Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф: Мактаби “Сомониён”-и афғонистониҳо бе иҷозатнома фаъолият дорад

“Сомониён” – ягона мактаби муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикитон бидуни иҷозатнома фаъолият дорад. Дар ин бора Муҳаммадтоир Саидзода, раҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, вобаста ба мактаби “Сомониён” бо Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мулоқот доштааст. “Дар он вохӯрӣ дар мавриди ҳалли баъзе […]

“Сомониён” – ягона мактаби муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикитон бидуни иҷозатнома фаъолият дорад. Дар ин бора Муҳаммадтоир Саидзода, раҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, вобаста ба мактаби “Сомониён” бо Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мулоқот доштааст.

“Дар он вохӯрӣ дар мавриди ҳалли баъзе масъалаҳо пешниҳод додем. Дар асоси он мувофиқае, ки ба даст оварда будем, онҳо бояд ба Агентӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат мекарданд, вале дигар муроҷиат накарданд. Аммо барои дарёфти иҷозатномаи идомаи фаъолияти мактаб бояд муроҷиат кунанд”, – изҳор дошт Саидзода.

Роҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф дар нишасти матбуотии нимаи соли 2024 гуфта буд, барои ҳалли ин мушкилӣ онҳо ба сафир пешниҳод кардаанд, ки кори муассиса дар доираи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҷониби сафорат дар ин маврид то ҳол ба мувофиқа нарасидааст.

Директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф яке аз мушкилиҳои дигари мактаби мазкурро ба санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки бояд пешниҳод шаванд, рабт дода буд.

 

Бояд гуфт, муҳлати иҷозатномаи фаъолияти мактаби “Сомонииён” , 17-уми октябри соли 2024 ба охир расида буд. Чанд ҳафта қабл аз анҷоми иҷозатномаи кори ин мактаб Зоҳир Ағбар дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳори боварӣ карда буд, ки иҷозатномаи фаъолияти мактаб тамдид мешавад.

Он замон ӯ барои тамдиди фаъолияти ягона мактаби муҳоҷирон ва паноҳандагони афғонистонӣ дар кишвари мо ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рафта буд. Зоҳири Ағбар баъди мулоқот бо намояндаҳои ин ниҳод гуфта буд, масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон ваъда додаанд, ки дар ин масъала бо сафорати Афғонистон ҳамкориҳои лозимиро анҷом хоҳанд дод.

Он вақт аз Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ҳамаи масъалаҳои дар рафти вохӯрӣ баррасигардида таклифу пешниҳодҳо буданд. Дар ин ниҳод ба сафири Афғонистон гуфтаанд, ки пешниҳодҳои онҳоро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) баррасӣ карда, баъдан ба Вазорати маориф ва илм мактуб пешниҳод мекунад.

“Дар сурати розигии ВКХ Вазорати маориф ва илм метавонад, ки доир ба ин масъала корбарӣ кунад”, – гуфта буданд аз Вазорати маориф ва илм.

Аммо он замон аз ВКХ ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ посух доданд, ки масъули ҳалли ин масъала Вазорати маориф ва илм аст.

 

Мактаби “Сомониён” соли 2001 дар Душанбе таъсис ёфт. Дар ин мактаб то замони қудратро ба даст гирифтани “Толибон”* дар Афғонистон фарзандони муҳоҷирону паноҳандагони ин кишвар таълим мегирифтанд. Худи мактаб бошад, мувофиқи меъёри Вазорати маорифи Афғонистон фаъолият мекард. Ҳамчунин, пули иҷораи мактабро ин вазорат пардохт мекард.

Аммо пас аз дубора ба қудрат баргаштани “Толибон” мактаби мазкур ба мушкилоти молиявӣ дучор шуд. Маблағи иҷораи онро Сафорати Амрико дар Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2024 пардохта буд.

Баъди он мактаб ба далели қарздорӣ аз соҳибмулки бинои қаблиаш– Ҷамъияти саҳҳомии “Равғани тоҷик” ба бинои Сафорати Афғонистон кӯчид.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби мазкур гуфта буд, ки ин мактаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор аст. Зоҳир Ағбар ваъда дода буд, ки қарзи мактаб пеши соҳибмулки қаблӣ ҳал хоҳад шуд.

То кунун толибилмони ин мактаб дар бинои Сафорати Афғонистон, ки пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар ин кишвар дар тобистони соли 2021 ба таври пурра фаъолият надошт, таҳсили худро идома медиҳанд.

Зоҳир Ағбар қаблан гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон ваъда кардааст, барои мактаб ҷойи мушаххасеро ҷудо мекунанд. Аммо, ба гуфтаи сафир, ин кор вақт мехоҳад. Вале бо гузашти беш аз як сол тақдири ин мактаб норӯшан боқӣ мемонад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.