Агентиҳои СММ ба Тоҷикистон дар беҳбуди ғизои аҳолӣ кумак мекунанд

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 15 июл барномаи “Тағйир додани системаҳои ғизоӣ барои беҳтар кардани ғизо” баргузор шуд. Ин ташаббуси муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аст. Лоиҳа ба маблағи 2 млн доллар зиёда аз 2,8 млн нафарро фаро гирифта, ба ҷорисозии қабули қарорҳои устувор дар соҳаи истеъмоли ғизо нигаронида шудааст. Рӯйи барнома […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 15 июл барномаи “Тағйир додани системаҳои ғизоӣ барои беҳтар кардани ғизо” баргузор шуд. Ин ташаббуси муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аст.

Лоиҳа ба маблағи 2 млн доллар зиёда аз 2,8 млн нафарро фаро гирифта, ба ҷорисозии қабули қарорҳои устувор дар соҳаи истеъмоли ғизо нигаронида шудааст. Рӯйи барнома Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО), ЮНИСЕФ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) кор мекунанд. Он пойтахт, ноҳияҳои озмоишӣ ва дигар минтақаҳоро дар бар гирифта, ба фарҳанги истеъмоли ғизои солим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Тавре ки ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвиз Рамасвами зикр кард, ин барномаи механизми ҳамоҳангсозии амал байни сохторҳои гуногун хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, тағйир додани системаи ғизо яке аз афзалиятҳои ҳукумат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Лоиҳа дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои дахлдор, мададрасонҳои байнулмилалӣ ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ амалӣ мешавад.

“Бо тағйири системаҳои ғизо бо ёрии инноватсияҳо, фарогирӣ ва устуворӣ, мо метавонем насли солимро ба воя расонем”, – изҳор дошт муовини аввали раиси Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмуд Ширинҷонзода.

Барнома аз чор самти калидӣ иборат аст: ҷорисозии меъёрҳои миллии ғизо, рушди устувори бахши кишоварзӣ, пешбурди маҳсулоти муфиди маҳаллӣ ва бунёди низоми гувоҳномадиҳӣ ба маҳсулоти сабз. Яке аз ҳадафҳои муҳим дастгирии занон ва ҷавонон дар тиҷорати бахши кишоварзӣ, коҳиши истеъмоли ғизои зарарнок ва навсозии истеъмоли ғизо дар мактабҳо мебошад.

Маблағи умумии барнома тариқи зайл тақсим шудааст:

– 650 ҳазор доллар барои ҷорисозии меъёрҳои ғизо: баргузории семинарҳо, навсозии меъёрҳо дар мактабу беморхонаҳо, ҷорисозии меъёрҳои нав;

– 300 ҳазор доллар барои ташаккули фарҳанги истеъмоли ғизо: баргузори маъракаҳои иттилоотӣ, таҳияи моделҳои таълимӣ, чорабиниҳо дар Душанбе, Бохтар, Балҷувон ва дигар минтақаҳо;

 – 850 ҳазор доллар барои рушди устувори бахши кишоварзӣ ва маҳсулоти сабз: баргузории тренингҳо, бунёди боғҳои мактабӣ, дастгирии занону ҷавонон ва инчунин низоми гувоҳномадиҳӣ;

– боз 200 ҳазор доллар барои моинторинг ва тарҳрезии стратегӣ, аз ҷумла системаҳои баҳодиҳӣ ба истеъмоли ғизо ва қабули қарор бар асоси маълумоти ҷамъоваришуда.

Дар доираи лоиҳа аз рушди механизмҳои давлатӣ оид ба таъмини гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, таҳияи сиёсатҳои нав ва тавсияҳои методӣ, инчунин пешбурди маҳсулоти маҳаллӣ ба сифати ҷойгузин (алтернатива)-и устувор ба воридот интизорӣ меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.