Истеҳсоли гӯшту шир ва тухм дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзуд

Дар зарфи 6 моҳи соли равон истеҳсоли гӯшту шир ва тухм дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зиёд шуд. Ҳукумат ният дорад, ки минбаъд аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулот, воридоти онҳоро кам кунад. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 98,8 ҳазор тонна гӯшт бо […]

Дар зарфи 6 моҳи соли равон истеҳсоли гӯшту шир ва тухм дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зиёд шуд. Ҳукумат ният дорад, ки минбаъд аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулот, воридоти онҳоро кам кунад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 98,8 ҳазор тонна гӯшт бо вазни зинда истеҳсол шудааст, ки 11,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Ҳаҷми асосӣ – 88,6% ба хоҷагиҳои ёрирасони шахсии аҳолӣ рост меояд. Ҳиссаи хоҷагиҳои  деҳқонӣ 9,9% ва ҷамъиятӣ – 1,5%-ро ташкил медиҳад. Пешсаф аз лиҳози минтақа вилояти Хатлон аст, ки ҳиссааш аз ҳаҷми умумӣ ба 46,6% баробар аст.

Истеҳсоли гӯшти паранда дар нимсолаи аввал 19,7 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 2,6% бештар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ҳамин ҳол, 85,9%-и ин маҳсулотро хоҷагиҳои ҷамъиятӣ таъмин кардаанд, ки нақши калидии онҳоро дар ин соҳа таъкид месозад. Ҳиссаи аз ҳама зиёдтар ба вилояти Суғд – 49,6% рост меояд.

Дар истеҳсоли тухми мурғ низ афзоши назаррас ба мушоҳида мерасад. Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 669,2 млн донна тухми мурғ истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 23,2% баландтар аст. Ҳиссаи асосӣ (80,1%)-ро хоҷагиҳои ҷамъиятӣ таъмин карда, миёни минтақаҳо бо ҳиссаи 68,7% вилояти Суғд пешсаф аст.

Истеҳсоли шир низ афзуд: дар нимсолаи аввал 436,9 ҳазор тонна истеҳсол шудааст, ки 5,8% зиёдтар нисбат ба соли пешин аст. Қисмати зиёд (92,8%) ба аҳолӣ рост меояд. Тақрибан 39% аз ҳаҷми умумиро вилоятҳои Суғду Хатлон таъмин кардаанд.

Мувофиқи пешгӯиҳои ҳукумат, давоми солҳои 2026-2028 афзоиши истеҳсол дар ҳамаи самтҳои асосии чорводорӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҷараёни мусбат ба таҳкими амнияти озуқаворӣ ва коҳиши вобастагӣ аз воридот мусоидат менамояд.

Дар назар аст, ки соли 2028 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, аз ҷумла гӯшти паранда – ба 69 ҳазор тонна расонида шавад. Истеҳсоли тухм то 1,462 млрд дона, шир – то 1 млн 349 ҳазор тонна меафзояд.

Дар доираи стратегитяи саноати коркард, то соли 2028 то ба 116,7 ҳазор тонна расонидани коркарди гӯшт, то ба 114,6 ҳазор тонна афзудани истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва то ба 1,46 млрд дона афзудани истеҳмоли тухм ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон бо афзоиши истеҳсол дар кишвар, коҳиши воридоти маҳсулоти чорводорӣ ба мушоҳида мерасад. Аллакай дар соли 2026 воридоти гӯшт то 9 ҳазор тонна ва шир – то 16 ҳазор тонна кам мешаванд. Соли 2027 ҳаҷми воридоти гӯшт 8 ҳазор тонна ва шир – 15 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. То соли 2028 коҳиши минбаъда пешгӯӣ мешавад: 7 ҳазор тонна гӯшт ва 13 ҳазор тонна шир. Ҷумҳурӣ аллакай ба истиснои тухмҳои инкубатсионӣ, дигар навъҳои тухм намехарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.