Раиси Кумитаи телевизион ва радио: Дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте дар пахши барномаҳо вуҷуд надорад

Муҳаммад Назар, Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудият барои пахши сурудҳои сарояндаҳо, хабари марг ё “некролог”-ҳо дар бораи даргузашти шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ ва иштироки мардон бо риш дар барномаҳо вуҷуд надорад. Ӯ дар ин бора рӯзи 21-уми июл дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш ҳарф зад.

“Қаблан ҳам дар ин мавзӯъ мушкиле набуд. Ба эфир одамони босавод ва мутахассисони касбӣ даъват мешаванд, то дуруст гап зананд ва тасвиру услуби барномаҳо ҳам хуб бошад”, – гуфт Носир Саид.

Ӯ дар мавриди он ки баъзе сарояндаҳо аз пахш нашудани сурудҳояшон дар телевизионҳои давлатӣ шикоят мекунанд, изҳор дошт, ки “агар мавридҳои мушаххасе вуҷуд дошта бошад, ҳунармандон метавонанд мустақиман ба Кумита муроҷиат кунанд”.

Ин гуфтаҳои раиси Кумита дар ҳолест, ки дар гузашта вуҷуди “рӯйхати сиёҳ” барои пахши суруди овозхонони тоҷик, пахш нашудани хабари марги шахсиятҳои маъруф ва иштироки мардони ришдор дар барномаҳо баҳсбарангез шуда буд. Дар мавриди мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” барои пахши суруди овозхонони тоҷик чанд сол инҷониб баҳсҳо вуҷуд доранд. Сарояндагон низ аз мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” нигаронӣ доранд, вале масъулин мегӯяд, “рӯйхати сиёҳ” вуҷуд надорад, пул диҳанд – минбар медиҳем”.

Роҳбари Кумитаи телевизион ва радио дар нишасти қаблии ин ниҳод норасоии мутахассисони техникӣ аз ҷумла, наворбардор, садобардор, садогузор ва кам будани идеяҳои ҷолиб, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошад, мушкили аслии соҳаи зери рорҳбариаш унвон карда буд. Ба гуфтаи ӯ, идеяҳои эҷодкорона, ки набзи бо зиндагӣ ҳамсон будани барномаҳоро таъмин кунанд, хеле каманд. Вале дигар номуайян боқӣ монд, ки ин мушкилиҳо ҳалли худро ёфтаанд, ё не.

Ёдовар мешавем, ки дар замони фаъолияти Нуриддин Саид, раиси пешини Кумитаи телевизион ва радио, ки бо иқдому баёнияҳои аҷибаш дар матбуот ва расонаҳо шӯҳрат дошт, дар телевизионҳои давлатӣ як қатор маҳдудият ҷорӣ шуда буд.

Аз ҷумла, ӯ иштироки мардони ришдорро дар рекламаи телевизионҳо “экспансия” ё интиқоли маҷбурии фарҳангу мафкура номида, чунин зуҳуротро хилофи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфта буд.

Ҳамчунин дар замони роҳбарии ӯ саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз телевизионҳо гум шуда буданд ва Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “Лаҳзаҳои гуворо” (гурӯҳи ҳаҷвӣ) аз онҳо пул талаб кардааст, вале Кумита тавони пардохти онро надорад. Ин дар ҳоле буд, ки ҳаҷвнигорон аз даъват нашуданашон ба телевизионҳо шиква доштанд.

 

"Барои таъсиси телевизион ва радиои нав дархост ворид нашудааст"

Носир Саид дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба ин ниҳод ягон дархост барои таъсиси телевизион ва радиои нав ворид нашудааст.

Ӯ гуфт, сабаби набудани дархостҳо барояш номаълум аст ва илова кард, ки агар дар оянда барои таъсиси шабакаҳои телевизионӣ ё радиоҳо ба Кумита дархост шавад, барои ин кор монеае вуҷуд нахоҳад дошт.

Ҳоло, тибқи иттилои Носир Саид, дар Тоҷикистон 104 телевизион ва радиои фаъолият мекунанд:

– 15 телевизионии давлатӣ ва 17 телевизионии хусусӣ,

– 10 радиои давлатӣ ва 24 радиои хусусӣ,

– 17 телевизиони ноқилӣ ва 5 телевизони IP,

– 16 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ.

Дар ин миён телевизионҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби андози мардум фаъолият мекунанд, аз имкониятҳои васеътаре бархӯрдоранд ва дар тамоми минтақаҳо дастрасанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...