Сабтином барои кор дар Корея оғоз гардид. Ба куҷо ва бо кадом ҳуҷҷатҳо бояд муроҷиат кард?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Тоҷикистон аз оғози сабтином барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ дода, навиштааст, сабти ном ва имтиҳон аз 7 то 17-уми июли соли ҷорӣ идома мекунад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки довталабон метавонанд ба Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои он дар минтақаҳои кишвар муроҷиат кунанд.

Аз ин оҷонсӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “имтиҳонсупорӣ рӯзи 7-уми июл оғоз гардид ва се рӯз муайян гардида буд. Аммо ба далели зиёд будани теъдоди довталабон ин муҳлат то 17-уми июл дароз карда шуд”.

Манбаъ афзуд, музди маош аз 2 ҳазору 500 доллар боло буда, хароҷоти роҳ, ҷойи хоб ва хӯрду хӯрок аз ҷониби корфармои кореягӣ пардохт мегардад. Қаблан гуфта буданд, ки маош дар ин кишвар то 4 ҳазор доллар вобаста ба касбу кор муайян шудааст.

Ба иттилои оҷонсӣ, дар назар аст, ки соли ҷорӣ 800 нафар барои кор ба ин кишвар фиристода шаванд. Қаблан гуфта мешуд, ки 600 танро мефиристанд.

 

Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ба иттилои ин ниҳод, барои бақайдгирӣ ва супоридани имтиҳон довталаб бояд шахсан ба оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи ҷумҳурӣ ва ё шуъбаҳои минтақавии он ҳозир шавад ва барои супоридани имтиҳон 330 сомонӣ пардохт кунад.

Кор дар бахшҳои сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо пешниҳод шуда, занону мардони аз 18 то 39-сола пазируфта мешаванд.

Манбаъ навиштааст, талабот барои довталабон чунин аст:

– донистани забони кореягӣ дар сатҳи муошират (имтиҳони EPS TOPIK);

– доштани шаҳодатномаи тахассусӣ;

– надоштани доғи судӣ;

– солим будан аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ.

Довталабоне, ки аз имтиҳон мегузаранд ва интихоб мешаванд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро таҳия кунанд:

– шакли электронии шиносномаи хориҷӣ (сифати баланд, 55-60 Кб, 600×400 пиксел);

– расми ранга (3,5×4,5см, дар пасманзари сафед, бо костюми сиёҳ, JPG, 13-14 Кб);

– маълумоти пурра дар бораи ҷойи истиқомат;

– рақами телефон, ки бо барномаи "WhatsApp" пайваст аст.

 

Ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Хоҳишмандон барои машварат ва сабти ном ба суроғаҳои зерин бояд ҳозир шаванд ва барои гирифтани маълумот тариқи ин рақамҳо тамос гиранд:

– шаҳри Душанбе – кӯчаи Лоҳутӣ, 108 (221-39-67 , +992 555 55 10 80, +992 98 790 66 66, +992 91 576 77 43, +992 93 093 49 94, +992 93 453 51 93, +992 88 822 00 26, +992 90 688 93 13);

– шаҳри Хуҷанд – маҳаллаи 28, бинои 2А (+992 92 807 99 99);

– шаҳри Бохтар – кӯчаи Файзали Саид, 69 (+992 90 580 00 63, +992 93 487 88 28);

– шаҳри Хоруғ – кӯчаи Н. Атобек, 16 (+992 93 510 14 39).

Ёдрас мешавем, ки созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея 31-уми октябри соли гузашта ба имзо расид.

Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин созишнома байни Тоҷикистону Корея шиддати бекорӣ дар кишвар паст карда шуда, бозори нави меҳнатӣ пайдо мешавад.

То ҳол чанд гурӯҳи муҳоҷирон  аз Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ рафтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...