“Қотилон то ҳол пайдо нашудаанд”. Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов куштори падар дар пеши чашми фарзандонро шарҳ дод

Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд куштори пурсарусадои шаби 27 ба 28-уми июн дар  ҷамоати Гулхонаро, ки дар пайи он падари хонавода дар пеши чашми фарзандонаш кушта шудааст, шарҳ дод. Дар бораи ин куштори Зариф Абдураҳимови 38 сола  “Азия-Плюс” се ҳафта пеш бо такя ба иттилои муовини додситонии ин ноҳия  ва раиси ҷамоати […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд куштори пурсарусадои шаби 27 ба 28-уми июн дар  ҷамоати Гулхонаро, ки дар пайи он падари хонавода дар пеши чашми фарзандонаш кушта шудааст, шарҳ дод.

Дар бораи ин куштори Зариф Абдураҳимови 38 сола  “Азия-Плюс” се ҳафта пеш бо такя ба иттилои муовини додситонии ин ноҳия  ва раиси ҷамоати Гулхона иттилоъ дода буд.

Олимбек Юлдошзода гуфт, ду нафар барои дуздии пул ба хонаи Зариф Абдураҳимов ворид шуда, дар пеши чашми фарзандонаш ӯро куштаанд ва баъдан фирор намудаанд.

“Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад, аммо то ҳол боздошт нашудаанд”, – гуфт Юлдошзода.

Се ҳафта пеш, Туйчибой Отамуродзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулхона гуфта буд, ки “маълум нест, ки ҷинояткорон пул ёфтаанд ё не. Вале ба даҳони фарзандони 14 ва 16-солаи Зариф Абдураҳимовро бо “скотч” баста, бо занҷир латукуб кардаанд.

 

“Ҳолати фарзандон ҳоло хуб буда, таҳти назорат ва табобати духтурҳо қарор доранд”,- зикр карда буд ӯ.

Суҳроб Сатторзода, муовини додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карда, гуфта буд, ки “гиреҳи ҷиноят кушода шуда, тафтишот идома дорад”. Аммо то ҳол аз натиҷаи тафтишот маълумот интишор нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд аст.

ВКД далелҳои афзоиши  куштор ва суиқасд ба ҷони одамонро шарҳ надод. Вале эҳтимол кушторҳои пайидарпайи Конибодом, ки давоми соли гузашта рух доданд, сабаби афзудани ин ҷинояти сангин дар кишвар шудааст. 

Дар пайи ин кушторҳо дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд. Додситонии кул дар пайванд ба ин кушторҳо 4 нафарро боздошт карда, тафтишот то ҳол идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.