Нуриддин Саид: “мо некрологҳоро манъ накардаем, шумо барномаҳои васеъ дар бораи Камолу Турсунзодаву Лоиқро надидед?”

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш, ба интиқодҳо дар мавриди нашр нашудани хабарҳо дар бораи даргузашти шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангӣ посух дод. Раиси Кумитаи телевизион ва радио ба суоли рӯзноманигорон посух дод, ки ҳеч касе дар телевизионҳо нашри хабари марг ё некрологҳоро манъ накардааст. […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш, ба интиқодҳо дар мавриди нашр нашудани хабарҳо дар бораи даргузашти шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангӣ посух дод.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио ба суоли рӯзноманигорон посух дод, ки ҳеч касе дар телевизионҳо нашри хабари марг ё некрологҳоро манъ накардааст.

"Мо дар бораи бузургони гузаштаи худ ҳамеша барномаҳои васеъ омода мекунем. Магар шумо барномаҳои мо дар бораи Камоли Хуҷандӣ, Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода ва бузургони дигарро тамошо накардед? Мо мухолифи барномаҳо дар бораи бузургон нестем, мо мухолифи барномаҳо дар бораи дурӯғбузургон ҳастем".

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон мавҷи интиқодҳоро ба роҳ андохтаанд, ки чаро дар шабакаҳои давлатии телевизион, дар мавриди даргузашти чеҳраҳои маъруфи илму фарҳанг хабарҳо нашр намешавад. Хусусан ин интиқодҳо, дар замони хуруҷи дигарбораи бемории коронавирус дар кишвар, ки хеле аз шахсиятҳои барҷастаи илмиву фарҳангии Тоҷикистонро қурбонӣ кард, доғ шудаанд.

Аммо Нуриддин Саид ба суол дар бораи чаро нашр нашудани некрологҳо посухи рӯшан надод. Раиси Кумита танҳо гуфт, ки онҳо дар бораи бузургон барнома месозанд ва нашр мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.