Дар 5 моҳ қариб 13 ҳазор мошини барқӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст

Давоми 5 моҳи аввали солӣ 2025 ба Тоҷикистон 12 ҳазору 821 мошини барқӣ ё “электромобил” ворид гардидааст, ки қариб як баробар бештар нисбат ба нишондодҳои нимсолаи аввали соли гузашта будааст. Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки дар ним соли аввали соли 2024 ба Тоҷикистон 5 ҳазору 266 мошини барқӣ ворид гардида буд. Яъне, дар 5 […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Давоми 5 моҳи аввали солӣ 2025 ба Тоҷикистон 12 ҳазору 821 мошини барқӣ ё “электромобил” ворид гардидааст, ки қариб як баробар бештар нисбат ба нишондодҳои нимсолаи аввали соли гузашта будааст.

Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки дар ним соли аввали соли 2024 ба Тоҷикистон 5 ҳазору 266 мошини барқӣ ворид гардида буд. Яъне, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ин навъи нақлиёт нисбат ба 6 моҳи соли гузашта беш аз 1 баробар зиёд ворид шудааст.

Дар умум, тибқи иттилои ин ниҳод, то 1-уми июни ҳамин сол шумораи нақлиёти барқӣ дар кишвар ба 34 ҳазору 354 адад расидааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, то соли 2028 то 30% мошинҳо дар кишвар барқӣ ё “электромобил” шаванд. Бо назардошти ин, “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” қабул ва тадбирҳои зерин пешбинӣ гардидаанд:

– таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо;

– бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ;

– таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо;

– додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ;

– ташаккули маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ.

Дар ин Барнома зикр шудааст, ки қонеъ кардани талабот ба намудҳои нави мошинҳои барқӣ тавассути истифодаи иқтидори корхонаҳои хусусии ватанӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳоло дар кишвар як корхона – ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” истеҳсоли оммавии намудҳои нави автобусҳои барқиро ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар кишвар бо қарори ҳукумат воридоти мошинҳои барқӣ ба муҳлати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.

Шаҳрдории Душанбе ҳам қарор кардааст, ки то 1-уми сентябри соли 2025 кирокашҳои пойтахт ҳамагӣ бояд мошини барқӣ бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.