt", арзиши ин футболбози ҷавон аз 500 ҳазор то 1,8 млн евро боло рафтааст.

Ин на танҳо барои Қазоқистон, балки соҳаи футболи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи рекордӣ аст.

Ҳамлагари ҷавон аз зинаҳои аввали радабандии гузашта – дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов (“Ростов”-и Русия) ва футболбози Ӯзбекистон Абдувоҳид Неъматов (“Насаф”) пеш гузашт. Ин ду футболбоз ҳар кадоме 1,5 млн евро нарх доштанд.

Паҳлӯи онҳо як футболбози “Насаф” – нимҳимоятгар Акмал Мозговой қарор дорад, ки арзиши ӯ низ чанде пеш то 1,5 млн евро зиёд шудааст.

Гуфта мешавад, дар пасманзари ҳунарнамоии муваффақонаи ин бозингарон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё ва дар ҳайати тими мунтахаби Ӯзбекистон, арзиши онҳо метавонад боз баландтар шавад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон сарфи назар аз поинравии нарх то 500 ҳазор евро, гаронтарин футболбоз Алишер Ҷалилов аз “Истиқлол”-и Душанбе боқӣ мемонад. Дар ҳайати дастаи қаҳрамони кишвар ва мунтахабаи ҷумҳурӣ ӯ яке аз бозигарони калидӣ мебошад.

Гаронтарин футболбоз дар Қирғизистон ҳимоятгари дастаи “Абдиш-Ота” Христиан Браузман эътироф шудааст, ки 450 ҳазор евро нарх дорад.

Ин ягона намояндаи мусобиқоти қаҳрамонии Қирғизистон аст, ки ба рӯйхати "Transfermarkt" бо арзиши зиёда аз 400 ҳазор шомил гардидааст.

Дар Туркманистон якбора се нафар дар сатрҳои аввали рӯйхат қарор доранд, ки ҳар кадоме 200 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд: Салим Нурмуродов (“Олтин Асир”), Мекан Сафаров ва Олтимурод Аннадурдиев аз тими қаҳрамони ин кишвар – “Аркадаг”.

Қобили зикр аст, ки арзиши ҳамлагари тими “Тобол”-и Қазоқистон Ислом Чесноков низ аз 900 ҳазор то 1 млн евро боло рафтааст. Лекин ба ақидаи мухлисони маҳаллӣ, бо назардошти сатҳи ҳунарнамоии ӯ, ин нарх ҳоло кофӣ нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.