Санаи баргузории мурофиаи додгоҳии муттаҳамон дар ҳамла ба “Крокус” таъин шуд

Рӯзи 4 август соати 11:00 дар Додгоҳ (Суд)-и 2-юми ҳарбии ҳавзаи Ғарб баррасии парванда нисбат ба 19 иҷрокунанда ва ҳамдастони амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл”, ки соли 2024 дар Красногорск рух дод, оғоз мегардад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳ иттилоъ медиҳад. Мурофиа дар яке аз биноҳои […]

Рӯзи 4 август соати 11:00 дар Додгоҳ (Суд)-и 2-юми ҳарбии ҳавзаи Ғарб баррасии парванда нисбат ба 19 иҷрокунанда ва ҳамдастони амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл”, ки соли 2024 дар Красногорск рух дод, оғоз мегардад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳ иттилоъ медиҳад.

Мурофиа дар яке аз биноҳои Додгоҳи шаҳри Маскав баргузор мешавад.  Парванда аз ҷониби ҳайати мушовараи иборат аз се додрас (судя) баррасӣ мешавад. Баррасии пешакии парванда рӯзи 21 июл ба таври пӯшида доир гардид.

Бино ба маълумоти ТАСС, ки бо асноди парванда шинос шудааст, чор нафар аз иштирокчиёни парванда аз додгоҳ дархост намудаанд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудан нисбаташон қатъ карда шавад. Яке аз онҳо дархост намудааст, ки парванда бо иштироки ҳайати ҳакамон (присяжные заседатели) баррасӣ шавад.

“Аз ҷониби айбдоршавандагон ва вакилони дифои онҳо дархостҳои зерин пешниҳод шуданд: Умедҷон Солиев – баррасии парванда аз ҷониби ҳайати мушовараи иборат аз се додрас; Зубайдулло Исмоилов, Ҷабраил Аушев, Ҷумъахон Қурбонов ва Исроил Исломов – қатъи ҷалб ба ҷавобгарии ҷиноятӣ; Лутфуллои Назримад, Ҳусейн Медов, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо – баррасии парванда бо иштироки ҳайати ҳакамон”, – зикр мешавад дар ҳуҷҷат.

Вакили дифоъ (адвокат) Людмила Айвар, ки аз манфиатҳои 95 ҷабрдида дар парванда ҳимоя мекунад, ба ТАСС изҳор доштааст, ки додгоҳи ҳарбӣ қатъи ҷалб ба ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати 4 нафар айбдоршавандагон ва инчнуин баррасии парванда бо иштироки ҳайати ҳакамонро рад кардааст.

“Ғайр аз ин, додгоҳ дархости баъзе аз айбдоршавандагонро дар мавриди ба тафтиши дубора баргардогнидани маводи парванда рад кард”, – таъкид доштааст вакили дифоъ.

Гуфта мешавад, аз 2,3 ҳазор ҷабрдидагон дар парванда на зиёдтар аз 150 нафарашон бевосита дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 22 марти соли 2024 чор нафар террористон дар толори консертии “Крокус Сити Холл” ба тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ба сӯи тамошобинон о-оз карда, биноро оташ заданд. Дар натиҷа сӯхтор сар зада, он масоҳати 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Танҳо бегоҳии рӯзи 23 март сӯхтор комилан хомӯш карда шуд. Дар ҷараёни амали террористӣ ва сӯхтор 149 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 500 нафар осеб диданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.