Беш аз 50 табиб дар шаш моҳи охир ба муҳоҷират рафтаанд, вале ин раванд коҳиш меёбад

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар шаш моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 51 табиб ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷират рафтаанд, вале сарфи назар аз ин, раванди муҳоҷиршавии табибон коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Абдуллозода гуфт, ки дар ин давра дар ҷамъ 655 табиб ба кор қабул гардида, 508 табиб соҳаро тарк кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз 508 нафар 40 кас ба нафақа баромада, 24 тани дигар фавтидаанд. Боқимонда, ба қавли ӯ, аз як беморхона ба беморхонаи дигар гузаронида шудаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, аз 51 нафаре, ки ба муҳоҷират рафтаанд, 31 нафари онҳо имрӯз ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияти худро идома медиҳанд.

Ҳамчунин, ӯ иддао кард, 51 нафаре, ки мақсади тарки соҳа карданашон муҳоҷират гуфта шуд, барои омӯзиши курсҳои дусола ва сесола ба дигар давлатҳо сафар кардаанд.

Абдуллозода изҳор дошт, ки сол аз сол бо мақсади муҳоҷират соҳаро тарк кардани табибон коҳиш меёбад ва дар муқоиса бо солҳои пешин, ки дар як сол то 500-600 табиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ин омор хеле коҳиш ёфтааст.

Ӯ сабаби коҳиши сатҳи муҳоҷирати табибонро беҳтар гардидани шароити кор дар беморхонаҳои кишвар ва боло рафтани маоши онҳо унвон кард.

“Бо беҳтар гардидани таъминоти беморхонаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, албатта, муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар давлатҳо камтар мешавад. Сабаби дуюм – ин баланд шудани маоши вазифавии табибон аст”, – гуфт Абдуллозода.

Норасоии кадрӣ

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, имрӯз дар соҳаи тибби кишвар 1 ҳазору 600 мутахассис намерасад. Ин дар ҳолест, ки танҳо соли ҷорӣ 2 ҳазору 945 нафар донишгоҳҳои тиббии кишварро хатм кардаанд.

“Агар ҳадди аққал, 50 дарсади донишҷӯёне, ки макотиби олии тиббии кишварро хатм карданд, ба кор раванд, мушкили норасоии кадрӣ ҳалли худро меёбад”, – гуфт Абдуллозода.

Ба иттилои ӯ, дар минтақаҳои дурдасти кишвар аксаран табибони оилавӣ, инчунин мутахасиссони соҳаҳои наркология ва силшиносӣ, ренгинологҳо ва дар баъзе манотиқ табибони бемориҳои занона ва ҷарроҳон намерасанд.

Вазири тандурустӣ мегӯяд, барои бартараф кардани камбудиҳои манотиқи дурдаст аз ҳисоби табибони вилоятӣ рӯйхат ташкил дода шудааст ва онҳо тибқи тартиб дар ноҳияҳо навбатдорӣ мекунанд.

“Инчунин, мо ба баъзе ноҳияҳое, ки норасоии кадрӣ доранд, тавсия медиҳем, ки агар, масалан, ба ренгенолог ниёз доранд, метавонем аз ҳисоби мутахассисони бахши ҷарроҳӣ ё шикастабандӣ таъмин кунем. Онҳо дар курсҳои такмили ихтисос омӯзиш гирифта, баъд ҳамчун мутахассиси ҳамон соҳае, ки ниёз ҳаст, фаъолият мекунанд”, – гуфт ӯ.

Вазири тандурустӣ зикр кард, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 150 табиб ва 63 ҳазору 783 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият мекунад. Шаш моҳ пеш гуфта мешуд, ки дар низоми тандурустӣ зиёда аз 22 ҳазор табибон ва 63,4 ҳазор кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...