Гӯшт ва иқлим: чӣ гуна бо интихоби дурусти хӯрок метавон сайёраро наҷот дод?

Date:

Оё шумо медонед, ки самараноктарин роҳи саҳм гузоштан дар мубориза бо тағйирёбии иқлим метавонад бевосита дар табақи шумо нуҳуфта бошад? Чорводорӣ яке аз манбаъҳои асосии ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон боқӣ мондааст. Олимон бар онанд, ки бе коҳиши истеъмоли хӯрок аз гӯшти ҳайвон башарият наметавонад мушкили гармшавии ҷаҳониро ҳал намояд.

Оё шумо омодаед, ки одатҳоҳои худро ҳангоми хӯрокпазӣ бозбинӣ кунед ва ба сайёра кумак намоед?

 

Аз ферма то иқлим: арзиши ҳақиқии саноати гӯшт

Чорводорӣ масъули 12–16% тамоми ихроҷи газҳои гулхонаист — ин ба миқдори умумии партовҳои бахши нақлиёт, аз ҷумла авиатсия ва киштиҳои баҳрӣ, баробар ё ҳатто бештар аст. Агар тамоми занҷири истеҳсолот — аз парвариши хӯрокворӣ, буридани ҷангалҳо барои чарогоҳҳо, то коркард ва интиқоли гӯшт, инчунин омилҳои дигар — ба назар гирифта шаванд, ин нишондод метавонад то 20% бирасад.

“Таъсири манфии чорводорӣ ва кишоварзӣ ба муҳити зист то андозае зиёд шудааст, ки амнияти озуқавориро зери хатар мегузорад — бо сабаби эрозияи замин, камбуди об ва тағйирёбии иқлим”, — мегӯяд Алия Веделих, экологи қазоқ, муҳаррири Ecostan News ва ҳаммуассиси ҷашнвораи зоиҳимоявии ÖmirFest.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алия Веделих

Системаи глобалии истеҳсоли хӯрокворӣ, аз ҷумла чорводорӣ, ба сайёра таъсири бузург мерасонад: сеяки тамоми газҳои гулхонаиро тавлид мекунад, 70% оби тозаро масраф мекунад, 80% ифлосшавии обҳои ҷориро ба вуҷуд меорад, 75% заминҳои кишоварзиро ишғол мекунад ва боиси талафи гуногуншаклии биологӣ мегардад.

“Барои чаронидани чорво ва парвариши хӯроки он замини зиёд лозим аст. Маҳз барои ҳамин, чорводорӣ сабаби асосии буридани ҷангалҳост. Маҳви ҷангал, дар навбати худ, боиси шиддат ёфтани тағйироти иқлим мегардад, зеро ҷангалҳо карбонро фурӯ мебаранд ва намегузоранд, ки он ба атмосфера ворид шавад”, — шарҳ медиҳад Елизавета Чуршукова, роҳбари барномаи “Ғизо барои ақл” аз ташкилоти ҷамъиятии Русия “Овози ҳайвонот”.

 

Хатарҳои оянда: афзоиши талабот ба гӯшт ва паёмадҳои иқлимӣ

Тибқи пешгӯиҳо, ихроҷи газҳо аз чорводорӣ бо наздик шудани шумораи аҳолии ҷаҳон ба 10 миллиард то соли 2050 ва гузариш ба парҳезҳои гӯштасос бештар хоҳад шуд. То миёнаи аср талабот ба озуқаворӣ беш аз 50% ва ба маҳсулот аз гӯшт — қариб 70% афзоиш меёбад. Тибқи интизорот, ин боиси зиёд шудани фишор ба экосистемаҳои табиӣ мегардад.

Агар тамоюлҳои кунунии талабот ва истеҳсолот идома ёбанд, танҳо ихроҷи газҳо аз низоми ғизоӣ метавонад аз ҳадди ниҳоии гармшавии глобалӣ — 1,5°C — боло равад, ҳатто агар тамоми манбаъҳои дигари партовҳо якбора қатъ шаванд.

Имрӯз шумораи афзояндаи олимон бар онанд, ки танҳо кам кардани ихроҷи газҳо аз соҳаҳои нақлиёт ва энергетика барои ҳалли буҳрони иқлимӣ кофӣ нест. Онҳо даъват мекунанд, ки ҳам одатҳои ғизоӣ ва ҳам системаи истеҳсоли хӯрок аз нав дида шаванд.

 

Ғизо аз наботот — роҳи ҳал барои бӯҳрони иқлим

“Дар радабандии қарорҳои иқлимӣ (Project Drawdown), гузариши ҷаҳонӣ ба ғизои набототӣ — яке аз самтҳои пешсаф аз рӯйи таъсири мусбат ба муҳити зист маҳсуб мешавад. Ин иқдом таъсире бештар аз тадбирҳое чун даст кашидан аз пластик, барқарорсозии ҷангалҳо ва гузариш ба мошинҳои барқӣ дорад”, — мегӯяд Елизавета Чуршукова.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Елизавета Чуршукова

Тибқи баъзе маълумотҳо, то поёни аср ба туфайли парҳези гиёҳхорӣ ва барқарорсозии экосистемаҳои ваҳшии табиӣ дар заминҳои озодшудаи кишоварзӣ метавон то 100 миллиард тонна гази карбонро аз атмосфера фурӯ бурд. Пеш аз ҳама, ин ба кишварҳои доро дахл дорад, ки дар онҳо сатҳи истеъмоли гӯшт бениҳоят баланд аст.

“Барои чунин гузариш тадбирҳои системавӣ заруранд. Аввалан, ин сиёсати давлатӣ мебошад: дастгирии кишоварзии устувор, маҳдудсозии маҳсулоте бо изи баланди карбон, ворид намудани мавзӯи ғизо ва экология ба барномаҳои таълимӣ”, — таъкид мекунад эколог Алия Веделих.

Як қатор кишварҳо аллакай стратегияҳои гузариш ба ғизо аз набототро таҳия мекунанд. Дания ва Кореяи Ҷанубӣ барномаҳои дахлдор қабул карданд; Чин зарурати чунин гузаришро таъкид мекунад, дар ҳоле ки Олмон, Британияи Кабир ва Швейтсария фаъолона ба рушди манбаъҳои алтернативии сафеда сармоягузорӣ менамоянд.

“Роҳҳои гуногун мавриди озмоиш қарор доранд: субсидия кардани маҳсулоти набототӣ ва навовариҳо, ҷорӣ кардани андоз бар ихроҷи маҳсулоти чорводорӣ, нишондоди ҳатмии экологӣ, дастгирии деҳқононе, ки хоҳиши гузаштан ба растанипарвариро доранд ва чораҳои дигар”, — тавзеҳ медиҳад роҳбари барномаи «Ғизо барои ақл».

“Дар Тоҷикистон кишоварзӣ манбаи 40% тамоми газҳои гулхонаист. Гузариш ба ғизои набототӣ на танҳо гази карбонро коҳиш медиҳад, балки фоидаҳои иловагӣ низ меорад: саломатии аҳолиро беҳтар мекунад, хароҷоти хонаводаҳоро кам мекунад ва ҷойҳои нави кориро дар бахши агроғизоӣ фароҳам меорад”, — таъкид мекунад Толибҷон Ҳакимов, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Таҳияи барномаҳои таълимии мактабҳои саҳроии деҳқонон ва омӯзиши фасилитаторон дар бахши чорводорӣ”.

Алия Веделих инчунин нақши муҳим доштани ташаббусҳои шаҳрвандиро таъкид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҷомеа метавонад ба шаклгирии талабот ва пешниҳоди бозор таъсир расонад, инчунин бо сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорон ҳамкорӣ намояд.

“Фаромӯш набояд кард, ки чорводорӣ на танҳо мушкили экологӣ, балки фоҷеаи ахлоқӣ барои миллиардҳо мавҷудоти зиндаи дорои эҳсосот мебошад. Интихоби мо ба ҷонибдории ғизо аз наботот — роҳи поён додан ба азобу суистифодаи ҳайвонот аст”, — хотиррасон мекунад Елизавета Чуршукова.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Партови газҳои гулхонаӣ аз гов назаррас аст

 

Оё метавонем сайёраро наҷот диҳем — бидуни дур шудан аз ошхона?

Босамартарин ва осонтарин роҳи коҳиши ихроҷи зараровар дар бахши кишоварзӣ — тағйири одати хӯрокхӯрии мост: коҳиши истеъмоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, бахусус гӯшти сурх, мисли гӯшти барра ва гов. Олимон бар онанд, ки гузариш ба ғизо аз наботот метавонад изи карбонро то 75% коҳиш диҳад ва бори об ва заминро хеле сабуктар кунад.

Изи карбон — маҷмӯи тамоми ихроҷи газҳои гулхонаӣ аст, ки мустақим ва ғайримустақим тавассути инсон, ташкилот, рӯйдод ё маҳсулот тавлид мешавад. Он дар эквиваленти гази карбон чен карда мешавад. Масалан, изи карбонии 1 кг гӯшти гов аз 30 то 100 кг CO₂-эквивалентро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки горох — ҳамагӣ 1 кг аст. Барои истеҳсоли 1 литр шири гов 3 кг партов мебарояд, вале барои шири ҷав — танҳо 1 кг.

“Гӯйти бирёне, ки дар табақи шумост, метавонад бештар аз як сафар тавассути мошин ба сайёра зарар расонад. Ҳамагӣ ду рӯзи ғизо аз наботот метавонанд як рӯзи истифодаи фаъоли мошинро ҷуброн кунанд. Ва ин танҳо бо ба ҳисоб гирифтани ихроҷи мустақим, на ҳамаи паёмадҳои дигар”, – мегӯяд Чуршукова.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ихроҷи ҳаррӯзаи газҳои гулхонаӣ аз ҷониби гӯштхӯрон ду баробар зиёдтар аст нисбат ба вегетарианҳо ва қариб 2,5 баробар бештар аз веганҳо. Онҳое, ки дар як рӯз зиёда аз 100 г гӯшт мехӯранд 7,2 кг CO₂-эквивалент тавлид мекунанд. Барои вегетарианҳо — 3,8 кг ва барои веганҳо — 2,9 кг.

Изи карбонии маҳсулот аз тарзи истеҳсол, нақлиёт ва мавсим вобаста аст, аммо интихоби худи маҳсулот таъсири бештар дорад. Ҳатто экологитарин гӯшт нисбат ба зироатҳои сарфакортарин, ба монанди зироатҳои равғанӣ, ҳашт маротиба бештар ба иқлим зиён мерасонад.

“Парҳези веганӣ на танҳо газҳои гулхонаиро ба таври назаррас кам мекунад. Чунин ғизо харобшавии экосистемаҳоро то 66% ва истеъмоли обро то 54% кам мекунад, агар онро бо парҳезе, ки дар он беш аз 100 г гӯшт дар як рӯз аст, муқоиса кунем”, — шарҳ медиҳад Алия Веделих бо истинод ба тадқиқоти Донишгоҳи Оксфорд.

“Даст кашидан аз гӯшт — яке аз самараноктарин қарорҳост, ки ба ҳар кас дастрас аст, новобаста аз даромад ё имконоти дастрасӣ ба технологияҳои “сабз””, — таъкид мекунад ӯ.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вегетарианизм дар Тоҷикистон: интихоби шахсӣ дар ҷаҳони анъанаҳо

Оё тоҷикистониён, ки таомҳои миллиашон бе гӯшт тасаввурнопазир аст, омодаанд чунин интихоб кунанд? Шумораи вегетарианҳо дар ҷумҳурӣ кам аст, аммо бо вуҷуди фишори муҳити атроф онҳо ба эътиқодоти худ содиқ монда, тадриҷан эҳтироми ҷомеаи ҳатто суннатгароро низ ба даст меоранд.

“Барои ман сабаби асосии даст кашидан аз гӯшт ҷанбаи ахлоқӣ буд. Ман дарк кардам, ки намехоҳам сабаби дарду азоби ҳайвонот бошам”, — нақл мекунад Нурия Муллоабдулова, фаъоли экологӣ ва ихтиёрии созмони «Заминча».

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҷанбаҳои мушкил дар роҳи вегетарианӣ — хусусиятҳои фарҳангӣ буданд.

“Дар муҳити иҷтимоии ман шӯхиҳо, шакку гумон ва ҳатто маломатҳои зиёд буданд… Дар аввал чунин шарҳҳо ба ман сахт мерасиданд, вале бо гузашти вақт омӯхтам, ки онҳоро нодида гирам. Қарори ман барои вегетариан шудан дар оила фавран қабул нашуд, аммо тадриҷан наздикон ба интихоби ман эҳтиром гузоштанд. Хусусан модарам маро сахт дастгирӣ кард”, — ба ёд меорад Нурия.

Даст кашидан аз парҳези гӯштӣ ба фоидаи вегетарианизм аксаран бо тааҷҷуби самимӣ ва баъзан бо масхара ё мазаммати сабук рӯ ба рӯ мешавад. Дар ҷомеаи тоҷик, ки истеъмоли гӯшт таърихан бо серӣ ва меҳмоннавозӣ алоқаманд аст, берун кардани он аз дастархон барои бисёриҳо ғайритабиӣ менамояд.

“Албатта, мушкилиҳо буданд. Аз даст кашидан аз палави баррагӣ ё сихкабоб дар ҷашнҳо дар баъзе муҳитҳо метавонад нороҳаткунанда бошад ва ҳатто ҳамчун беэҳтиромӣ қабул гардад. Ростӣ, хешовандони ман то ҳол назари маро намепазиранд ва намефаҳманд, ки чаро ман аз гӯшт даст кашидам”, — иқрор мешавад Далерҷон Набиев, фаъоли экологӣ ва вегетариан.

Ҳатто дар суҳбатҳои рӯзмарра саволи “Чаро гӯшт намехӯред?” бо тааҷҷуби аслӣ садо медиҳад ва далелҳои вобаста ба саломатӣ ё ахлоқ аксаран бо табассуми шубҳаангез қабул мешаванд. Ба вегетарианҳо ё веганҳо метавонанд тавсия диҳанд, ки “ғизои муқаррарӣ бихӯранд” ё онҳоро ба одамони “ғайриоддӣ” шабоҳат диҳанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Далерҷон Набиев

“Вақте мегӯям, ки ман палави гӯштӣ намехӯрам, ҳайрон мешаванд. Ва вақте мефаҳманд, ки ман вегетариан ҳастам, савол медиҳанд: “Пас ту чӣ мехӯрӣ? Бо витаминҳо чӣ мешавад? Организми зан чӣ гуна инкишоф меёбад?”, — нақл мекунад Аниса Абибуллоева, фаъоли экологӣ.

“Дар оғоз бисёриҳо ҳайрон мешуданд ва бо шубҳа ба қарори ман менигаристанд, баъзеи дигар амалигарии онро зери шубҳа мегузоштанд. То ҳол бо нофаҳмӣ рӯ ба рӯ мешавам, махсусан вақте ки сухан дар бораи пур кардани маводи ғизоӣ бе гӯшт меравад. Дӯстон ва ҳамкорон баъзан савол медиҳанд ва ин тез-тез ба баҳсҳои ҷолиб дар бораи ғизо, фарҳанг ва экология мубаддал мешавад”, — мегӯяд Набиев.

«Муҳим аст, ки бо ҷомеа гуфтугӯи ростин ва боэҳтиром анҷом дода шавад, анъанаро рад накарда, балки нишон додан, ки ғизои устувор метавонад лазиз, дастрас ва муосир бошад”, — мегӯяд Алия Веделих.

 

Аз картошка-фри то манту бо каду: ҷустуҷӯи алтернативаҳо

Вегетарианҳо ва веганҳо дар Тоҷикистон бо душвориҳои рӯзмарра рӯ ба рӯ мешаванд: дар кишвар қариб, ки қаҳвахонаҳое нестанд, ки хӯрокҳои пурра аз наботот пешниҳод кунанд. Дар тарабхонаҳои маъмул интихоби ғизои бе гӯшт аксаран ба картошка-фри ва салатҳо маҳдуд мешавад, ки онҳоро маҷбур месозад хӯроки худро пешакӣ ба нақша гиранд ё эҷодкории ошпазиро ба кор баранд.

“Дар Тоҷикистон риояи парҳези набототӣ хеле душвор аст. Ҳамеша бояд барои худ алоҳида хӯрок пазем, вақти иловагӣ сарф кунем ва омӯзем, ки чӣ гуна бидуни гӯшт менюи мутавозин таҳия кунем, то ба саломатӣ зиён нарасад”, – мегӯяд Аниса.

“Дар ин ҷо барои ман мушкил буд, ки маҳсулоти веганӣ ё таомҳои махсусро дар мағозаҳо ё тарабхонаҳо пайдо кунам. Дар Душанбе, масалан, хӯрокҳои бидуни гӯшт фақат дар чанд тарабхонаи ошхонаи чинӣ ҳаст. Маҷбур мешавам ба менюи содда розӣ шавам ва орзуи гуногунрангӣ дошта бошам”, — шикоят мекунад Сергей Штукорин, веган ва шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

Далерҷон Набиев ба анъанаҳои вегетариании ошхонаи миллӣ ишора мекунад, ба мисли палави бе гӯшт, манту бо каду ё картошка, лагмани сабзавотӣ ва шӯрбоҳои наску лӯбиё.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


“Ҳамаи ин хӯрокҳо серғизо  мебошанд. Аммо дар тарабхонаҳо онҳо кам ба назар мерасанд”, — мегӯяд ӯ.

“Мо сабзавоту меваҳои мавсимӣ дорем. Ғайр аз ин, истеъмоли анъанавии рустаниҳои худрӯй (монанди сиёҳалаф) иқтидори тавсеаи истифодаи ғизои растаниро дар парҳез нишон медиҳад”, — бовар дорад Толибҷон.

«Дар Тоҷикистон ёфтани ғизои бе гӯшт мумкин аст, аммо ин саъю кӯшиш ва назари ғайримаъмул талаб мекунад”, — тасдиқ мекунад Нурия.

“Алтернативаҳо вуҷуд доранд ва ҳарчи бештар дастрас мешаванд. Ошхонаҳои кореягиҳои Осиёи Марказӣ, уйғуриҳо ва ошхонаи чинӣ хӯрокҳои сершумор аз наботот пешниҳод мекунанд. Анъанаи гуногунфарҳангии кулинарии минтақаи мо аллакай роҳҳалҳоро дар бар дорад — танҳо бояд онҳоро аз нав зинда кард”, — итминон дорад Алия.

 

Вақте принсипҳо ба як ҳаракат табдил меёбанд

Қаҳрамонони ин мавод мутмаинанд, ки ҳар гуна тағйирот аз як қарори шуури инсон оғоз меёбад, қароре, ки бар пояи арзишҳои ботинии ӯ гирифта шудааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳатто амалҳои содда, вале мунтазам метавонанд ба натиҷаҳои назаррас оварда расонанд.

“Ман самимона бовар дорам, ки амалҳои ҳар фард аҳамият доранд – бахусус вақте онҳо дигаронро илҳом мебахшанд. Даст кашидани як нафар аз гӯшт худаш глобалӣ гармшавиро намебандад, аммо ин як намуна эҷод мекунад ва ба тағйироти фарҳангӣ мусоидат менамояд”, – мегӯяд Далерҷон Набиев.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷомеаи афроде, ки арзишу боварҳои муштарак доранд – экофаъолон, вегетарианҳо ва онҳое, ки ба табиат ва ҳайвонот бепарво нестанд – тадриҷан васеъ мешавад. Онҳо дар гурӯҳҳои ибтикорӣ муттаҳид мешаванд, лоиҳаҳои маҳаллии худро роҳандозӣ мекунанд ва якдигарро дастгирӣ менамоянд. Маҳз чунин кӯшишҳои дастаҷамъона, ки бо қарори инфиродии ҳар як шахс ҷамъ мешаванд, он оммаи интиқодии заруриро ташкил медиҳанд, ки метавонад муносибати ҷомеаро ба табиат ва ҳайвонот воқеан тағйир диҳад.

“Вақте мебинӣ, ки дар атрофат одамоне ҳастанд, ки арзишҳои ба ту монанд доранд, дарк мекунӣ — ин танҳо интихоби шахсии ту нест, балки қисми як ҳаракати бузург аст”, – ҷамъбаст мекунад Алия Веделих.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...