“Азия-Плюс” ва Re-skill ба нутқи тоҷикӣ омӯзонидани шабакаи нейронӣ оғоз мекунанд

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ва стартапи Re-skill ба ҳамкорӣ дар самти омӯзиши шабакаи нейронии нутқи тоҷикӣ оғоз мебахшанд.

Дар доираи ҳамкорӣ “Азия-Плюс” бойгонии аудио (сабтҳои овозӣ)-и барнома ва гузоришҳои иттилоотиро барои омӯзиши шабакаи нейронии табдили матн ба овоз (TTS) ва шинохти нутқ (ASR) бо забони тоҷикӣ медиҳад, ки аз ҷониби гурӯҳи Re-skill таҳия мешавад.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ садҳо соат нутқи зиндаи тоҷикӣ – хабару мусоҳиба, шоу-барномаҳо ва гузоришҳои таҳлилӣ барои омӯзиши модели мавриди таҳия асос мешаванд.

Дар навбати худ, гурӯҳи расонаҳо ба мақоми расмии шарик, дастрасӣ ба ҳамаи версияҳои абзор ва имкони иштирок дар рушди лоиҳа даст меёбад. Ҳамчунин “Азия-Плюс” раванди корҳои лоиҳаро инъикос намуда, дар таҳияи муҳтаво истифода мебарад ва аз натиҷаҳои он дар платформаҳои расонаҳои худ маълумот медиҳад

Re-Skill TTS нахустин системаи кушоди шинохт ва овоздиҳии нутқи тоҷикӣ мебошад. Версияи пешинаи модел аллакай дар платформаи HuggingFace дастрас аст. Сарфи назар аз шумораи маҳдуди маълумот барои омӯзиш – ҳамагӣ ҳудуди 35 соат, шабакаи нейронӣ нутқи тоҷикиро аллакай бо лаҳни табиӣ ва муназзам бозгӯ мекунад.

Барои “Азия-Плюс” иштирок дар ин лоиҳа на танҳо як саҳми технологӣ, балки таҷассуми рисолати фарҳангӣ ва иҷтимоии он мебошад.

“Ин на танҳо шарикии технологӣ, балки саҳмгузорӣ ба пешбурди забони миллии мо дар ҷаҳони рақамист, – таъкид месозад мудири кулли “Азия-Плюс” Умед Бобохонов. – Имрӯз сохтани чунин роҳҳои ҳал бо забони тоҷикӣ хеле муҳим аст, то ки забони мо дар сервисҳои муосир садо дода, дар шакли ёварони овоздиҳанда ва замимаҳои омӯзишӣ дастрас бошад. Аз дастгирии Re-skill дар ин самт хушнудем ва омодаем, ки минбаъд низ аз чунин ташаббусҳо пуштибонӣ кунем”.

Муассиси лоиҳаи Re-skill Фаррух Умаров мутмаин аст, ки шарикӣ бо гурӯҳи расонаҳо марҳилаи калидӣ дар рушди TTS хоҳад буд:

“Бовар дорем, ки забони тоҷикӣ ба мисли ҳама гуна дигар забонҳои саросари дунё ба муаррифиии хушсифати технологӣ арзанда аст. Ҳадафи мо дастрас намудани воситаест, ки ба ҳар нафар ҷиҳати ҳамгироии забони тоҷикӣ дар сервис ва замимаҳои худ имкон фароҳам орад.

Мо ин моделро барои ҷомеа роҳандозӣ кардем, то ки рушди муштарак ва ҷамъоварии шумори зиёди маълумотро ҳавасманд созем. Ҳамкорӣ бо “Азия-Плюс” ба мо ҷиҳати дастрасӣ ба манбаи арзишманди маводи овозӣ имкон дода, ба бунёди  заминаи технологӣ барои наслҳои минбаъдаи ёварони овозӣ ва маводи таълимӣ бо забони тоҷикӣ кумак мекунад”.

Система чӣ гуна кор мекунад?

Шабакаи нейронӣ бар асоси моделҳои бузурги забонӣ, ки бо аудиокодекҳои муосир ҳамгироянд, сохта шудааст. Система нутқро шинохта, ҷавобро бо ёрии LLM таҳия ва сипас онро бо забони тоҷикӣ бозгӯ мекунад. Чунин равиши зина ба зина на танҳо ҷиҳати ҳосил кардани овози синтезшуда, балки нутқи муколамавӣ ва пурмаънову фасеҳ имкон медиҳад.

Модел метавонад дохилӣ ва мустақилона истифода шавад, масалан мустақиман дар MacBook-и шумо.

Ҳамчунин Re-Skill барои шинохти нутқи Whisper модели худро роҳандозӣ намудааст, ки дақиқии баланди ифодаи овозҳои нутқ (транскрипсия) ва дастгирии забонҳои зиёдро таъмин мекунад.

Имрӯз муаррифии забони тоҷикӣ дар платформаҳои ҷаҳонии рақамӣ қариб ҷой надорад. Ин лоиҳа барои ҳузури комили он дар интерфейсҳои овозӣ, барномаҳои таълимӣ, расона ва сервисҳо замина мегузорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...