Пулиси пойтахт мегӯяд, дар ним сол 90 фолбину сеҳргарро ҷазо додааст

Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар шаш моҳи соли ҷорӣ 90 фолбин ва сеҳргару ҷодугарро ҷазо додааст. Нисбати 6 тани онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, алайҳи 84 нафари дигар ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, 6 тане, ки насбаташон паврандаи ҷиноятӣ боз шуд, бо иттиҳоми такроран машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (моддаи 240 иловаи 1 Кодекси ҷиноятӣ) ба ҷавобагӣ кашида шуданд. Вале ин ниҳод нагуфтааст, ки мушаххас нисбати онҳо чӣ ҷазо таъин гардид.

Ин банди қонун аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ аз 112 ҳазору 500 сомонӣ то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима (як нишондиҳанда=75 сомонӣ) ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо пешбинӣ мекунад.

Манбаъ менависад, 84 тане, ки нисбаташон ҷазои маъмурӣ татбиқ шуд, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ва ё моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шуданд. Ҳаҷми ҷарима гуфта нашудааст, вале ин банди қонун аз 6 ҳазор то 7 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва ё ҳабси маъмурӣ аз даҳ то понздаҳ шабнарӯз ҷазо пешбинӣ мекунад.

Пулиси Душанбе бори дигар аз шаҳрвандон ҷиҳати нарафтан ба назди фолбинон талаб карда, навиштааст, ки “бо мақсади пурра аз байн бурдани фолбинону ҷодугарон тамоми чораҳои дахлдорро амалӣ месозад”.

 

Як сол қабл ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ пурзӯр гардид

Парлумони кишвар 8‑уми майи соли 2024 тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро қабул кард.

Тибқи ин тағйирот, ба моддаи 240-и кодекси мазкур банди нав илова карда шуда, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (агар чунин кирдор давоми сол баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад), ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид. Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин, парлумони кишвар ба банди 2-юми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, андозаи ҷаримаи маъмуриро то 80-100 нишондиҳанда зиёд кард ва дар баробари ин, ҳабси маъмурӣ низ ҳамчун ҷазои алтернативӣ илова намуд.

Қаблан ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро пешбинӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...