“Хостам собит кунам, ки муҳоҷирон бадхоҳ нестанд”. Тоҷике, ки мошини оташгирифтаро дар Маскав хомӯш кард, кист?

Чанд рӯз пеш қаҳрамонии муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш мекард, сархати расонаҳои Тоҷикистон қарор гирифт. Дар наворе, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ӯ бо мошини обкаши худ дар миёни раҳ меистад ва оташи мошини алангагирифтаро хомӯш мекунад. Корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин амали ӯ тавсиф […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Чанд рӯз пеш қаҳрамонии муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш мекард, сархати расонаҳои Тоҷикистон қарор гирифт. Дар наворе, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ӯ бо мошини обкаши худ дар миёни раҳ меистад ва оташи мошини алангагирифтаро хомӯш мекунад. Корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин амали ӯ тавсиф карданд.

“Азия-Плюс” ин ҷавонро пайдо ва бо ӯ атрофи ин ҳодиса ва дигар фаъолияташ суҳбат намуд.

Отабек Мадраҳимов зодаи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон аст. Ӯ  27-сола ва хатмкардаи риштаи тиб дар Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Як сол дар мактаби зодгоҳаш ба ҳайси омӯзгори фанни биология кор кардааст. Аммо бо сабаби кам будани маош ва мушкилоти молиявӣ ба Русия рафт. Ӯ пеш аз он ки ба яке аз корхонаи давлатии Русия ба кор шуруъ кунад, дар нуқтаи шустушӯи нақлиёт кор мекард.

Отабек Мадраҳимов се сол мешавад, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Ӯ дар хоҷагии комуналии ноҳиявии “Хорошёво Мневники” дар Маскав ба ҳайси ронандаи мошини обкаш кор мекунад.

Ба нақли ҳамсӯҳбати мо, вақте ӯ тасодуфан саҳнаи оташгирии мошинро дид, бидуни дудилагӣ ба кӯмак шитофт.

“Бо мошини обкаши худ ба он самт ҳаракат кардам, аммо чун мошинҳо роҳамро баста буданд, ду дақиқа дер расидам. Қисмати пеши мошин аллакай оташ гирифта буд ва шуълаи оташ ба “бак”-и бензин наздик мешуд. Зуд рудаи обро кушода, ба мошин пайваст кардам”, – нақл кард Отабек.

Ин ҷавони тоҷик гуфт, дар аввал ӯро тарс фаро гирифта буд, чунки оташ ба “бак”-и бензин наздик мешуд ва имкони таркидани мошин зиёд буд. Аммо дар посух ба муҳоҷирситезии мақомот ва аҳолии Русия хост нишон диҳад, ки муҳоҷирон бадхоҳи ин кишвар нестанд.

“Ман қарзи инсонии худамро иҷро кардам, гумон мекардам дар дохили мошин ягон одам, махсусан кӯдак ҳаст. Баъдан, хостам собит кунам, ки муҳоҷирон бадхоҳу ҷинояткор нестанд”,-мегӯяд ин муҳоҷири тоҷик.

Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Танҳо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо ин ҷавони тоҷик сӯҳбат карда, ба ӯ “Раҳматнома” тақдим кардааст.

Ӯ мегӯяд, расонаҳои Русия, ки дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд, аз инъикоси рафтори хуби онҳо дар бештари ҳолатҳо худдорӣ мекунанд.

 

Қаҳрамониҳои дигари муҳоҷирони тоҷик

Бояд гуфт, ки ин аввалин қаҳрамонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нест. Чанде қабл дар вилояти Маскав Бахтиёр Исмоилов, як тоҷикистонии дигар кӯдаки 11-моҳаро, ки дар канори шоҳроҳ тақрибан урён чорпо мегашт, наҷот дода, ба наздиконаш супорид.

Аз ин пештар низ муҳоҷирони тоҷик дар ҳолатҳои фавқулода ҷони одамонро дар Русия наҷот додаанд. Муҳаммадҷон Обидов, колорасони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, моҳи июли соли 2024 дар Маскав духтараки навзодеро аз марде наҷот дод, ки дар ҳолати мастӣ ӯро рабуданӣ буд.

Мисоли дигар, Ҳасан Авғонов, зодаи 58-солаи Тоҷикистон соли гузашта сарфи назар аз синну вазъи нохуби саломатӣ, вақте додхоҳии кӯдакони дар ҳоли ғарқшавиро шунид, ба яхоба даромада, писарчаҳоро наҷот дод.

Аммо ба қавли худи муҳоҷирон сарфи назар аз ҳамаи ин, бархе аҳолии Русия ҳамоно ба муҳоҷирон дидгоҳи некбинона надоранд. Баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол” вазъи муҳоҷирон боз ҳам бадтар шуд ва нисбати онҳо қонунҳои нав ва маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.