Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 июли соли 2025

Date:

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 ИЮЛ

Соли 1935 – Аввалин экспедитсияи комсомолӣ ба Помир баргузор гардид.

Соли 2009 – Дар наздикии кӯли Кабуд дар ноҳияи Нуробад, дидбонгоҳи Гвардияи миллӣ ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа панҷ нафар аз неруҳои ҳукуматӣ ва шаш нафар ҷангҷӯ маҷруҳ шуданд.

Соли 2013 – Алайҳи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат боз як парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯро ба таҷовуз ба номуси ноболиғ муттаҳам карданд.

Соли 2016 – Дилшод Назаров ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифт. Ин гурзандози маъруфи тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимӣ медали тилло ба даст овард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1900 – Мавлуди Залмон Муллокандов, овозхони опера ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1944 – Сафар Амиршоев, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар 32-солагӣ кушта шуд.

Соли 1947 – Зодрӯзи Дона Гулмирзоев, иқтисоддон ва академики тоҷик.

Соли 1965 – Мавлуди Абдуназар Каримов, сиёсатшиноси тоҷик.

Соли 2019 – Турко Дикаев, рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва хабарнигори собиқи “Азия-Плюс” дар 69-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Турко Дикаев

Турко Дикаев солҳои тӯлонӣ ба ҳайси хабарнигор дар нашрияҳои гуногуни минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар “Азия-Плюс” фаъолият кардааст. Баъди ба нафақа баромадан ба кори суратгирӣ ва журналистикаи озод машғул шуд.

Ба қавли ҳамкорони рӯзноманигор, саҳми Турко Дикаев дар тарбияи насли нави журналистони минтақаи Кӯлоб хеле арзанда буда, бисёре аз шогирдони ӯ имрӯз дар расонаҳои бузургу маъруфи ҷумҳурӣ кор мекунанд.

Ҳамкорон ва шогирдони Дикаев бахусус воқеъбинӣ ва поквиҷдонии журналистро қайд мекунанд.

Соли 2015 Турко Дикаев аз ҷониби САҲА журналисти беҳтарини сол дониста шуд. Инчунин чандин маротиба журналисти соли шаҳри Кӯлоб эътироф гардидааст.

Соли 2021 – Сайидумари Султон, шоир, адабиётшинос ва муаррихи тоҷик дар 91-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16-уми июли соли 622 мелодӣ рӯйдоди таърихие ба вуқӯъ пайваст, ки сароғози тақвими исломӣ гардид. Дар ин рӯз Паёмбари ислом Муҳаммад (с.а.с.) ва пайравони нахустини ӯ аз Макка ба шаҳри Ясриб (минбаъд Мадина) ҳиҷрат карданд. Ин рӯйдод ҳамчун Ҳиҷра машҳур аст ва маҳз аз ҳамин сана сарчашмаи солшумории исломӣ, ки онро тақвими Ҳиҷрӣ меноманд, оғоз мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тақвими исломӣ бар асоси гардиши Моҳ (қамарӣ) ҳисоб карда мешавад. Шабонарӯз дар он аз ғуруби офтоб шурӯъ мешавад, на аз нисфи шаб, тавре ки дар тақвими григорианӣ қабул аст. Моҳи қамарӣ одатан 29 ё 30 рӯз аст ва оғози он бо дидани Моҳи нав муайян мегардад.

Азбаски соли қамарӣ тақрибан 10 ё 11 рӯз кӯтоҳтар аз соли шамсӣ (офтобӣ) мебошад, моҳҳои исломӣ доимо ба фаслҳои гуногун мегузаранд. Масалан, моҳи Рамазон метавонад як сол ба тобистон рост ояд, баъди чанд сол ба зимистон.

Ҳамасола, 16-уми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии мор таҷлил мегардад. Ин сана барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳаёти морҳо ва нақши онҳо дар табиат муқаррар шудааст. Агар дар фарҳанги масеҳӣ мор бештар ҳамчун рамзи васваса, хиёнат ва шарорат шинохта шавад, дар фарҳанги шарқӣ, махсусан дар Хитой, Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мор рамзи хирад, нерӯи ботинӣ ва тавозуни табиат мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин муносибати нек ба морҳо аз таҷрибаи ҳазорсолаи зиндагии мардум бо ин махлуқот сарчашма мегирад. Дар бисёре аз минтақаҳои Осиё, одамон бо навъҳои гуногуни морҳо заҳрнок ва безаҳр ҳамзистӣ ва хуб дарк кардаанд, ки мор дар сурати эҳсоси хатар ё таҳдид ҳамла мекунад.

16-уми июли соли 1945 дар биёбони Лос-Аламоси иёлати Ню-Мексико (ИМА), аввалин таркиши атомӣ дар ҷаҳон анҷом ёфт. Ин озмоиш бо номи рамзии “Сегона” (Trinity) маъруф аст. Заряди атомӣ, ки тарконида шуд, аз омехтаи плутоний ва уран иборат буд ва тавоноии он 20–22 килотоннаро ташкил медод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таркиш соати 05:29 саҳар ба вуқӯъ пайваст. Нури дурахшони он то 290 километр ва садои таркиш то 160 км дур шунида мешуд. Ин озмоиш оғози давраи силоҳи атомӣ буд.

Пас аз як моҳи он, 6 ва 9 августи соли 1945, ду бомбаи атомӣ ба шаҳрҳои Ҳиросима ва Нагасаки партофта шуданд, ки ба марги даҳҳо ҳазор нафар ва харобии комили шаҳрҳо оварда расонид.

16-уми июли соли 1054 дар таърихи дини масеҳӣ рӯйдоди сарнавиштсозе иттифоқ афтод. Дар ин рӯз калисои ягонаи масеҳӣ расман ба ду шоха – католикӣ ва православӣ тақсим шуд.

Папаи Рим Лев IX бо роҳбарии кардинал Ҳумберт ба Константинопол ҳайате фиристод, то ихтилофи мазҳабӣ ва сиёсиро ҳал кунанд. Аммо 16 июл, дар калисои Айя София, ҳайати Папа патриархи Константинопол Михаил Кируларийро аз калисо хориҷ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҷавоб, 20 июл патриарх низ Папа ва ҳайаташро табъид аз дин кард. Ин ҳодиса ба шикасти расмии иттиҳоди калисои масеҳӣ оварда расонид. Ҳамин тавр, калисои католикӣ дар Ғарб ва православӣ дар Шарқ расман ҷудо шуданд.

16-уми июли соли 1867 боғдори фаронсавӣ Жозеф Монйе барои ихтироъи бетони арматурдор патенти расмӣ гирифт. Ӯ аввалин шуда ба ҷои дегчаҳои гилин ё чӯбӣ дегчаҳои сементии мустаҳкам сохт, ки дар дохили онҳо сим гусаста шуда буд.

Баъдан ӯ чунин усулро дар сохтани қубурҳо, панелҳо, ҳавзҳо ва пулҳо истифода бурд. Соли 1886 муҳандиси олмонӣ Гюстав Вайс патенти ӯро харид ва онро такмил дод. Ин боиси паҳншавии васеи идеяи бетони арматурадор (железобетон) дар саросари ҷаҳон гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона аз 28+33º гарм то 36+38º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, рӯзона 27+32º гарм дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...