“Рашки зиёд сабаб шуда, ки ин корро кунад”. Суҳбат бо вакили дифои Мадина Ҳалимова, ки кӯдаконашро ба “Сурхоб” андохт

Дар доираи қазияи Мадина Ҳалимова, зане аз Фархор, ки гуфта мешавад, чаҳор кӯдакашро ба дарё партофтааст, то имрӯз, 15-уми июл ду мурофиаи додгоҳӣ баргузор шуда, зан гуфтааст, ки “аз рашк” ба чунин кор даст зад ва “аз кардааш пушаймон аст”. Шаби 29 ба 30-юми июни соли равон Мадина Ҳалимова бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт. […]

Дар доираи қазияи Мадина Ҳалимова, зане аз Фархор, ки гуфта мешавад, чаҳор кӯдакашро ба дарё партофтааст, то имрӯз, 15-уми июл ду мурофиаи додгоҳӣ баргузор шуда, зан гуфтааст, ки “аз рашк” ба чунин кор даст зад ва “аз кардааш пушаймон аст”.

Шаби 29 ба 30-юми июни соли равон Мадина Ҳалимова бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт. Каме поинтар худаш аз дарё берун шуд, вале кӯдаконро об бурд. То ҳол ҷасади се фарзанди хурдсоли ӯ пайдо шуда, ҷустуҷӯи як тифли 5-солаи дигар идома дорад.

Шавҳар ва наздикони зан иддао доранд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст заданаш шуд. Вале вакили дифои Мадина Ҳалимова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” бархе ҷузъиёти ин қазияро аз қавли худи зан нақл кард.

Беҳрӯз Алиев, вакили дифои Мадина Ҳалимова, ки чанд бор бо зерҳимояаш дар боздоштгоҳ ҳамсуҳбат шудааст, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, гуфт, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.

“Аз сабаби он ки дар он шабу рӯз шавҳарам мошини нав харид, ба шаҳри Кӯлоб як шаҳу арӯс бурд ва шаб дар бағоҷи мошинаш гулҳо ва шиму костюмро дидам, рашкам зиёд шуд”, – гуфтааст Мадина дар суҳбат бо вакили дифояш.

Зан дар идома ба вакили дифоаш гуфтааст, ки "шаби ҳодиса ба телефони шавҳарам аз номи як хонум паём омад ва баъди хондани суҳбати шавҳарам бо он зан, рашкам зиёд шудан гирифт. Баъд рафтам ҳамин корро кардам”.

Бо ин вуҷуд, Мадина Ҳалимова гуфтааст, ки “аз шавҳараш ягон шикоят надорад”.

Ин зан ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кардааст, ки “аввал се кӯдакро ба дарё андохтам, чорумиро дар бағал гирифта, худро ба дарё партофтам”.

“Дар хотир дорам, ки вақте дар об ғӯта мезадам, ҷонам ширинӣ кард ва кӯдакро партофтаму як буттаро дошта, берун баромадам ва то саҳар дар даруни ҷангал гиря карда нишастам”, – илова кардааст Мадина Ҳалимова.

Вакили дифои Мадини Ҳалимова дар ҳоле фарзияи бемории рӯҳӣ доштани занро рад мекунад, ки қаблан, шавҳар ва падари зан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” “бемори руҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа гуфта буданд.

Эҳтимоли фарзияи "бемории рӯҳӣ"-ро Сайфулло Ҳалимов, падари Мадина Ҳалимова имрӯз, 15-уми июл, дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” дубора ёдовар шуда, гуфт, “ӯро барои бозпурсӣ ба мурофиа даъват карда, аз вазъи саломатӣ ва ҳолати равонии духтараш пурсидаанд”.

Падари ин зан гуфт, то ҳол Латофати панҷсола – фарзанди калонии духтараш пайдо нагардидааст ва ҷустуҷӯ идома дорад.

Ба иттилои Беҳруз Алиев, ҳоло нисбати Мадина Ҳалимова барои одамкушӣ ё чанд банди моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ӯ дар боздоштгоҳ аст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки то ҳол се кӯдаки ин зан – Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа ва Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола аз дарёи Сурхоб ва Панҷ пайдо шуда, ҷустуҷӯи Латофати Абдуллохонзодаи 5-сола идома дорад.

Нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд ва ин баҳси тундеро ба миён овард.

Баъдтар, КҲФ ва ВКД дар суҳбат бо расонаҳо ҳодисаро тасдиқ карда, вале то ҳол иттилои расмӣ нашр накардаанд.

То ҳол танҳо Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен дар робита ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода гуфт, ки “масъалаи зӯроварӣ ва табъиз нисбати кӯдакон нигаронкунанда буда, ин ҳодиса андешидани чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон тақозо мекунад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.