Ташкили лагери омӯзишии робототехника барои ҷавонон аз сӯйи Оҷонсии ТИКА

Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ бо мактаби робототехника ва барномасозии “Лигаи роботҳои Тоҷикистон” бо ҳадафи оммавӣ гардонидани робототехника дар мактабҳои Тоҷикистон таҳти шиори “Робототехника дар ҳар мактаб” лагери омӯзишӣ ташкил намуд. Дар доираи лоиҳа 20 омӯзгор ва 40 хонандаи аз 12 то 16-сола аз 20 мактаби таҳсилоти ҳамагонии кишвар дар […]

Варақаи иттилоотӣ

Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ бо мактаби робототехника ва барномасозии Лигаи роботҳои Тоҷикистон бо ҳадафи оммавӣ гардонидани робототехника дар мактабҳои Тоҷикистон таҳти шиори Робототехника дар ҳар мактаб лагери омӯзишӣ ташкил намуд.

Дар доираи лоиҳа 20 омӯзгор ва 40 хонандаи аз 12 то 16-сола аз 20 мактаби таҳсилоти ҳамагонии кишвар дар лагери 5-рӯза оид ба робототехника ва барномасозӣ ширкат варзиданд. Дар ин муддат кӯдакону омӯзгорон дар амал робототехника ва рамзгузории компютериро омӯхтанд. Дар давоми лагер ба донишҷӯён имконият дода шуд, ки мафҳумҳои асосии робототехника, таҷрибаи барномасозии роботҳоро омӯзанд ва роботҳои шахсии худро тарроҳӣ намуда, созанд. Дар охир ба се дастае, ки дар мусобиқаи байни дастаҳо ғолиб омадаанд, маҷмӯи роботсозӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, ба намояндагони ҳар як мактаб, ки дар ин омӯзиш ширкат варзиданд, маҷмӯаҳои робототехникӣ ва ноутбукҳо барои барномасозӣ дода шуданд, то онҳо тавонанд фаъолияти худро дар минтақаи худ идома диҳанд ва хонандагони бештарро бо робототехника шинос намоянд.

 

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо, ки дар фарҷоми омӯзиш баргузор карда шуд, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Ҳаким Исмоилзод, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳим Унал, ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо ширкат варзиданд.

 

“Робототехника як бахши бисёрҷанбаи илм аст, ки фанҳои мухталифро аз қабили механика, физика, автоматика ва муҳандисии компютерӣ муттаҳид мекунад. Ва дар миёни кӯдаконе, ки имрӯз ба таълими робототехника фаро гирифта шудаанд, муҳандисон ва барномасозони оянда ҳастанд”, – гуфт Умут Аҷар.

Ҳаким Исмоилзод аз ин барнома изҳори қаноатмандӣ карда, зикр кард, ки “чунин лагерҳо барои дар оянда ба камол расидани кӯдакон ҳамчун лидерҳои технологӣ кумак мерасонанд ва ҳамзамон эҷодкорӣ, маҳорати ҳалли мушкилот ва қобилияти ҳамкории онҳоро такмил медиҳанд”.

 

Ҳадаф аз ин лагери омӯзишии робототехникӣ, ки барои бори аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ширкати намояндагони тамоми манотиқи Тоҷикистон баргузор мешавад, афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба фанновариҳои инноватсионӣ, бахусус робототехника ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.