Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ван И, ҳамтои чинияш дидор ва вазъу дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Ин вохӯрӣ имрӯз дар шаҳри Тянҷини Чин доир шуда, дар он ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой низ табодули назар кардаанд. Дар вохӯрии вазирони […]

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ван И, ҳамтои чинияш дидор ва вазъу дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Ин вохӯрӣ имрӯз дар шаҳри Тянҷини Чин доир шуда, дар он ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой низ табодули назар кардаанд.

Дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ҳамчунин, ҷараёни татбиқи тавофуқоти бадастомада дар доираи сафари давлатии Си Ҷинпин, раисҷумҳурии Чин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар Остона дар моҳи июни соли 2025 баррасӣ гардидааст. 

Бояд гуфт, рӯзҳои 14 ва 15-уми июл дар шаҳри Тянҷини Чин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) доир шуд.

Дар ин ҷаласа Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои таъмини амнияту субот, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва такмил додани фаъолияти СҲШ мавқеи кишварро иброз дошт.

 

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷаласа самтҳои авлавиятдори ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар шароити нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилаливу минтақаӣ баррасӣ шудаанд.

Ҳамчунин, дар он омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар тирамоҳи соли ҷорӣ муҳокима гардидааст.

Дар поёни ҷаласа вазирон тарҳи Эъломияи Тянҷзини Шӯрои сарони давлатҳо, Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035 ва дигар қарору изҳороти муштаракро барои корбарии минбаъда қабул карданд.

Дар ҳошияи ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲШ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин низ вохӯрдаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.