“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Чанд рӯз инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе мечархад, ки дар он чанд ҷавон дар Русия кӯдакону занони русро аз обанборе дар шаҳри Истра аз ғарқшавӣ наҷот медиҳанд. Дар навор шунида мешуд, ки ҷавонон бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд ва ба назди қаиқи дармондаи русҳо рафта, онҳоро ба қаиқи худ мегузаронанд.

Азия-Плюс ин ҷавононро, ки зодаи Тоҷикистон будаанд, пайдо ва бо онҳо суҳбат кард.

Фурқат Зикруллоев, ҷавони 27-солаи дар суҳбат гуфт, онҳо панҷ нафар буда, 20, 27, 31, 33-сола ва ҳама зодагони ноҳияи Ёвон мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар шаҳри Истраи Русия дар сохтмон кор мекардаанд. Танҳо Фурқат розӣ шуд бо мо сӯҳбат кунад.

Ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки ҳодиса рӯзи 12-уми июл дар яке аз обанборҳои шаҳри Истра рух дод. Он рӯз онҳо барои оббозӣ ва истироҳат рафтаанд ва қаиқеро киро карда, дар обанбор сайругашт мекардаанд.

Фурқат мегӯяд, “он рӯз ҳаво гарм ва бебориш буд, аммо ногаҳон шамоли сахт хест ва борону жола борид”. Онҳо нахуст хостаанд, ба ҷойи бехавф баргарданд, аммо чун мебинанд, ки се кӯдак аз қаиқ ба дарё афтода ғарқ мешаванд, баҳри наҷоти онҳо худро ба дарё андохтаанд.

“Қаиқи онҳо резинӣ ва хеле сабук буд ва бод метавонист осон ба ҳар тараф барад. Аз ин рӯ онҳо қаиқро идора карда натавониста, ба об афтоданд. Дар қаиқи дигаре падару модари онҳо буданд, вале фосилаи байни онҳо хеле дур буд. Падари онҳо низ барои наҷот омад, вале худаш қариб ғарқ мешуд”, – гуфт ин ҷавони тоҷик.

Ба нақли ӯ, аввал падари кӯдаконро, ки ба онҳо наздиктар будааст, наҷот дода, баъд ба имдоди кӯдакон расидаанд. Худи Фурқат қаиқро идора мекард, се ҳамраҳи дигараш ба об даромада, кӯдаконро наҷот доданд ва як шарики дигари онҳо барои ба қаиқ баровардани кӯдакон кӯмак кардааст. Баъд модари кӯдаконро низ ба қаиқ гузаронида, онҳоро ба ҷойи бехатар интиқол додаанд.

 

Ин ҷавонон мегӯянд, қарзи инсонии худро иҷро кардаанд ва дар он лаҳза ҳар панҷ нафари онҳо заррае тарсро эҳсос намекарданд ва ҳозир буданд ба ёрӣ шитобанд.

“Дар он ҳолат, ки кӯдакон ғарқ мешуданд, наметавонистем бетараф бошем. Дуруст аст, ки шамоли сахт буду хавф дар камин, аммо таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”, – изҳор кард ҳамсуҳбати мо.

Фурқат мегӯяд, баъди аз обанбор берун омадан фаҳмидаанд, ки онҳо аъзоёни як оила будаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин оила ба онҳо миннатдорӣ баён кардаанд. Мақомоти Русия ба онҳо изҳори миннатдорӣ ё мукофоте тақдим накардааст. Расонаҳои Русия низ то ҳол дар ин бора иттилое нашр накардаанд.

 

Қаҳрамониҳои дигари тоҷикон

Ин ягона ҳолате нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия қаҳрамонӣ мекунанд.  Моҳи майи соли ҷорӣ Саидвалӣ Шарифов ном зодаи шаҳри Файзободи Тоҷикистон се кӯдакро дар Русия аз сӯхтор наҷот дод. Ӯ чаҳор маротиба ба хонаи оташгирифта ворид шуда як-як кӯдаконро аз коми оташ наҷот дода буд.

Пештар аз ин Отабек Мадраҳимов, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш карда буд. Ӯ бо мошини обкаши худ оташи мошини алангагирифтаро хомӯш кард ва навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.

Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Танҳо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо ин ҷавони тоҷик сӯҳбат карда, ба ӯ “Раҳматнома” тақдим кардааст.

Ҳамчунин чанде пеш аз ин дар вилояти Маскав Бахтиёр Исмоилов, як тоҷикистонии дигар кӯдаки 11-моҳаро аз канори шоҳроҳ наҷот дода, ба наздиконаш супорид.

Муҳаммадҷон Обидов, колорасони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, моҳи июли соли 2024 дар Маскав духтараки навзодеро аз марде наҷот дод, ки дар ҳолати мастӣ ӯро рабудан мехост.

Мисоли дигар, Ҳасан Авғонов, зодаи 58-солаи Тоҷикистон соли гузашта сарфи назар аз синну вазъи нохуби саломатӣ, вақте додхоҳии кӯдакони дар ҳоли ғарқшавиро шунид, ба яхоба даромада, писарчаҳоро наҷот дод.

Ин аввалин қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар нест. Дар гузашта низ ҷавонони тоҷик аз худ гузаштанҳо кардаву сокинонро наҷот додаанд.

Сарфи назар аз ин қаҳрамониҳо, дар Русия нисбати муҳоҷирон ҳамоно дидгоҳи хашмин ва муносибати дурушт мушоҳида мешавад. Махсусан, мақомоти ин кишвар дар ҷараёни рейдҳои худ муҳоҷиронро таъқиб ва дар бисёр ҳолатҳо латукӯб ҳам мекунанд. Расонаҳои ин кишвар дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд ва аз инъикоси рафтори хуби онҳо дар бештари ҳолатҳо худдорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...