Тоҷикистону вилояти Свердловск ният доранд, коркарди муштараки сурмаро роҳандозӣ кунанд

Масъалаи роҳандозии истеҳсоли муштараки маҳсулот аз сурма дар вохӯрии Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи волӣ (губернатор)-и вилояти Свердлолвск Денис Паталер баррасӣ шудааст. Ин вохӯрӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи XV байнулмилалии саноатии “ИННОПРОМ”, ки аз 7 то 10 июл дар Екатеринбург баргузор гашт.  Зикр гардид, ки корхонаҳои вилояти Свердловски Русия ният доранд, ки барои […]

Масъалаи роҳандозии истеҳсоли муштараки маҳсулот аз сурма дар вохӯрии Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи волӣ (губернатор)-и вилояти Свердлолвск Денис Паталер баррасӣ шудааст.

Ин вохӯрӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи XV байнулмилалии саноатии “ИННОПРОМ”, ки аз 7 то 10 июл дар Екатеринбург баргузор гашт

Зикр гардид, ки корхонаҳои вилояти Свердловски Русия ният доранд, ки барои таъмиру навсозӣ ба ншооти энергетикии Тоҷикистон  таҷҳизоти муосир диҳанд. 

Дар чаҳорчӯби гуфтушунидҳо ҷонибҳо нияти таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоративу иҷтисодӣ ва саноатиро тасдиқ намуда, ба лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, зерсохтори барқу об ва истеҳсолот таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Иштироки корхонаҳои Урал дар таъмиру навсозии иншооти энергетикии Тоҷикистон аз мавзӯҳои асосии суҳбат буд.

Ба гуфтаи Денис Паслер, ширкатҳои вилояти Свердловск аллакай дар бозори Тоҷикистон фаъолият дошта, ба интиқоли таҷҳизоти муосир ва бунёди зерсохтори зарурӣ барои он машғуланд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи роҳандозии истеҳсолоти муштараки маҳсулот аз сурма – фулузот (металл)-и нодири дорои аҳаммияти стратегӣ баррасӣ шуд.

Тавре таъкид шуд, ин лоиҳа метавонад ба муҳаррики ҳамгироии иқтисодӣ табдил ёфта, ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозори хориҷа бо маҳсулоти рақобатпазир имкон фароҳам орад.

Тавсеъаи интиқоли маснуоти саноати сабук, сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск мавриди баррасии алоҳида қарор гирифт. Чунин ҳамкорӣ натанҳо ба таъмини бозори минтақаи Урал бо маҳсулоти тару тоза, балки дастгирии истеҳсолкунандагон тоҷик имкон дода, ба таҳкими робитаҳои башардӯстона ва иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки байни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон аз соли 2004 созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ амал мекунад. Ғайр аз ин, бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон нақшаи ҷудогонаи чорабиниҳо амалӣ мешавад, ки самтҳои стратегии ҳамкории мутақобиларо дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.