Марги чаҳор аъзои як оила дар пайи садамае дар Истаравшан

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар пайи садамае, ки шаби 4-уми июл дар шаҳри Истаравшан рух додааст, чаҳор аъзои як оила ҷон бохтаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Истаравшан ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бар асари ин садама як зани 51-сола бо се писараш, ки 18, 25 ва 30-сола буданд, ҷон бохтанд.

“Оилаи Тӯрабоевҳо аз маҳаллаи Гулистони шаҳри Истаравшан дар ду мошини сабукрав ба тамошои кӯҳҳои ноҳияи Шаҳристон мераванд. Дар як мошин модари 51-сола бо се писараш – Ҷавлон, Ҷасур ва Ҷовид Тудибоевҳо ва дар мошини дигар падари хонадон бо келину набераҳояш нишаста будаанд. Вақти бозгашт мошине, ки модари бо писаронаш нишаста буд, ба садама дуҷор мешавад ва чаҳор нафар вафот мекунанд”, – гуфт ин манбаъ.

Алишер Ҷумъазода, як корманди Шуъбаи БДА дар ноҳияи Шаҳристон хабари садама ва дар пайи он, марги чаҳор узви як оиларо тасдиқ карда, илова намуд, ки он дар километри 205-уми шоҳрони Душанбе – Чаноқ рух додааст. Ӯ гуфт, садамаро Шуъбаи БДА дар ноҳияи Шаҳристон сабт карда, барои таҳқиқи ба муфаттишони шаҳри Истаравшан ирсол кардааст.

“Пас аз таҳқиқ ва хулосаи экспертиза, сабаби садама муайян карда мешавад”,-гуфт Ҷумъазода.

Ба иттилои манбаъ дар ҳукумати шаҳри Истаравшан, ҷасади фавтидагонро рӯзи 5-уми июл дар зодгоҳашон маҳаллаи Гулистон ба хок супурдаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин дуюмин садамаи пурқурбонӣ дар як ҳафтаи охир дар вилояти Суғд аст. Рӯзи 28-уми июни соли равон як садамае дар роҳи Хуҷанд–Мастчоҳ 7 тан ҷон бохта, 3 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар пайи 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ 552 нафар (соли 2023 -1 ҳазору 111 садама –  519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.  Мақомот мегӯянд, суръати баланд, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, омилҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...