Сафири Афғонистон ба Вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон рафт ва хост, иҷозаи фаъолияти мактаби “Сомониён” тамдид шавад

Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон барои тамдиди фаъолияти ягона мактаби муҳоҷирон ва паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон – “Сомониён” ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рафт. Дар ин бора саҳифаи “Фейсбук”-и Зоҳири Ағбар хабар додааст. Бояд гуфт, ки ин мактаб то моҳи октябри соли 2024 иҷозаи фаъолият дорад. Зоҳири Ағбар масъалаи тамдиди ин даргоҳро дар […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон барои тамдиди фаъолияти ягона мактаби муҳоҷирон ва паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон – “Сомониён” ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рафт.

Дар ин бора саҳифаи “Фейсбук”-и Зоҳири Ағбар хабар додааст.

Бояд гуфт, ки ин мактаб то моҳи октябри соли 2024 иҷозаи фаъолият дорад.

Зоҳири Ағбар масъалаи тамдиди ин даргоҳро дар сӯҳбат бо Ҷамшед Ҷӯразода, муовини якуми вазири маориф матраҳ кардааст. Ба навиштаи саҳифаи “Фейсбук”-и сафири давлати пешини Афғонистон, масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ваъда додаанд, ки дар ин масъала ва дигар пешниҳодҳои сафир бо сафорати Афғонистони пешин ҳамкориҳои лозимиро анҷом хоҳанд дод.

 

ВКХ ё Вазорати маориф. Кӣ масъули тамдиди мактаби “Сомониён” аст?

Аз Вазорати маориф ва илми кишвар вохӯрии Зоҳири Ағбар бо ин вазоратро тасдиқ карда гуфтанд, ҳамаи масъалаҳое, ки дар рафти вохӯрӣ баррасӣ гардид, таклифу пешниҳодҳо буданд.

“Ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кард, ки он чизе, ки сафорати Афғонистон мехоҳад, бо мақоми ваколатдори соҳа, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бояд баррасиву амалӣ кунанд”, – гуфтанд аз Вазорати маориф ва илм дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс”.

Дар ин ниҳод ба сафири давлати пешини Афғонистон гуфтаанд, ки пешниҳодҳои онҳоро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) баррасӣ карда, баъдан ба Вазорати маориф ва илми кишвар мактуб пешниҳод мекунад. 

“Дар сурати розигии ВКХ Вазорати маориф ва илм метавонад, ки доир ба ин масъала корбарӣ кунад”, – изҳор доштанд аз Вазорати маориф.

Аммо аз ВКХ ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ посух доданд, ки масъули ҳалли ин масъала Вазорати маориф ва илм аст.

 

Тақдири норӯшани “Сомониён”

Ҳамакнун моҳи октябри соли равон мӯҳлати иҷозатномаи фаъолияти мактаби афғонистониҳо дар Душанбе ба поён мерасад. Аммо мактаб ба мушкили гирифтани муҷаввизи идомаи фаъолият дучор шудааст.

Муҳаммадтоир Саидзода, директори Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, барои ҳалли ин мушкилӣ онҳо ба сафир пешниҳод кардаанд, ки кори муассиса дар доираи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

“Онҳо ин чизро ҳанӯз қабул накарданд. Барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои таълимии онҳо бояд пурра ба меёърҳои мо мувофиқат кунад. Дар он ҳолат ин мушкилӣ аз байн меравад,”, – гуфта буд Муҳаммадтоир Саидзода.

Аммо ба гуфтаи ӯ, ҷониби сафорат дар ин маврид то ҳол ба мувофиқа нарасидааст.

Директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф яке аз мушкилиҳои дигари мактаби мазкурро ба санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки бояд пешниҳод шаванд, рабт дод.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ менависад, ки Зоир Ағбар гуфтааст, ин мушкилот ҳалшаванда аст.

Мактаби “Сомониён” соли 2001 дар Душанбе таъсис ёфт. Дар ин мактаб то замони қудратро ба даст гирифтани “Толибон”* дар Афғонистон фарзандони муҳоҷирону паноҳандагони ин кишвар таълим мегирифтанд. Худи мактаб бошад, мувофиқи меъёри вазорати маорифи Афғонистон фаъолият мекард. Ҳамчунин, пули иҷораи мактабро ин вазорат пардохт мекард.

Аммо пас аз дубора ба қудрат баргаштани “Толибон” мактаби мазкур ба мушкилоти молиявӣ дучор шуд. Маблағи иҷораи онро Сафорати Амрико дар Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2024 пардохта буд.

Аммо ҳамин моҳ ин мактаб ба далели қарздорӣ аз соҳибмулки бинои қаблии мактаб – Ҷамъияти саҳҳомии “Равғани тоҷик” ба бинои Сафорати Афғонистон кӯчид. То кунун толибилмони ин мактаб дар бинои Сафорати Афғонистон, ки пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар ин кишвар дар тобистони соли 2021 ба таври пурра фаъолият надошт, таҳсили худро идома медиҳанд.

Зоҳир Ағбар қаблан гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон ваъда кардааст, барои мактаб ҷойи мушаххасеро ҷудо мекунанд. Аммо, ба гуфтаи сафир, ин кор вақт мехоҳад.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби мазкур гуфта буд, ки ин мактаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор аст. Зоҳир Ағбар ваъда дода буд, ки қарзи мактаб пеши соҳибмулки қаблӣ ҳал хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.