Дараи Алмосии Тоҷикистон ҳамчун мавзеи мероси кишоварзии ҷаҳон эътироф шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Низоми ҳамгирошудаи кӯҳиву кишоварзӣ ва чарогоҳии дараи Алмосӣ расман ҳамчун иншооти мероси кишоварзии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ин мақом ба ин мавзеъ аз ҷониби Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) 8-уми июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратӣ дода шуд. Дар бора ба "Азия-Плюс" аз хадамоти матбуоти ФАО дар Тоҷикистон хабар доданд.

Ин рӯйдоди таърихӣ Тоҷикистонро ба аввалин кишвари тамоми фазои пасошӯравӣ табдил медиҳад, ки иншооти худро ба феҳристи бонуфузи "Низомҳои мероси кишоварзии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ" (GIAHS) ворид кардааст.

Ин низомҳои кишоварзиву экологӣ мебошанд, ки дар онҳо ҷомеаҳо бо муносибатҳои гуногунҷанба ба қаламрави худ зиндагӣ мекунанд. Чунин иншоот бо гуногунии кишоварзии биологӣ, дониши анъанавӣ, фарҳанги бебаҳо ва манзараҳои худ фарқ мекунанд.

То ин дам дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна танҳо 12 иншоот дар 5 кишвар –  Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия эътироф шуда буданд. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат шомил шуд, ки пул (кӯпрук) байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад.

 

Алмосӣ – намунаи устуворӣ, анъана ва навоварӣ

Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил медиҳад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус тойифии гулобӣ парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфандони ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқанд, парваришу нигоҳубин мешаванд.

Таҷрибаҳо дар бахши кишоварзӣ дар дар Алмосӣ бар асоси донишҳои анъанавӣ, аз ҷумла кишти фосилавӣ, истифодаи нуриҳои органикӣ, усулҳои қадимии обёрӣ ва мушоҳидаи аломатҳои табиӣ асос ёфтаанд. Ин усулҳо ба идораи пурсамари захира, мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва дастгирии гуногунии биологӣ имконият медиҳанд.

Сокинони дара фаъолияти худро тавассути кумитаҳои маҳаллӣ, фермаҳои оилавӣ, кооператив ва хоҷагиҳои кишоварзӣ (колхозҳо) ҳамоҳанг месозанд. Ин гуна низом табодули дониш, истифодаи муштараки захираҳо ва таҳкими ҳуввияти фарҳангии минтақаро таъмин мекунад.

Бо назардошти воридшавии иншооти нав аз Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Португалия, шабакаи ҷаҳонии "GIAHS" ҳоло 99 низом дар 29 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад. Ворид шудани дараи Алмосӣ ба ин рӯйхат на танҳо эътирофи байналмилалист, балки як қадами муҳими пешбурди кишоварзии устувор ва ҳифзи донишҳои анъанавӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...