Боронҳои кӯтоҳмуддату ҳавои гарм. Ҳавои Тоҷикистон дар моҳи август чӣ гуна хоҳад буд?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Моҳи август дар Тоҷикистон билохира боришот дар назар аст, лекин кӯтоҳмуддат. Дар баъзе минтақаҳо ҳарорат дар ҳудуди 40 дараҷа боқӣ монда, дар баъзе ҷойҳо каме поин меравад, вале начандон назаррас. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳарорат баъзен 1-2 дараҷа аз меъёр боло рафта, дар водиҳо 26-28 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ – 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар даҳаи аввали моҳ ҳарорат шабона 22-27 дараҷа ва рӯзона 35-40 дараҷа, дар ҷануб 38-43 дараҷа гарм дар назар аст. Дар давраи боқимонда ҳарорат дар водиҳо шабона аз 19-24 то 15-20 дараҷа, рӯзона – аз 35-40 то 32-37 дараҷа, дар доманакӯҳҳо рӯзона аз 29-34 то 22-27 дараҷа, шабона – аз 15-20 то 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Боришот асосан дар аввал ва охири моҳи август дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар назар буда, миқдори моҳонааш аз меъёр поинтар аст. Дар водиҳо баъзан тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар вилояти Суғд ҳарорат баъзан 1 дараҷа аз меъёри иқлимӣ боло рафта, дар водиҳо 26-27 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 15 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар даҳаи аввали моҳи август ҳарорат дар водиҳо шабона 19-24 ва рӯзона – 34-39 дараҷа гарм мешавад. Дар давраи боқимонда ҳарорат дар водиҳо шабона аз 16-21 то 13-18 дараҷа, рӯзона – аз 32-37 то 29-34 дараҷа; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 10-15 то 6-11 дараҷа, рӯзона – аз 22-27 то 18-23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Ба эҳтимоли зиёд дар нимаи аввал ва охири моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳарорат 1 дараҷа поинтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, 17-22 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат рӯзона аз 29-34 то 24-29 ва шабона аз 13-16 то 10-15 дараҷа аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ асосан дар охири моҳи август борону раъду барқ пешбинӣ шуда, дар ғарби ВМКБ боришот дар назар нест.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорат баъзан 1 дараҷа болотар аз меъёр шуда, 10-12 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳарорат метавонад шабона аз 6-11 то 2-7, рӯзона – аз 18-23 то 12-17 дараҷа гарм тағйир ёбад.

Миқдори боришоти моҳона аз меъёр зиёд мешавад (меъёр 5-17 мм). Дар ноҳияҳои ҷудогона суръати шамол баъзан то 12-17 м/сония пурзӯр мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...