Марги як сокин ва сӯзонидани 10 гов. Нигаронии сокинони як деҳа дар Хуросон аз хуруҷи бемории сӯхтанӣ дар байни чорво

Нозанин Шоаҳмадзода, махсус барои Asia-Plus

Пайвандони як оила дар ноҳияи Хуросон даъво доранд, ки Қамариддин Раҳимов, як сокини ноҳия ба бемории сӯхтанӣ ё “сибирская язва” сироят ёфта, дар беморхона даргузаштааст. Мақомот сабти ин бемориро дар ноҳия тасдиқ карданд, вале гуфтанд, касе аз ин беморӣ нафавтидааст.

Сокинони деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон мегӯянд, бемории сӯхтанӣ  байни чорвои онҳо паҳн шуда, то ҳол тақрибан 10 гове, ки баъди гирифтори аз ин беморӣ фавтиданд, сӯзонидаву гӯронида шудааст.

Як сокини деҳаи Сарбанд рӯзи 7-уми июл дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт,  “дар деҳаи мо давоми 20 рӯзи охир чанд гов ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва мардум ҳудуди 10 тани онро баъди фавтидан сӯзониданд. Ҳоло говҳо ба пода намераванд, сокинон аз тарси беморӣ дар оғилҳо пинҳон кардаанд”.

Ӯ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, илова намуд, ки беморӣ аллакай ба одамон низ сироят ёфта, то ҳол чор нафар бо гумони гирифтори ба ин беморӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ба таъкиди ӯ, як нафари дигар баъди гирифторӣ ба ин беморӣ фавтидааст.

Ҷустуҷӯи “Азия-Плюс” маълум кард, ки нафари фавтида сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон Қамариддин Раҳимов аст. Ӯ  39 – сола ва соҳиби 4 фарзанд буд.

Сомон Раҳимов, додари марҳум дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки  бародараш аз нишонаҳои монанд ба бемории сӯхтанӣ фавтидааст ва он баъди харидории гӯшти гов хуруҷ кард.

“Рӯзи 30-юми май Қамариддин вақти харидории гӯшт, ки худаш онро бурида гирифт, ангушташро захмӣ кард. Баъдтар, ангуштонаш варам кард. Тақрибан соати 5-и субҳи рӯзи 9-уми июн бо дарди шадид ба мо занг зад, ки маро ба бемористон баред ва бистарӣ кунед. Баъди бистарӣ кардан дар беморхона худи ҳамон рӯз, тақрибан соатҳои 13-13:30 даргузашт”, – нақл кард Сомон Раҳимов.

Ба қавли номбурда, бародараш чанд бор таъкид кардааст, ки “ҳамин гӯшти харидкардаам маро бемор кард”, зеро ӯ то ба имрӯз аз беморие шикоят надоштааст.

Фазлиддин Раҳимов, бародари дигари марҳум ба “Азия-Плюс” гуфт, ки   “таърихи беморӣ ва ташхиси гӯшт дар дасти додситон буда, 12-уми июл бояд хулоса дастрас карда шавад”. 

“Дар таърихи бемории дигар нафароне, ки бо бародарам дар беморхона якҷо буданд, гирифторӣ ба ин бемориро тасдиқ кардаанд. Аммо аз сабабе, ки бародари ман ҳамон рӯзи бистарӣ шуданаш фавтидааст, мо натавонистем таърихи бемориро дастрас кунем”, – гуфт ӯ

Дар ҳамин ҳол, Баҳром Миров, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Хуросон  дар суҳбат бо “Азия-Плюс” даъвои наздикони Қамариддин Раҳимовро рад карда гуфт, ки ӯ “аз бемории сирози ҷигар фавтидааст, ки чандин сол боз аз он ранҷ мекашид”.

Вале дар бораи он ки чаро ба ташхиси марги марҳум додситонӣ машғул аст, ҷавоб надод.

“Корҳои озмоишӣ вобаста ба беморие, ки дар ноҳия хуруҷ кардааст, давом дорад. Маълумоти расмӣ дар даст надорем, ки бемории сӯхтанӣ будани онро тасдиқ кунад. Ҳамчунин, маълум нест, ки ин беморӣ дар байни ҳайвонот ё сокинон ба қайд гирифта шудааст”, -гуфт ӯ.

“Азия-Плюс” чанд маротиба кӯшиш намуд, ки оид ба иддаои сокинони ин ноҳия дар бораи хуруҷи бемории сироятии сӯхтанӣ шарҳи Раёсати тандурустии вилояти Хатлонро дастрас кунад, вале масъулини ин ниҳод ҳозир нашуданд ба суолҳои мо посух гӯянд.

Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл, дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” сабти бемории сӯхтанӣ дар ноҳияи Хуросонро тасдиқ кард, вале гуфт, “айни ҳол ин масъала зери назорати мақомоти қудратии ноҳия буда, тафтишот идома дорад”.

“Баъди анҷом ёфтани тафтишот маълумоти дақиқ пешниҳод карда мешавад. Танҳо гуфта метавонам, ки ҳолатҳои бемории сухтанӣ дар Хуросон ба қайд гирифта шудааст”,- гуфт Ҷаъфаров.

Қаблан ин намояндаи Вазорати тандурустӣ аз 41 ҳолати гирифтории сокинон ба бемори сӯхтанӣ дар кишвар то 1-уми июли соли ҷорӣ хабар дода буд.

Бо ин вуҷуд, ӯ гуфта буд, ки тайи ду соли ахир дар кишвар ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар бораи ин беморӣ дар ин маводи “Азия-Плюс” метавонед маълумоти бештар пайдо кунед: “Дар Тоҷикистон зиёда аз 40 ҳолати бемории сӯхтанӣ сабт шудааст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...