Дар Русия барои ба қайди ҳарбӣ нагузоштан метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд

Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии дарёфта барои даст кашидан аз ба қайди ҳарбӣ гузоштан ворид шуд. Санад дар пойгоҳи электронии Дума нашр шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи мудофиаи Дума Андрей Картаполов, раиси Комиссияи Дума оид ба тафтиши далелҳои дахолати давлатҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Русия […]

Asia-Plus

Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии дарёфта барои даст кашидан аз ба қайди ҳарбӣ гузоштан ворид шуд. Санад дар пойгоҳи электронии Дума нашр шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи мудофиаи Дума Андрей Картаполов, раиси Комиссияи Дума оид ба тафтиши далелҳои дахолати давлатҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Русия Василий Пискарев ва инчунин як зумра вакилони дигар пешниҳод шудааст.

Дар навиштаи шарҳи лоиҳа ишора мешавад, ки ин тағйирот ба беҳбуди самаранокии кори мақомоти машғул ба қайди ҳарбӣ ва умури дохилӣ равона шудааст.

Аз ҷумла пешниҳод мешавад, ки шиносномаи шахсоне, ки “бидуни сабаби узрнок” аз гузоштан ба қайди ҳарбӣ даст кашидаанд, гирифта шавад. 

Дар муддати 5 рӯз комисариати ҳарбӣ ҷиҳати хабар додан дар бораи ин афрод ба ВКД уҳдадор мешавад. Дар ВКД дар бораи маҳрум кардани шаҳрвандӣ қарор қабул мешавад. Аз замони ирсоли огоҳинома ба ВКД, ба шахс барои ихтиёрӣ ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ 30 рӯз муҳлат дода шуда, дар сурати иҷрои он аз шаҳрвандӣ маҳрум намекунанд.

Муаллифони ташаббус пешниҳоди лоиҳаро ба зарурати татбиқи муқаррароти дигар қонун, ки моҳи августи соли 2024 қабул шуда, барои маҳрумият аз шаҳрвандии дарёфта иҷро накардани уҳдадориро бобати дар қайди аввалияи ҳарбӣ нагузоштан асос дониста буд, шарҳ доданд. Ба иттилои РБК, аммо механизми иҷрои қонуни нав зикр нашуда буд.

“Тағйирот ба баланд бардоштани фаъолияти муштараки мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ, ки ба қайди ҳарбӣ машғуланд, имкон медиҳад”, – гуфта мешавад дар навиштаи шарҳи лоиҳаи қонун.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2024 Владимир Путин қонунеро ба имзо расонид, ки тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро дарёфтаанд, бояд худро ба қайди ҳарбӣ гузоранд.

Риоя накардани ин уҳдадорӣ барои маҳрумият аз шаҳрвандӣ асос шуда метавонад.

Дар лоиҳаи қонун тағйироте низ ҳаст, ки барои аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани кӯдакони шаҳрвандони хориҷии дорои шиносномаи Русия имкон медиҳанд.

Рейдҳои кормандони сохторҳои қудратӣ дар масҷиду бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба ихроҷи бархе аз онҳо боис гардида, мардони синнусоли даъвати ҳарбӣ, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, ба комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифтанд.

Бино ба навиштаи The Insider, моҳи майи соли ҷорӣ Александр Бастрикин изҳор дошт, ки дар ҷанг бо Украина зиёда аз 20 ҳазор нафар хориҷиёни дорои шаҳрвандии Русия иштирок мекунанд.

Ғайр аз ин, дар қироати аввал дар Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне қабул шуд, ки асосҳо барои маҳрум кардани аз шаҳрвандиро васеътар месозад. Дар қатори ҷиноятҳое чун бандитизм ва хиёнат ба давлат, илова намудани асосҳои нав, аз ҷумла ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ зидди манфиатҳои Русия, таблиғи рамзҳои миллатгароӣ ва таҳдид ба амнияти миллӣ пешниҳод мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.