Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар ин бора аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ҷанозаи марҳум вақти намози аср дар хонааш, воқеъ дар маҳаллаи Меҳробод (Калинин)-и пойтахт (рӯ ба рӯйи Мактаби байналмилалии президентӣ) баргузор мешавад.

Сабаби марги ӯ маълум нест.

Сафаралӣ Наҷмиддинов яке аз мансабдороне буд, ки солҳои дароз дар бахши молияи кишвар кор карда, то ба маснади вазирӣ расид. Ӯ барои муддати дароз, аз соли 2000 то соли 2013 вазири молияи Тоҷикистон буд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов 20-уми ноябри соли 1951 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Солҳои 1973—1999 дар вазифаҳои гуногун дар Идораи савдои кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи шаҳри Душанбе, Вазорати савдо ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1993—1994 муовини вазири савдо ва захираҳои моддии Тоҷикистон ва солҳои 1994—2000 муовини раиси Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Тоҷикистон буд.

Охирин вазифае, ки ӯ кор кардааст, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ буд. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2013 то соли 2019 кор карда буд.

Ӯ бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардида, падари ду фарзанд буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...