Оғози омӯзиши забони ҷопонӣ барои кори минбаъда дар Ҷопон. Шартҳои муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар кадомҳоянд?

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро ба омӯзиши забони ҷопонӣ барои кори минбаъда дар Ҷопон даъват кардааст. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, сабтином аллакай оғоз гардида, беш аз ду ҳафта идома мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар ин давра танҳо 60 нафар дар курсҳои омӯзиши забон саб ва се моҳ […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро ба омӯзиши забони ҷопонӣ барои кори минбаъда дар Ҷопон даъват кардааст. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, сабтином аллакай оғоз гардида, беш аз ду ҳафта идома мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра танҳо 60 нафар дар курсҳои омӯзиши забон саб ва се моҳ омӯзиш дода мешаванд. Манбаъ мегӯяд, яке аз шартҳои асосии кор дар Ҷопон ин донистани забони ҷопонӣ дар сатҳи муошират аст.

Гуфта мешавад, “шаҳрвандоне, ки ин забонро муваффақона аз худ мекунанд, барои сафарбаршавӣ барои кор дар соҳаҳои гуногун дар кишвари Ҷопон дар соли 2026 ба қайд гирифта мешаванд”.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки забони ҷопониро медонанд ва ё дар дигар курсҳо омӯзиш гирифтаанд, метавонанд имтиҳон супорида барои кор дар ин кишвар худро сабтином кунанд.

 

Кор дар кадом соҳаҳост ва музди меҳнат чӣ қадар аст?

Аз Хадамоти муҳоҷират ба Азия-Плюс гуфтанд, кормандон дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сохтмон, киштисозӣ ва боркашонӣ, саноати авиатсия, роҳи оҳан, моҳипарварӣ, хоҷагии қишлоқ ва ҷангал ва саноати коркарди чӯб барои кор ба кишвари Ҷопон фиристода мешаванд.

Шаҳрвандони аз 20 то 39-сола, ки доғи судӣ надоранд ва забони ҷопониро дар сатҳи муошират медонанд, метавонанд барои сабтином ва кори минбаъда муроҷиат кунанд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони кишвар соли 2026 ба Ҷопон фиристода мешаванд, аммо ҳанӯз теъдоди онҳо дақиқ нест.

Манбаъ гуфт, музди меҳнат аз 12 доллар дар як соат оғоз шуда, корманд аз ҷониби корфармо бо манзил ва се вақт хӯрок таъмин мешавад. Аммо маблағи раводид ва чипта аз ҷониби худи корманд пардохта мешавад.

Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, шаҳрвандоне, ки хоҳиши омӯзиши забони ҷопониро доранд, ба ин ниҳод, воқеъ дар ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯч. С. Айнӣ 121 муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои 225-05-75; 225-02-21 тамос бигиранд.

Ёдрас мешавем, ки Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти қаблӣ аз имзои шартнома ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ҷопон барои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ иттилоъ дода буд. Ӯ таъкид карда буд, ки соли 2024 Вазорат дар соҳаи меҳнат бо 15 кишвар 41 санади ҳуқуқӣ ба имзо расонид. Дар байни онҳо Ҷопон ва Корея, Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Чин қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.