Ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст

Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки “ҳайати баландпояи Тоҷикистон”, ки чанд рӯз пеш ба Кобул сафар кардааст, бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* вохӯрдааст. Интизор меравад, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ дидор кунад. Ба гузориши шабакаи “Тулӯъ Нюс”, меҳвари асосии гуфтугӯҳои ҳайати Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ […]

Таҳияи Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки “ҳайати баландпояи Тоҷикистон”, ки чанд рӯз пеш ба Кобул сафар кардааст, бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* вохӯрдааст. Интизор меравад, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ дидор кунад.

Ба гузориши шабакаи “Тулӯъ Нюс”, меҳвари асосии гуфтугӯҳои ҳайати Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ “масъалаҳои сиёсӣ, робитаҳои Кобулу Душанбе ва беҳбуди сатҳи тиҷорат миёни ду кишвар” будааст.

Ба навиштаи телевизиони “Ому”, ҳайати Тоҷикистон аз 14 мақомдор, аз қабили мақомҳои амниятӣ, истихборотӣ, масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ иборат мебошад.

“Ин ҳайат шомили муовини аввали роҳбари нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фиристодаи вижаи Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати сарҳадӣ, коршиноси аршади амнияти миллӣ, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон (ВМКБ), сардори Раёсати идораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомҳои амниятии Тоҷикистон аст”, – навиштааст ин расона.

Ҳарчанд тафсилоти дидори ин ҳайат бо Толибон то ҳол ифшо нашудааст, аммо ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, ҳадафи сафари ин ҳайат музокира бо мақомоти Толибон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди фиристодани ҳайате ба Кобул то кунун вокунише нишон надодаанд.

Қаблан хабаргузории “Бохтар”, ки вобастаи ҳукумати Толибон аст, сафари намояндаҳои Тоҷикистонро “тағйири рӯйкард” дар қиболи Толибон унвон карда, навишта буд, ки ин ҳайат дар дидор бо мақомҳои гуногуни ҳукумати Толибон дар мавриди ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақаӣ гуфтугӯ мекунанд.

Ин расона ҳадафи ҳайати Душанберо “густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Аморати исломии Афғонистон (Толибон ҳукуматашонро чунин меноманд, – АП)” гуфтааст.

Манбаъ афзудааст, ки гуфтугӯ дар бораи фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе ва вогузории он ба ҳукумати Толибон аз мавзуъҳои дигари ин дидор аст.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.

Дар чанд моҳи гузашта расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд.

Аз ҷумла, чанде пеш расонаҳо аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз гузориш дода буданд. Гуфта мешавад, ин ҳайат бо даъвати Толибон ба Қундуз рафта, бо Мулло Муҳаммадхон, волии Толибон дар ин вилоят дидор кардааст.

Пеш аз ин хабаргузориҳо навишта буданд, ки Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе сафар карда, бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон вохӯрдааст. Ӯ баландтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чор соли ҳукумати ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар кард.

Пештар аз ин, боз ҳам расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки Саймумин Ятимов ба Кобул сафар карда, бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро тасдиқ ё рад накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.