Раиси Хадамоти алоқа мегӯяд, нархи интернет арзон ва суръати он тезтар шудааст. Корбарон чӣ мегӯянд?

Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки нархи интернет дар кишвар арзон ва суръати он беҳтар шудааст. Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон ҳоло ягон таърифа бо суръати пасттар аз 5 Мбит/с вуҷуд надорад. Аммо корбарони “Азия-Плюс” ҳоло ҳам аз суръати сусту нархи гарони интернет шикоят доранд. Исфандиёри Саъдулло ба рӯзноманигорон гуфт, […]

Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки нархи интернет дар кишвар арзон ва суръати он беҳтар шудааст. Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон ҳоло ягон таърифа бо суръати пасттар аз 5 Мбит/с вуҷуд надорад. Аммо корбарони “Азия-Плюс” ҳоло ҳам аз суръати сусту нархи гарони интернет шикоят доранд.

Исфандиёри Саъдулло ба рӯзноманигорон гуфт, ки тадриҷан арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с ба 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллари ИМА расонида шуд.

“Раванди мазкур идома ёфта, аз 15-уми июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ суръати интернет ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд”, – зикр кард раиси Хадамоти алоқа.

Ӯ афзуд, онҳое, ки таърифаи интернеташон ҳоло аз 5 Мбит/с паст аст, метавонанд ба ширкатҳои мобилии хидматрасон шикоят кунанд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш пурсиши "Азия-Плюс" аз ширкатҳои мобилӣ нишон дод, ки онҳо танҳо арзиши 1-2 тарофаро тағйир додаанду халос. Ба иттилои аз ширкатҳои мобилӣ дастрасшуда, баъзе ширкатҳо тарофаҳоро танҳо барои истифодабарандагони нав тағйир додаанд, яъне барои аксарияти муштариён чизе тағйир наёфтааст.

Сарфи назар аз ин, дар пурсише, ки имрӯз, 23-юми июл, “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронд, то кунун беш аз 40 дарсади пурсидашудагон аз нархи гарон ва суръати пасти интернет шикоят доранд.

Бино ба маълумоти Хадамот, теъдоди муштариёни ба шабакаҳои телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ васлшуда 8,3 млн нафарро ташкил дода, 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.

Дар радабандии моҳи апрели Speedtest Global Index Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети сабтшуда (ноқилӣ) миёни 155 кишвар зинаи 117-умро касб кардааст. Суръати миёнаи боргузорӣ 36,96 Мбит/с-ро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонии 98,3 Мбит/с камтар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.