Дар Тоҷикистон 343 гектар заминҳои партофташуда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуд

Дар нимсолаи аввали соли 2025 муяссар гардид, ки майдони заминҳои партофташуда ба андозаи 343 гектар коҳиш дода шавад. Қисми зиёди онҳо – 330 гектар заминҳои обёришаванда мебошанд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон зикр гардид, ки ин майдон ба категорияи заминҳои корам гузаронида шудаанд. Тавре ки дар Кумита зикр […]

Дар нимсолаи аввали соли 2025 муяссар гардид, ки майдони заминҳои партофташуда ба андозаи 343 гектар коҳиш дода шавад. Қисми зиёди онҳо – 330 гектар заминҳои обёришаванда мебошанд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон зикр гардид, ки ин майдон ба категорияи заминҳои корам гузаронида шудаанд.

Тавре ки дар Кумита зикр мекунанд, тадбирҳои андешида ба таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори қаламравҳо дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамоянд. Тағйироти зикршуда дар қарори ҳукумати ҶТ аз 28 марти соли 2025 №224 «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ” дарҷ ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, то аввали соли ҷорӣ 18 ҳазору 701 гектар замин дар Тоҷикистон ба ҳисоби заминҳои партовташуда дохил мешаванд, ки 16 ҳазору 228 гектари онҳо қитъаҳои обёришаванда мебошанд. Ин нишондиҳанда зиёда аз 85% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Ин заминҳо комилан барои парвариши зироати кишоварзӣ коршояманд.

Дар ҷаласа зарурати тақвияти назорат аз болои истифодаи захираҳои замин, баланд бардоштани пайгирӣ (мониторинг)-и самаранокии фонди замин, инчунин ҷорисозии усулуҳои муосири истифодаи замин бо назардошти хавфу хатарҳои тағирёбии иқлим таъкид шуд. Ба масъалаи мутобиқати низоми истифодаи замин ба шароитҳои ҷории иқтисодӣ ва экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Аз рӯйи натиҷаи баррасиҳо ба раҳбарият ва воҳидҳои минтақавӣ ҷиҳати идомаи кори доимӣ оид ба ҷалби қитъаҳои истифоданашуда ба гардиши кишоварзӣ, таъмини назорати қатъӣ аз болои истифодаи оқилонаи замин, инчунин тақвияти ҳамкории мутақобила байни сохтору идораҳо барои ноил гардидан ба натиҷаҳои устувор дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.