Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки агар мусулмоне чанд бор ҳаҷҷи умра кунад ҳам, ҳаҷҷи фарзӣ аз гарданаш соқит намешавад. Ӯ ҳамчунин, чӣ гуна дар кишвари мо маъмул шудани истилоҳи “ҳоҷӣ”-ро ҳам шарҳ дод. Муфтӣ гуфт, ки ҳаҷ мадраса ё ҳавзаи илмӣ нест, ки шахс бираваду биёяд, ба ӯ 100 дарсад бовар кунед.
Чӣ гуна ҳоҷӣ гуфтан маъмул шуд?
Муфтии кишвар рӯзи 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид кард, ки ҳама гуна ибодат муносибати банда бо Худояш аст ва он ба ҳеҷ инсоне вобастагӣ надорад.
“Ҳамаи ибодатҳоямонро бояд ба хотири Худо анҷом диҳем. Ҳоло агар касе ҳаҷ меравад, ё умра меравад, ба дигар инсонҳо ягон иртиботе, пайвастагие надорад. Ин муносибати банда бо Парвардигораш аст, тамом”, – гуфт Абдулқодирзода
Мавсуф гуфт, ки ин гуна “ҳоҷӣ” гуфтан ба кишвари мо маъмул шуд: танзимгароне, ки дар Ҳарам кор мекунанд, номи ҳеҷ каси ба ҳаҷ рафтаро намедонанд, ба ин хотир, аз рӯйи одоб онҳоро “ҳоҷӣ” садо мекунанд. Тоҷикистониён вақте ин истилоҳро дар Ҳарам зиёд мешунаванд, дар зеҳн мегиранд ва вақте ба ватан баргаштанд, ҳоҷӣ гуфтан мегиранд.
Ӯ дар идома афзуд, “агар номи касро медонед, ки Рустам, Сӯҳроб ё Аҳмад ё Маҳмуд аст, беҳтар аст “бародар Аҳмад” ё “бародар Маҳмуд” садо кунед. Ин беҳтарин эҳтиром аст”.
“Ҳаҷ мадраса нест, ҳавзаи илмӣ нест”
Муфтии Тоҷикистон таъкид кард, ки “ҳаҷ донишгоҳ нест, ҳавзаи илмӣ нест, ҷои таълими одобу ахлоқ нест ва маънои онро надорад, ки шахсе ҳаҷ мекунад, аз Худо битарсад, маълумоти пурраву дақиқи аниқ пайдо кунад, касеро фиреб надиҳад”.
Ба қавли муфтӣ, шаҳрвандон вақте ба Раёсати фатвои Шӯрои уламо муроҷиат мекунанд, далел меоранд, ки ба хотири ҳоҷӣ будани ҷониби дигар ба ӯ бовар кардаанд, вале ин содагӣ ва хуб огоҳ набудани ҷомеаро нишон медиҳад, зеро на ҳар шахсе ба ҳаҷ меравад, инсони комил шуда бармегардад.
“Баъзеҳое, ки ба ҳаҷ мераванду меоянд, аз Ислом ҳеҷ хабар надоранд, ҳатто дар ҳамон ҷо ҳам рукнҳои ҳаҷро адо намекунанд ва маънои онро надорад, ки инсон ба куллӣ тағйир меёбад. Бояд тағйир биёбад, лекин тағйир намеёбад. Маънои тағйир наёфтанаш ҳам ин аст, ки ҳаҷҷаш қабул нашудааст. Ба ҳар ҳол, ҳаҷ мадраса нест, ҳавзаи илмӣ нест, ҷои таълиму тарбия нест, ки бираваду биёяд, ба ӯ 100 дарсад боварӣ кунед”, – таъкид кард Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло дар манотиқи гуногуни кишвар барои садо кардани касе гоҳо “ҳоҷӣ” мегӯянд. Ин тарзи муносибат ба хотири эҳтиром, арҷгузорӣ ва ҳурмати ҷониби дигар истифода мешавад. Аммо он бархеҳоро нигарон ҳам кардааст ва ба эътиқоди диниашон сахт мерасад.
Ҳаҷҷи умра фарзи Худоро соқит мекунад?
Сарфи назар аз ин, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтанд ва солҳои охир ба умра рафтани сокинон зиёд шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандонро ба танзим даровардаанд, вале чанд сол боз зоирони тоҷик тавассути ширкатҳои ватанӣ ва ё бо ширкатҳои кишварҳои ҳамсоя бештар ба умра мераванд.
Ин мавзӯъ ҳам дар нишасти матбуотии Кумитаи дини Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифт ва муфтии кишвар ба он посух гуфт.
“Агар як мусулмон чанд маротиба ба ҳаҷҷи умра ҳам равад, як суннатро ба ҷо овардааст ва ҳаҷҷи фарзӣ аз гардани ӯ соқит намешавад”, – зикр кард Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷ яке аз 5 унсури дини мубини Ислом аст ва барои мусулмонон адо кардани он фарз дониста мешавад, аммо бо як зумра шароит.
Шартҳои асосӣ барои фарз будани ҳаҷ чунин аст: аввалан, шахс бояд мусулмон, болиғ ва оқил бошад. Сониян, ӯ бояд озод бошад, яъне ғулом набошад. Аммо муҳимтарин шарт ин иститоъат (қудрат ва тавоноӣ) мебошад. Иститоъат маъно дорад, ки мусулмон дорои қудрати молӣ ва ҷисмонӣ барои иҷрои ҳаҷ бошад. Ин шомили дошани пули кофӣ барои сафар, масрафҳои ҳаҷ, нафақаи хонавода то вақти бозгашт, инчунин саломатии ҷисмонӣ барои иҷрои маносики душвори ҳаҷ мешавад.
Барои занон шарти иловагӣ вуҷуд дорад – онҳо бояд бо маҳрам (шавҳар ё хешовандони наздики мард) ба ҳаҷ раванд. Агар ин шартҳо иҷро нашаванд, ҳаҷ барои чунин шахс фарз нест.
Ҳамин тариқ, ислом танҳо барои онҳое ҳаҷро фарз кардааст, ки воқеан қобилияти иҷрои ин фаризаи Исломро доранд.
Дар ҳамин ҳол, мусулмонон метавонанд, ки ба ҷуз аз ҳаҷ, дар дигар вақти ба худ муносиб умра ба ҷо оваранд. Умра ҳаҷҷи хурд ба ҳисоб меравад ва танҳо қисме аз маросими ҳаҷро дар он адо мекунанд.
Ҳаҷҷи фарзӣ ва умраи тоҷикистониён
Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки имсол ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтаанд. Аммо Арабистони Саудӣ барои ҳаҷ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо карда буд.
Дар воқеъ, дар мавсими ҳаҷҷи имсола, ба гуфтаи Кумитаи дин, як шаҳрванди Тоҷикистон бо марги табиӣ дар Арабистони Саудӣ вафот карда ва тибқи тартиб ҷасади ӯ дар ҳамон ҷо дафн шудааст.
Ғайр аз ин, дар нимсолаи якуми соли 2025 бо ширкати “Мунзал” 1 ҳазору 29 нафар ва бо ширкати “Ормон” 1 ҳазору 124 нафар шаҳрванди кишвар барои адои умра ба Арабистони Саудӣ рафтаанд.
Аммо бояд гуфт, ки омори дақиқи шаҳрвандони ба умра рафтаи Тоҷикистон дастрас нест. Зеро шаҳрвандони Тоҷикистон тавассуди кишварҳои гуногун, ба вижа Ӯзбекистон ва Русия ба умра мераванд.
Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.
Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” аз “А” то “Я”-и сафари ҳаҷро мутолиа кунед.


