Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ним сол

Дар зарфи 6 моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуд, ки 13,1 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Тибқи иттилои ин ниҳод, маҳсулот аз Тоҷикистон ба 25 кишвар интиқол ёфта, аз […]

Дар зарфи 6 моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуд, ки 13,1 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, маҳсулот аз Тоҷикистон ба 25 кишвар интиқол ёфта, аз ин ҳаҷм 89 дарсадаш ба кишварҳои ИДМ ва ҳамагӣ 11 фоизаш ба кишварҳои хориҷи дур рост омадааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзие, ки тариқи гузаргоҳҳои марзии вилояти Суғд интиқол дода шудааст, 80 ҳазор тонна, вилояти Хатлон – 5,2 ҳазор тонна, шаҳри Турсунзода – 4,6 ҳазор тонна, шаҳри Душанбе – 189 тонна ва ВМКБ – 66 тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки моҳи июл нашр шудааст, саҳми нисбатан бештари даромад аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хушкмева ва омехтаи чомағзҳо – ҳудуди 14 млн доллар ба миқдори 34 ҳазор тонна рост омадааст.

Саҳми даромад аз тухми мурғ – зиёда аз 2,3 млн доллар ба миқдори 1,7 ҳазор тонна низ назаррас аст.

Аз фурӯши меваи тару тоза, аз ҷумла зардолуву гелос, шафтолу ва олу ба миқдори 4 ҳазор тонна зиёда аз 2,6 млн доллар даромад ба даст оварда шудааст.

Пиёз дар ҳаҷми қариб 14 ҳазор тонна ба маблағи 1,6 млн доллар ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.

Аз содироти паранда, асосан аз мурғчӯҷаҳо зиёда аз 1,5 млн доллар даромад гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.