Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ним сол

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуд, ки 13,1 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, маҳсулот аз Тоҷикистон ба 25 кишвар интиқол ёфта, аз ин ҳаҷм 89 дарсадаш ба кишварҳои ИДМ ва ҳамагӣ 11 фоизаш ба кишварҳои хориҷи дур рост омадааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзие, ки тариқи гузаргоҳҳои марзии вилояти Суғд интиқол дода шудааст, 80 ҳазор тонна, вилояти Хатлон – 5,2 ҳазор тонна, шаҳри Турсунзода – 4,6 ҳазор тонна, шаҳри Душанбе – 189 тонна ва ВМКБ – 66 тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки моҳи июл нашр шудааст, саҳми нисбатан бештари даромад аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хушкмева ва омехтаи чомағзҳо – ҳудуди 14 млн доллар ба миқдори 34 ҳазор тонна рост омадааст.

Саҳми даромад аз тухми мурғ – зиёда аз 2,3 млн доллар ба миқдори 1,7 ҳазор тонна низ назаррас аст.

Аз фурӯши меваи тару тоза, аз ҷумла зардолуву гелос, шафтолу ва олу ба миқдори 4 ҳазор тонна зиёда аз 2,6 млн доллар даромад ба даст оварда шудааст.

Пиёз дар ҳаҷми қариб 14 ҳазор тонна ба маблағи 1,6 млн доллар ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.

Аз содироти паранда, асосан аз мурғчӯҷаҳо зиёда аз 1,5 млн доллар даромад гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...