Нуриддин Саид риш дар рекламаи телевизионҳои давлатиро “экспансия” – и фарҳангу мафкура номид

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио дар робита ба  манъи наворҳои таблиғотии телевизионҳо (рекалам), ки иштирокчиёнашон бо риш намудор мешаванд, “экспансия” ё интиқоли маҷбурии фарҳангу мафкура номид ва гуфт, ки чунин зуҳурот хилофи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст. Номбурда, ки имрӯз, 8 феврал дар ҳузури журналистон суҳбат мекард, афзуд, барои он, ки як тарзи ҳаёт, […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио дар робита ба  манъи наворҳои таблиғотии телевизионҳо (рекалам), ки иштирокчиёнашон бо риш намудор мешаванд, “экспансия” ё интиқоли маҷбурии фарҳангу мафкура номид ва гуфт, ки чунин зуҳурот хилофи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.

Номбурда, ки имрӯз, 8 феврал дар ҳузури журналистон суҳбат мекард, афзуд, барои он, ки як тарзи ҳаёт, як тафаккур, як фарҳанг оламгир шавад, барандагони ҳамон фарҳангу мафкура бо шаклҳои мухталиф ҳамон фарҳангу мафкура ва тарзи ҳаётро экпансия ё ҷабран интиқол медиҳанд.

 “Чунин зуҳурот мухталиф ба истиқлолияти давлатӣ, ба оромию осоиштагӣ ба рушду суботи кишварҳои алоҳида, аз ҷумла ба Тоҷикистон аст.  Дар шакли кино, дар шакли китоб, дар шакли сару либос, дар шакли зоҳирӣ ҳам тақлид карда, экпансия мекунанд. Мо муқобили чунин зуҳурот ҳастем”, – иброз дошт раиси кумита.

Нуриддин Саид афзуд, ки барандагон ин фарҳангҳоро ҷабаран интиқол медиҳанд ва мехоҳанд, ки оламгир шавад.

“Экпансия” шудани фарҳанг ва мафкура дар посух ба суоли манъи наворҳои таблиғотии телевизионҳо (рекалам), ки иштирокчиёнашон бо риш намудор мешаванд, дар ҳолест, ки моҳи декабри соли 2021 намояндаи як ширкати тиҷоратӣ ба “Азия – Плюс” гуфта буд, яке аз телевизионҳои давлатӣ барои нашри навори таблиғотӣ, ки муҷрии навор риш дошт  худдорӣ карданд. Он замон аз Кумитаи телевизион ва радио шарҳ дода буданд, ки чунин тасмиме дар кори телевизионҳо нест ва дар ин бора ягон қарори дахлдор ё сандаи ҳуқуқие қабул нашудааст 

– Агар дар навори таблиғотӣ меъёри ахлоқӣ риоя нашавад, манъ мекунанд. Вале барои риш чунин маҳдудият нест. Дар телевизион формати муайян ҳаст, масалан, либос, чеҳра, одоби сухан ва қоидаҳои имло бояд пурра риоя шавад. Дар он формат дар бораи риш умуман чизе гуфта нашудааст, – гуфта буд сӯхангӯи Кумитаи телевизион Иброҳим Аҳмадов.

Аз телевизионҳо ҳам он замон гуфта буданд, ки чунин маҳдудият дар кори онҳо нест ва чандин наворҳои таблиғотии ширкатҳои тиҷоратӣ имрӯз, дар телевизиони онҳо нашр мешавад, ки ширкаткунандагон риш доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.