Ҳукумат лоиҳаи қонуни мақоми омӯзгорро маъқул донистааст

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро маъқул дониста, онро барои баррасӣ ба парлумони кишвар фиристодааст. Дар ин бора сомонаи раисҷумҳури кишвар хабар дода, гуфтааст, ки  ин тарҳ имрӯз, 31-уми июл, дар маҷлиси ҳукумати кишвар маъқул дониста шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта дар суханронии худ ба […]

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро маъқул дониста, онро барои баррасӣ ба парлумони кишвар фиристодааст.

Дар ин бора сомонаи раисҷумҳури кишвар хабар дода, гуфтааст, ки  ин тарҳ имрӯз, 31-уми июл, дар маҷлиси ҳукумати кишвар маъқул дониста шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи нигаронӣ карда буд.

“Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”, – гуфта буд ӯ.

Он замон раисҷумҳур ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

Баъдтар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин қонун он аст, ки омӯзгорон танҳо ба таълим машғул бошанд ва ба корҳои дигар ҷалб нашаванд.

Ҳамчунин ӯ гуфт, "ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ба дарси омӯзгор халал расонад, ҳатто вазир".

Сокинон дар бораи мақоми омӯзгор чӣ мегӯянд? Дар навори зерин бубинед:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.