Як корманди “Душанбе-Сити” беш аз 3,5 млн сомонии ин бонкро аз худ кардааст

ВКД гуфтааст, ки гумонбаршаванда дар вазифаи саргурӯҳи ҳамли пул (инкасатор-бригадир)-и филиали бонки мазкур дар ноҳияи Ашт кор мекард. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ аз 27 то 30-юми июни соли 2025 аз худпардозҳо (терминалҳо)-и ноҳияи Ашт 3 миллиону 700 ҳазор сомониро гирифтаву ба суратҳисоби “Душанбе-Сити-бонк” интиқол надода, аз худ кардааст. Ному насаби гумонбар ифшо нашудааст, аммо ВКД […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

ВКД гуфтааст, ки гумонбаршаванда дар вазифаи саргурӯҳи ҳамли пул (инкасатор-бригадир)-и филиали бонки мазкур дар ноҳияи Ашт кор мекард.

Ба гуфтаи манбаъ, ӯ аз 27 то 30-юми июни соли 2025 аз худпардозҳо (терминалҳо)-и ноҳияи Ашт 3 миллиону 700 ҳазор сомониро гирифтаву ба суратҳисоби “Душанбе-Сити-бонк” интиқол надода, аз худ кардааст.

Ному насаби гумонбар ифшо нашудааст, аммо ВКД аз ӯ сокини 32-солаи ноҳияи Ашт ном будааст.

ВКД нагуфтааст, ки гумонбаршуда дастгир шудааст ё дар озодӣ қарор дорад. Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “азхудкунӣ ё исрофкорӣ” (моддаи 245 қисми 4 КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бар асоси ин иттиҳом ба гумонзад аз 136 ҳазору 800 сомонӣ (1824 нишондиҳанда) ҷарима то 15 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад. 

Назари худи ӯ ва наздиконаш дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки тасарруфи пули бонк аз сӯйи кормандони он қаблан низ ошкор шуда буд. Аз ҷумла, аввали сол Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, 21 корманди “Амонатбонк”, яке аз бонкҳои асосии давлатӣ дар пайи ошкор шудани 53,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ аз кор ронда шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.