Дар шаш моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 102 зан ва 30 духтари ноболиғ худкушӣ кардаанд. Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила имрӯз, 1-уми август, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфт, теъдоди занони даст ба худкушизада назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат камтар буда, теъдоди духтарони ноболиғе, ки худкушӣ кардаанд, 6 ҳолат зиёдтар аст.
Ба гуфтаи Маҳбуба Азимова, намояндаи Кумита, аксаран занон бо роҳҳои худро ба об партофтан, ба дор кашидан ва хӯрдани дору худкушӣ мекунанд.
Файзиддинзода ҳамчунин мегӯяд, дар Тоҷикистон занон дар ним сол 792 ҷиноят ва духтарон 10 ҷиноят содир кардаанд. Содиршавии ҷиноят аз сӯи занон дар қиёс ба 6 моҳи соли 2024, 8 ҳолат ва аз тарафи духтарон 2 ҳолат бештар будааст.
Раиси Кумитаи занон афзуд, ки дар ним сол нисбати занон 1 ҳазору 810 ҷиноят ва нисбати духтарон 154 ҷиноят содир шудааст.
Ба қавли раиси Кумита, бо мақсади коҳиш додани ин ҳолатҳо, аз ҷумла, худкушию сӯиқасд ва содир гардидани ҷиноят аз ҷониби занон бо сокинон сӯҳбатҳои инфиродиву вохӯриҳои оммавӣ доир кардаанд.
“Кумита дар ним сол тавасути гардиши “хона ба хона” бо 430 ҳазору 264 оила суҳбати инфиродӣ гузаронида, бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” 3 ҳазору 847 ва бо усули “мактаб ба мактаб” 795 вохӯрӣ гузаронид”, – зикр кард ӯ.
Зӯроварӣ нисбати занон ва мардон
Давоми шаш моҳи соли 2025 дар кишвар 2 ҳазору 121 амали зӯроварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз давраи қиёсӣ 277 ҳолат зиёд аст. Бунафша Файзиддинзода гуфт, аз ҷумла, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 763 амали зӯроварӣ нисбати занон содир шудааст, ки аз шашмоҳаи аввали соли пеш 256 ҳолат бештар аст.
Ӯ афзуд, 251 ҳолати зӯроварӣ нисбати мардон содир шуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳолат камтар аст.
Файзиддинзода сабабу омилҳои зӯровариро нофаҳмии байни зану шавҳар, рашки беасос, дахолати шахсони сеюм ва бемории яке аз ҳамсарон гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳам зуроварии шаҳвонӣ, ҳам зӯроварии ҷисмонӣ ва ҳам иқтисодӣ содир шудааст.
“Нисбати мардон аз ҷониби хешу табори занҳо, аз ҷумла, акаю додару падари зан зӯроварӣ мешавад”, – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Файзиддинзода, ин иттилоъро аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дарёфт кардааст.
Ӯ гуфт, ҳамчунин дар Кумита аз аввали моҳи июл рақамҳои боварии 1313 фаъол кардаанд ва давоми як моҳ 58 шикоят ба Кумита ворид шудааст, ки 9 нафарашон мардон будаанд.
Ба гуфтаи Маҳбуба Азимова, мардон аксаран аз болои зан, келини худ, хешони зан ва модару хешовандони худ шикоят кардаанд.
Акди никоҳ – зиёд, пошхӯрии оилаҳо камтар
Дар ним соли 2025 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 117 никоҳ бекор ва дар пайи ин 3 ҳазору 632 кӯдак зарар дидаанд. Ба гуфтаи Бунафша Файзиддинзода, бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба давраи қиёсии соли пеш 291 адад камтар аст.
Ба иттилои ӯ, дар ин давра дар кишвар 30 ҳазору 356 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 78 адад зиёд аст.
Файзиддинзода гуфт, дар ним соли гузашта 230 ақди никоҳ дар асоси қарори додгоҳ, яъне дар натиҷаи кам кардани синни никоҳӣ сурат гирифтааст, ки 100 адад аз соли пеш камтар будааст.
Инчунин ҳолатҳои ба шавҳар додани духтарони ба синни никоҳ нарасида низ ба қайд гирифта шудааст. Раиси кумита гуфт, дар шаш моҳ 26 ҳолати ба шавҳар додани духтароне, ки ба синни никоҳ нарасидаанд, сабт шудааст, ки 3 ҳолат аз соли пеш камтар аст.
Ба гуфтаи ӯ, падару модар ё шахсони ивазкунандаи онҳо барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида ва бастани созиши никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, бо моддаҳои 168 ва 169-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Раиси кумита муфассал нагуфт, ки ба онҳо чӣ ҷазо татбиқ гардидааст, аммо қонунгузорӣ барои ин амал аз 75 ҳазор то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ то панҷ сол ҷазо пешбинӣ мекунад.
Монеъ шудан ба таҳсилот
Давоми шаш моҳ дар кишвар 271 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз нимсолаи аввали соли қабл 59 ҳолат зиёд аст. Ба гуфтаи Файзиддинзода, “аксари ин нафарон, яъне падару модарон ва ё шахсони ивазкунандаи онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд”.
Бояд гуфт, тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 75 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё корҳои ҳатмӣ аз 180 то 240 соат ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ҷазо барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилот пурзӯр гардид. Пештар аз ин бошад, аз сӯи вакилони парлумони кишвар ба қонун “Дар бораи маориф” тағйирот ворид шуда, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ шуда буд. Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 дигар қатъи таҳсил кунанд.
Ин ҳолат боис гардида буд, ки теъдоде аз хонандагони мактаб, махсусан духтарон пас аз хатми синфи 9 қатъи таҳсил кунанд. Дар баъзе дар манотиқи дурдасти кишвар духтаронро пас аз қатъи таҳсил дар синфи 9 ба шавҳар медоданд, ки боиси интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ гардида буд. Акнун барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилот дар синфҳои 10 ва 11 волидон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
“Шахсони дар ҷомеа барӯманд ҳам ҷиноят содир мекунанд”
Ба иттилоъ Кумитаи кор бо занон ва оила, танҳо оилаҳои осебпазир ҷиноят содир намекунанд. Ба гуфтаи Маҳбуба Азимова, оилаҳои намунавӣ ҳам ҷиноят ва нисбати фарзандону ҳамсарони худ зӯроварӣ мекунанд.
“Имрӯз шахсоне ҳастанд, ки дар назди ҷомеа намунавианд, ҳатто ҳоҷӣ мебошанд, лекин мутаассифона, дар ҳаққи ҳамсару фарзандонашон ончунон рафтори номуносиб мекунанд, ки дигарон дарак надоранд”, – гуфт ӯ.
Ин нукта посух ба суоле буд, ки чаро Кумита нафарони осебпазири ҷомеаро таҳти назорат қарор намедиҳад ва аз ҳолати онҳо огоҳ нест.
Дар Кумита гуфтанд, бо назардошти омиле, ки дар боло ишора гардид, наметавон гуфт, ки танҳо оилаҳои осебпазир ҷиноят содир мекунанд.


