Тоҷикистон аз ташкили кишвари соҳибистиқлоли Фаластин ҷонибдорӣ кард

Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони миллали муттаҳид (СММ) гуфтааст, ки иҷрои қатъномаҳои СММ дар мавриди ташкили давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967, ягона роҳи таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа мебошад. Ӯ ин нуктаро рӯзи 30-юми июл дар Конфронси байналмилалии ҳалли қазияи Фаластин, ки дар қароргоҳи […]

Asia-Plus

Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони миллали муттаҳид (СММ) гуфтааст, ки иҷрои қатъномаҳои СММ дар мавриди ташкили давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967, ягона роҳи таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа мебошад. Ӯ ин нуктаро рӯзи 30-юми июл дар Конфронси байналмилалии ҳалли қазияи Фаластин, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд, изҳор доштааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, дар конфронс намояндаи кишвари мо гуфтааст, ки “Тоҷикистон дар доираи имконоти худ ба мардуми Фаластин кумаки башардӯстона расонидааст ва минбаъд низ омодааст, ки ба он ниёзмандон дастгирии хешро дареғ надорад”.

Бояд гуфт, Тоҷикистон борҳо ба ташкили давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 таъкид карда, инро ягона роҳи ҳалли қазияи Фаластин номидааст.

Аз вазъи ташвишовари сокинони навори Ғазза, ки тайи се соли охир дар бадтарин шароит қарор доранд, низ борҳо изҳори нигаронӣ карда, хостори ҳалли ҳарчи зудтари ин мушкил шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон Сафорати давлати Фаластин фаъол аст.

 

Эълони 15 кишвари ҷаҳон аз тасмими эътирофи давлати Фаластин

Дар конфронси мазкур вазирони корҳои хориҷаи 15 кишвар ҷонибдории худро аз таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластин иброз карда, дар як изҳороти муштарак аз ҳамаи кишварҳо даъват намуданд, ки аз онҳо пайравӣ кунанд.

Муаллифони изҳорот “вафодории қавии худ” ба ҳалли масъалаи Исроил ва Фаластин бо усули ду давлатро баён доштаанд.

Зери ин баёния вазирони корҳои хориҷии Фаронса, Финландия, Ирландия, Испания, Портулагия, Люксембург, Словения, Малти, Андора, Сан-Марино, Норвегия, Исландия, Австралия, Канада ва Зеландияи нав имзо гузоштаанд.

Дар баробари ин, кишварҳои мазкур ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023-и "Ҳамос" ба Исроиро маҳкум карда, хостори озодии гаравгонҳои боқимонда шуданд.

Пештар аз ин, Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса гуфт, кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт. Исроил ин тасмими Фаронсаро маҳкум кард.

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ҳам рӯзи сешанбеи 29 июл эълон кард, ки агар Исроил дар Ғазза оташбас ҷорӣ накунад, Бритониё моҳи сентябр кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад.

Конфронси байналмилалии ҳалли қазияи Фаластин дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъити инсонӣ дар Навори Ғазза бадтар шуда, Созмони Милали Муттаҳид аз қаҳтии густурда дар ин минтақа ҳушдор додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.