Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни ҳамла ба “Крокус”-ро ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ дод

Asia-Plus

Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” –  Умедҷон Солиевро ба ҷустҷӯи байнулмилалӣ дод. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба вакили дифоъ Игор Трунов, ки аз манфиатҳои ҷабрдидагон ҳимоят мекунад, иттилоъ медиҳад.

Тибқи фарзияи тафтишот, Солиев ҳамлагаронро бо силоҳ таъмин кардааст. Вакили дифоъ гуфтааст, дар Русия ӯ ба руйхати террористон шомил гардида, дар Тоҷикистон ба содир намудани ҷинояти роҳзанӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи Трунов, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 9 нафарро зери ному насаб ва лақабҳои гуногун, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мавриди пайгард эълон кардаанд.

“Зубайдулло Исмоилов қаблан дар Тоҷикистон барои даъватҳои оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионӣ маҳкум шуда буд. Ному насаби дигарон ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот ифшо намешаванд”, – илова намудааст вакили дифоъ.

Қаблан аз маводи парванда маълум шуд, ки Солиев, Исмоилов ва Гадоев барои иҷрокунандагони ҳамла ба “Крокус” аз Доғистон силоҳи оташфишон оварда, ба дасти яке аз онҳо месупоранд.

Трунов зикр кардааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия ҳамаи иштирокчиёни мавриди пайгард эълоншуда дар доираи парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла бародраи иҷрокунандаи бевоситаи амали террористӣ – Муҳаммадсобир Файзовро ба ихтиёри Русия дода метавонанд. Файзови калонӣ, ки мақомоти Русия ҷустуҷӯ доранд, то эълони пайгард дар Туркия зиндагӣ мекард.

Бино ба маълумоти тафтишот, ӯ узви созмони террористии манъшудаи “Давлати исломӣ” мебошад. Иштирокчиёни бевоситаи ҳамла Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин, ки қаблан дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти марбут ба дахолатнопазирии ҷинсӣ маҳкум шудааст, то ҳамла ба толори консертӣ дар вилояти Маскав чанд муддат дар хонаи бародари Муҳаммадсобир Файзов иқомат доштаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 август мурофиаи додгоҳии парванда нисбат ба 19 нафар иштирокчиёни амали террористӣ оғоз мегардад.

Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Красногорски вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Пас аз амали террористӣ чор нафар иҷрокунандагон – шаҳрвандони Тоҷикистон – Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин кӯшиш карданд, ки пинҳон шаванд, вале дар қаламрави вилояти Брянск боздошт ва ба Маскав интиқол дода шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...